То аввалҳои асри 20 афзоиши аҳолӣ на он қадар зиёд ба қайд гирифта шуда буд. Масалан аз соли 1500 то соли 1800 теъдоди одамон дар Кураи Замин аз 500 миллион ба 980 миллион баробар гардид. Афзоиши одамон аз оғози инқилоби иттилоотӣ ба қайд гирифта шуд. Дар соли 1900 сокинони замин ба 1,6 миллиард расида, ин шумора дар соли 1960-ум 3 миллиардро ташкил менамуд. Ҳамин гуна, аз се ду ҳиссаи аҳолии Замин дар асри 20 якбора вусъат ёфт. Аммо охирҳои асри 20 зиёдшавии аҳолӣ суст шуда, ин тамоюл то имрӯз мушоҳида мешавад. Феълан дар замин тақрибан 7,5 миллиард нафар ба сар мебаранд. Ҷараёни тағйирёбии аҳолӣ дар ҳар кишвар гуногун сурат мегирад. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, ИМА ва дигар кишварҳои қораи Африқо афзоиши хамасолаи аҳолӣ арзиши мусбат дошта, аз нишондоди 0,5 фоиз то 3 фоиз боло меравад. Дар Федератсияи Россия аз соли 2012-ум инҷониб афзоишёбии аҳолӣ пайи ҳам боло меравад. Масалан дар Ҷопон Олмон зиёдшавии аҳолӣ дар соли 2012 баръакс коҳиш ёфт. Мутахассисон пешгӯӣ мекунанд, ки миқдори одамон дар рӯи Замин то соли 2050 ба 9,2 миллиард хоҳад расид. Феълан таносуби 101 мард ба 100 зан муайян карда мешавад. Баъди ин нишондод муайян кардаанд, ки дар рӯи Замин 3,7 миллиард зан умр ба сар мебаранд. Дар байни тавлидшудагон ҳиссаи зиёдтари навзодон аз ҷинси мард ба шумор мераванд. Аммо занон нисбат ба мардон бештар умр ба сар мебаранд. Аз ин бармеояд, ки дар байни солхӯрдагон занон бештар ба назар мерасанд. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки кишвари сераҳолӣ ҳисоб меёфт, бо сабаби асосҳои миллӣ, писарон ҳамеша бартарӣ доштаанд, ки ин сабаби зиёд шудани ҷинси мард дар аҳолӣ гардид. Ҳоло дар Хитой, ки миқдори аҳолиаш ба 1,5 миллиард нафар мерасад, мардҳо нисбат ба занон 7,9 миллион зиёдтар ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар Аморати Муттаҳидаи Араб занон танҳо аз се як ҳиссаи аҳолиро ташкил мекунанд. Дар Федератсияи Россия бошад, ба 100 зан 87 мард рост меояд.
Мадина