06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ПАРВОЗИ 57 ЗАН БА КАЙҲОН

Ӯ соли 1983 ва 1984-ум парвоз намуда чордаҳ шабонарӯзро ба таҳқиқи кайҳон сарф кардааст. Соли 2012 Райд аз бемории саратони ғадуди зери меъда мефавтад. Чорумин зани кайҳоннавард дар ҷаҳон шаҳрванди ИМА Ҷудит Резник мебошад, ки ба воситаи киштии кайҳонии «Дискавери» парвоз намудааст. Баъд аз парвози дуюм Ҷудит ба замин барнагашта, ҳамроҳи шаш нафар ҳайати киштӣ 28 январи соли 1986 бар асари суқути садамаи киштии кайҳонии «Челленҷер» ба ҳалокат расид. Панҷумин зани кайҳоннавард Кэтрин Дуайер Салливен аввалин амрикоизане ба шумор меравад, ки ба фазои кушод баромадааст. Шашумин зани кайҳонпаймо Анна Ли Фишер, ки соли 1984 –ум ба кайҳон парвоз кардааст, мебошад. Аввалин зан аз Британияи Кабир ва шонздаҳумин зани кайҳоннавард Хелен Патритсия Шарман дониста шудааст. Соли 1991 парвози кайҳониашро анҷом додааст. Соли 2011 бо фармони президенти Федератсияи Россия «Барои дастовардҳо дар иктишофи фазо» бо нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шуд. Бистумин зани кайҳоннаварди амрикоӣ Нэнси Ҷен Хелмс буда, аввалин нафаре ба шумор меравад, ки соли 1992 –ум ҳамроҳи шавҳараш ба кайҳон паридааст. Бистудуюмин зани кайҳоннавард шаҳрванди амрикоӣ Сӯзан Ҷейнс Хелмс буда, соли 2001 бо ҳамроҳии Ҷеймс Восс рекорди ҷаҳониро гузошта, дар фазои кушод ҳашт соату 56 дақиқа мондаанд. Амрикоизан Айлин Мари Коллинз нахустин зан дар таърих ба шумор меравад, ки сарнишини киштии кайҳонӣ гардида, дар рӯйихати кайҳоннавардзанон дар ҷойи 28 қарор гирифтааст. Калпана Чавла аввалин зан аз кишвари Ҳиндустон аст, ки сивучорумин зани кайҳоннавард, унвон мешавад. Калпана Чавла дар Ҳиндустон таваллуд шуда, ба воя расидааст. Соли 1982 ба Амрико кӯчида, пас аз ҳашт сол шаҳрвандии амрикоиро ба даст меорад. Аввалин парвози ӯ соли 1997 бомуваффақият анҷом ёфта, соли 2003 ҳангоми аз кайҳон баргаштан киштии кайҳонии онҳо дар қаламрави Техас ба фоҷиа рӯ ба рӯ гашт. Дар натиҷа ҳафт нафар ҳайати киштӣ, бо шумули Калпана Чавла ба ҳалокат расид. Ҳамагӣ то 16 июни соли 2013 панҷову ҳафт зани кайҳоннавард тавассути киштиҳои гуногун озими фазо шудаанд, ки то бад-ин сӯ ҳафт тан аз онҳо дар пайи иттифоқоти гуногун фавтидаанд. Чор танашон дар садамаҳои киштиҳои кайҳонӣ ва ду тани дигар аз беморӣ дунёи рӯшанро падруд гуфтаанд.

 

Мадина

 

:.  Аз ҳар боб 18.04.2016 05:08 2468

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz