-Ассалому алайкум. Ӯ як - як бо даст вохӯрӣ карда, идома медиҳад.
-Бачаҳо, кор пухт. Ин бегоҳ кайф мекунем.
- Ҳа, ба хайр,- савол дод Алишер,-чӣ, бандчаи доллар ёфтӣ?
- Не, ҷӯра. Як кенти зӯр доштам, бойбача. Ба наздикӣ бор бурда буд,- гуфт Санҷар ва илова кард,-имрӯз омадааст. Яке дар роҳ вохӯрдам. Ба ҷону ҳолам нагузошта ба тарабхона бурд. Ҳай шиштем-да. То саҳара.
Имрӯз боз даъват кард. Ҳамакаса биёед гуфт. Чӣ гуфтед?
-Гап нест, - гуфт Алишер,- гӯш кун, ту ҳамин ҷӯраҳои серпула аз куҷо меёбӣ?
-Дил ёфтан даркор, ҷӯра, дил! Дил ёбу қанд хӯр, гуфтаанд. Фаҳмидӣ? Хайр, ку хезед. Сару либоси ошхӯриатона пӯшеду тайёр шавед. Баъди як соат меравем.
Бачаҳо бархостанд. Танҳо Акрам ҳамоно нишаста мехонду менавишт.
Санҷар худро болои кӯрпа ба пушт ҳаво дода, ҳуштаккашон яке ба Акрам нигоҳ карда гуфт:
-Ҳе, маълим! Ту ҳам хез охир. Баъд ин навис-нависата мекунӣ. Хез-хез! Акрам нигоҳ карда: «Не ҷӯра, ман бояд тезтар ба деҳа равам, модарам нотоб, ҳамин мавзӯъро рӯбардор мекунаму мехезам, ки шаб нашуда ба хона расам. Насиб бошад ягон вақти дигар...”
-Эее-неки ту ҳам ноз кардӣ-да, аз аввал ҳамин хел ҳастӣ, худро аз ҷашну шабнишиниҳо ва умуман аз бачаҳо дур мегирӣ. Қишлоқ мерафтааст. Гӯё ки мо оча надорем, - гилагузорӣ кард Санҷар ва афзуд. - Дар ду ё се моҳ як бор меравем - да. О ин ҷавонӣ сад сол не ку, даррав мегузарад. Пас ин ҷавониро бо кайфу сафо, дилхушӣ ва орзуҳои ширин бояд гузаронд. Ин лаҳзаҳои ғанимат зудгузаранд. Хез, боз чӣ гӯям, худат кӯдак нестӣ-ку...
– Медонам, -гуфт Акрм,- медонам, ки ҷавонӣ зудгузарасту умр кӯтоҳ, аммо мо бояд ончунон онро гузаронем, ки баъд пушаймон нашавем. Охир модарон нури хонадони моянд. Тасаввур кун, ки ҳар лаҳзаву соат чашм ба роҳи фарзандонанд. Баъд ба имтиҳонҳо тайёр шудан даркор. Аз ин нишастанҳо ҳеҷ фоида нест...
–Худат медонӣ, домулло, мо меравем, - аз ҷо хест, - баъде, ки нақл кардем, афсӯс нахӯр, ки набудӣ, - гуфт Санҷар.
Онҳо баромада рафтанд. Бегоҳ. Ҳаво каме майл ба торикӣ карда, шамолаки фораме маҳин вазида баргҳои дарахтони деҳаро алвонҷ медод. Парандагон бо тамоми овоз болои дарахти чанори калони назди хонаи Акрамшон нишаста нағмасароӣ доштанд. Одамон аз ҳар тараф ба ҳар сӯ мерафтанд ва паи коре шитобанда буданд.
Кампири Моҳсафар назди чашмаи канори чанор истода, мунтазири обгирӣ буд ва ҳар замон як ба роҳи калон назар карда, омадани касеро мунтазир меистод. Дигар занҳо ончунон машғули обгирӣ ва чақ-чақ буданд, ки касе ба кампир аҳамият намедод.
-Ин бача имрӯз наомад, - худ ба худ аз дил мегузаронд кампир, -гуфта буд меоям. Мабодо ягон воқеа шуда бошад. Ҳар ҳафта бегоҳ нашуда мерасид. Кампир оҳиста дарро кушода бо сатилҳои пури об дохил шуд. Рӯз ба шом печид. Ӯ ба наберагон хӯроки бегоҳӣ дода ба келинаш, яъне зани бародари Акрам Заррина фармуд, ки ҳоло ғизоро накашад, Кампир ҳанӯзам мунтазири омадани фарзанди азизаш буд. Аз гулӯи ӯ бе фарзанд хӯрок чӣ, ҳатто об ҳам намегузашт...
Акрам ба деҳа дертар расид. Модар аз дидани фарзанди азизу кенҷагиаш як рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дарди чандрӯзаро фаромӯш кард. Онҳо хӯроки шом хурданд..
-Шукр, ки омадӣ,-гуфт меҳрубонона модар, -чанд рӯз аст таги дилам сиёҳӣ меовард. Худоро сад бор шукр. Илоҳо ба хайр бошад...
Субҳи зебову атрогини деҳа. Хониши булбулон ва шир-шири оби чашмаи паси хона Акрамро аз хоб бедор намуд. Кампир гӯшаи ҳавлӣ машғули дӯғкашӣ буд. Янгааш ҳавлӣ мерӯфт.
Ӯ бо оби чашма дасту рӯ шуста, рӯи кати байни ҳавлиашон омада нишаст. Модараш дӯғро кашида як коса маскаи тозаву тарро оварда пеши фарзандаш гузошту янгааш косаи ширчойро. Акрам нонро ба косаи ширчой реза карда, то омодаи хӯрдан шудан, як хеста телефонашро, ки бегоҳ куҷое партофта буд ёфта, ба кор даровард. Акнун “ бисмиллоҳ” гуфта, ба косаи ширчой даст дароз карда буд, ки як- як паси ҳам 10 бор паёмак омад.
Ӯ телефонро гирифта дид, ки ҳамкурсаш Нодир занг задааст. Ҳайрон шуд. Чаро дар нимашабӣ занг зада бошад? Кофта паёмаки охирро хонд, ки чунин навишта буд.
-Салом Акрам, занг задам, телефонат хомӯш буд. Гӯш кун, ба ту хабари нохуш дорам. Имшаб соати 3, баъди аз тарабхона баргаштан, мошини ҳамкурсҳоямон, ки маст будаву бо суръати баланд меомадаанд, чаппа шудаву онҳо ҳамагӣ гузаштаанд. Хабарро, ки хондӣ, зуд биё.
Акрам як суст шуду оҳиста қошуқро ба ҷояш монду бо меҳр ва чашмони пури ашк ба модараш назар андохт...
Насим Шоев