Водии Бартанг дар ҳақиқат минтақаи сеҳрангезу афсонавист. Ин диёр пур аз розҳои ногуфта, саргузашту ривоёти гуфтаву ногуфта дорад. Ҳар як ашёи табиат, ҳар як сангу чашмаҳо, кӯҳпораю пиряхҳо, қалъаву оромгоҳ таърихи бостонии ба худ хоси аҷоибро дорад. Дар ин минтақа баландтарин қуллаҳои Помир, калонтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ, баландтарину зеботарин кӯлҳои олам, олами бой ва беҳамтои наботот ва ҳайвонотест, ки дар байнашон шумораи зиёди намудҳои муқимӣ ва қадима мавҷуданд. Ин мавзеъ яке аз марказҳои бавуҷудоӣ ва паҳншавии бисёр зотҳои гуногуни ҳайвонот ва набототи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, мавзеи аз ҷиҳати экологӣ тозатарин ҳисоб мешавад.
Водии Бартанг
Водии Бартанг бо як қатор хусусиятҳояш аз дигар мавзеъҳои Бадахшону ҷумҳурӣ фарқ мекунад. Пеш аз ҳама – ин минтақабандии амудии наботот ва гуногунии сатҳи замину манзараҳо, тағйирёбӣ, шароити сахти иқлимӣ, душворгузар будани мавзеъҳои алоҳидаи ҳудуд, хавфи зиёди сар задани офтатҳои табиӣ (сел, тарма, ярч ва ғайра) мебошад.
Муҳити водии Бартанг мероси ғании табиӣ ва фарҳангиро нигоҳ медорад, ки ин дар баробари манзараҳои дилрабо ва ба худ хоси диёр, минтақаро боз ҳам хушнамудтар мегардонад. Нигоҳ доштан ва омӯзиши чунин моликияти фарҳангии мардумӣ маънии омӯзиши мубодилаи таҷрибаи бисёрасра ва таъсири байниҳамдигарӣ дар байни фарҳанги мардуми Помир ва халқҳои ҳамсояро дорад
Ҳаёти мардуми Бартанг ҳамеша вазнин ва мураккаб буд. Лекин аксар наслҳои сокинони ин диёр сарвати бебаҳое аз донишу таҷриба андӯхтаанд, ки ин барояшон имконият медиҳад то нисбат ба зиндагонии сахт ва мушкили ин диёр тобу тавон нишон дода, зиндагониашонро аз ҳисоби нигоҳдорӣ ва афзункунии донистакори анъанавӣ пеш баранд.
Номи худро Бартанг аз номи яке аз шохобҳои калонтарини дарёи Панҷ, ки аз байни ин водӣ мегузарад, гирифтааст. Дар ҳудуди водӣ рӯди мазкур номи Бартангро баъди аз кӯли Сарез ҷорӣ шуданаш мегирад. Аз кӯли Сарез боло дарё номи Мурғоб, аз он болотар бошад, номи Оқсуро дорад. Дарозии рӯди Бартанг бо шумули Мурғобу Оқсу 405 км- ро ташкил дода, майдони умумии ҳавзаи мазкур дар маҷмӯъ 32 700 км2 мебошад.
Дар гузаштаи наздик водӣ ҳамчун як ноҳияи алоҳида - ноҳияи Бартанг дар тобеияти ВМКБ арзи вуҷуд дошт. Таърихи таъсисёбии ноҳия ба 27 октябри соли 1932 рост омада, 5 сентябри соли 1953 ноҳияи Бартанг бо ноҳияи Рӯшон якҷо карда шуд.
Аз ҷиҳати вижагиҳои қавмӣ ва забонӣ бартангиҳо гурӯҳи тоҷикони наздипомирӣ мебошанд, ки дар қисматҳои поёнии рӯдхонаи ҳамном зиндагӣ мекунанд. Шумораи онҳо қариб 2000 нафарро ташкил дода, бо лаҳҷаи бартангии гурӯҳи забони шуғнонӣ-рӯшонӣ такаллум менамоянд Дар қисмати болооби дарёи Бартанг, дар ҳудуди деҳаи Рошорв гурӯҳи аҳолие ба сар мебаранд, ки бо лаҳҷаи рошорвии гурӯҳи забони шуғнонӣ-рӯшонӣ гуфтугӯ намуда, бо баъзе хусусияташон аз дигар сокинони водии Бартанг тафовут доранд.
Яке аз мушкилоти ин минтақа мавҷуд набудани роҳҳои дурусти мошингард мебошад. Дар байни мардум ҳукми пандомезе роиҷу равост, ки ин аст; „Бартанг марав, ки роҳи Бартанг хатар аст“. Роҳи ягонае, ки тавассути ин водӣ мегузарад, аз як тараф бо нишебиҳои ростфуромадаи харсангҳои кӯҳӣ ва аз тарафи дигар аз соҳилҳои пурмавҷи дарёи Бартанг мегузарад. Дар мавсими гармои тобистон дар натиҷаи об шудани барфу пиряхҳои кӯҳӣ дарёҳо сероб шуда, дар баробари заминҳои корам роҳро низ шуста мебаранд. Баъди ин боз аз сари нав роҳсозию ободонӣ сар шуда, он то серобӣ ва шустабарии ояндаи дарёи Бартанг идома меёбад.
Мувофиқи ҳисоботи мутахассисон минтақа дорои захираҳои ғании табиӣ ва фарҳангӣ-таърихӣ буда, барои рушди беш аз 60 намуди фаъолияти сайёҳӣ мувофиқ мебошад.
Дар ҳудуди водӣ аз давраҳои қадим иншооте арзи вуҷуд доштанд, ки ба таври анъанавӣ аз тарафи аҳолии маҳаллӣ ҳифз карда мешуданд: мазорҳо (қабрҳои қадимаи ходимони барҷастаи динӣ), ҷойҳои муқаддас, дарахтҳои алоҳида, мавзеъҳои ҷангалӣ, чашмаҳо, обанборҳои на чандон калон, марғзорҳо, макони беҳамтои баромади ҷинсҳои кӯҳӣ ва ғайраҳо.
Яке аз муъҷизаҳои аҷоиби ин макон дарахтони себе ҳисоб мешаванд, ки дар кишлоки Нисур, дар таги кӯли машҳуру афсонавии Сарез, дар баландии 3200 метр аз сатҳи баҳр месабзанд.
Дарахти себи дубаҳра
Ин ду дарахти себ, ки ҳар кадомаш бештар аз сесад сол умр дорад, дар як сол ду маротиба ҳосил медиҳад. Бори аввал дар моҳи июл меваҳо пухта мерасанд ва боз аз сари нав аввалҳои моҳи сентябр гул карда, ғӯра мебанданд. Лекин, аз сабаби ба охир расидани фасли гармӣ, ғӯраҳо норасид мемонанд. Ба ҳар ҳол маротибаи дуюм ҳосил бастани дарахтҳо ҳодисаи нодир барои олимон мебошад.
Қимати ин дарахтон бо чунин мевабандӣ ба охир нарасида, онҳо инчунин дар байни аҳолии маҳаллӣ ҳамчун падидаи муқаддас шинохта мешаванд. Дар суҳбат бо мо яке аз сокинони ин мавзеъ Чароu Яфталиев, ки ин дарахт дар ҳавлиашон мерӯяд, қайд кард, ки меваҳои он аҳамияти шифоӣ доранд, махсусан барои занони безурёт. Ба гуфти ӯ истеъмоли доимии меваҳо дар давоми 10 -15 рӯз, барои заноне, ки аз безурётӣ ранҷ мекашидаанд, муфид буда, баъди ин онҳо соҳиби кӯдак мегарданд. Бо ин мақсад имрӯзҳо бисёр оилаҳо ба ин мавзеъ омада, ба гуфти аҳолии маҳаллӣ қисмати зиёди онҳо баъди бозгашт ба мақсадашон мерасанд. Инчунин ривоят мешавад, ки оилаҳои нав пеш аз хонадоршавӣ ба зиёрати ин ҷой меоянд ва баъди ин онҳо як умр дар фазои ошиқона, хушбахтона умр ба сар мебаранд.
Ба омӯзиши хусусиятҳои биологии ин дарахтони себ аз солҳои 60-уми асри гузашта сар карда, олимони тоҷик ва машҳуртарин пажӯҳишгарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сарукор доштанд, лекин муайян намудани сирру асрорашон то ҳоло ба ягон кас муяссар нагардидааст. Аз навдаю реша, тухм ва дигар қисмҳои рустанӣ қаламчаҳо, тухмҳо гирифта, дар шароити боғи ботаникии Помир ва ҳатто боғи ботаникии дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бурда пайванд менамуданд ва ё ин ки бо усулҳои афзалиятноктарин шинонда парвариш медоданд. Ниҳолҳои парваришӣ реша давонда ба хуби рӯида калон мешуданд, лекин онҳо қобилияти дуюмбора додани ҳосилро надоштанд. 30 сол пеш бо як гурӯҳи эъзом, ки дар ҳайаташон олимони пажӯҳишгоҳҳои гуногуни Русия низ шомил буданд, мо ба ин мавзеъ барои омӯзиши дарахтони аҷоиби ин диёр сафар намуда, хусусияти биологии ин рустанӣ ва аз он ҷумла, ҷамъи анвои зараррасонҳо ва касалиҳои онро омӯхта будем. Эъзоми навбатиамон моҳи августи соли 2015 ба ин мавзеъ рух дод. Таассуроте, ки бардоштем, бисёр ҳам ғамангез буд, зеро аз дарахти аввал дараке намондааст. Дар натиҷаи танқисии сӯзишворӣ ва беназоратии идораҳои дахлдору бемасъулиятии аҳолии маҳаллӣ як бехи дарахт аллакай бурида нобуд карда шудааст. Баъди бонги хатар бардоштани сохторҳои дахлдор дарахти дувум таҳти назорат гирифта шуда, ҳифз мешавад. Дар суҳбат бо мо соҳиби ҳавлӣ арз дошт, ки гирду атрофи дарахтро тозаю обод намуда, ҳамчун маҳсулоти сайёҳӣ барои сайёҳон онро омода ва пешкаш менамояд.
Итминони комил дорам, ки ҳангоми сафари минбаъда ин муъҷизаи табиатро сабзу хурраму беосеб дарёфта, шумораи оилаҳо ва шахсони алоҳидае, ки мушкилоти оилавиашонро аз зиёрати ин ҷойи муқаддас ҳаллу фасл мекунанд, ҳарчи бештар мешунавам.
Aкбар Мамадризохонов,
декани факултети зистшиносии
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев