– Бобоям, ки Мирзозокир номаш мебурдаанд, аз дороии дунё ба ҷуз як осиёбу ҷувоз ва ҷуфти гову асп молу ҳоли дигаре надошт. Ризқу рӯзии хонаводаро аз пушти осиёбу ҷувозкашӣ пайдо мекард. Азбаски дар наздикии дамгаҳи дарёчаи русто асосан сарватмандони деҳа замину ҳавлӣ доштанд, бо баҳонаи он ки аз банд андохтани маҷрои ҷӯй ҳотаҳояшон зери об мемонад, барои осиёбу ҷувозашро гардон кардани бобои Мирзозокир монеъ мешудаанд. Дорандаҳои деҳа ҳамин буду дошти ӯро дидан нахостаанд. Рӯз аз рӯз зиндагии бобоям тангтар гардида, аз сангандозиву фишороварии дороёни деҳа тоқаташ тоқ шуда, зодгоҳашро як субҳи содиқ тарк гуфтааст. Ҳамин тавр, модарам бо хоҳараш нони сағирагӣ хӯрда, калон мешаванд. То дами марг бибиям гирду ванои осиёбро ҳар субҳ рӯбучин намуда, интизори омадани шавҳар роҳ мепоид…
Аз ин миён тахминан 200 сол сипарӣ мешавад, вале то ҳанӯз бобои Исмоил ба куҷо рафтану маскун шудани бобокалонашро намедонад. Дар ҳар маъракае нишинад, сухан аз бобои Мирзозокираш мекунад, аммо нишоне аз ӯ намеёбад. Аз бисоти меросии бобокалонаш ҳамин осиёб боқӣ мондаю бас.
Исмоил Саидов 87 сол дорад. Умраш дар роҳсозӣ гузаштааст. Баъди нафақа хост, ки ҳамин осиёбро гардон кунад ва ба ин васила ҳоҷати мардуми корафтодаро барорад ва ҳам барои аҳли хонавода рӯзӣ пайдо намояд.
Соли 1996 буд. Мардуми деҳоти гирду атроф гандуми посира доштанд, ба осиёб ниёзманд буданд. Андешаи гардон кардани осиёби авлодӣ бобои Исмоилро ором намегузошт. Вале чӣ тавр бояд онро ба кор андозад? Зеро ба ҷуз як санги осиёб ва биночаи бомаш фурӯрафта дигар чизе боқӣ намонда буд. Ва боз муаммои дигаре дар сараш чарх мезад. Яъне, мабодо рӯзи бобояш ба сари ӯ ҳам наояд? Охир, дар дамгаҳи оби дарёча боз ҳам зистгоҳи баландошёнае барҷост. Вале таваккул карду озмуд.
– Воқеан, барои гардон кардани осиёб мушкил дорем, зеро аз обро тамба кардан шояд хонаҳои ҳамсояҳо зарар мебинанд, ки аз гардон шудани осиёб норозигӣ менамоянд. Муносибати ҳамсоягӣ вайрон нашавад, гуфта, наметавонем ҳоҷати корафтодагонро барорем. Бовар кунед, ҳатто аз шаҳри Душанбе мизоҷон бо зораю тавалло меоянд, ки барояшон гандумро орд кунем, мутаассифона, ҳоҷаташонро на ҳар вақт бароварда метавонем. Дар осиёби сангӣ шираи гандум намесӯзад. Шираи гандум дар буняи одам холестиринро муътадил нигоҳ медорад, аз ин рӯ, нафарони гирифтори бемории қанд асосан аз нони сиёҳ истеъмол мекунанд. Орди гандумии дар осиёби сангӣ омодашуда чун маводи парҳезӣ ба саломатии инсон муфид аст, –мегӯяд ӯ.
Асои пир, ба ҷои пир
Бобои Исмоилро дар ин кор наберааш Мубина ёрирасон аст. Вай дар синфи нуҳуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и шаҳри Ҳисор мехонад. Ӯ осиёббониро касби мушкил намедонад. Дар ин пеша, ба иқрори ӯ, нозири зираку зӯр бояд буд, чаро ки ба бӯйи каме бетаваҷҷуҳӣ шираи гандум месӯзад ва дархӯри мизоҷ нахоҳад буд.
– Бобоям мегӯянд, ки чархидани санги осиёб хотираҳои гузаштаашро зинда мекунад. Вале ман эҳсос менамоям, ки нақшаҳои ояндаам зери санги осиёб суфта мешаванду маро барои муваффақ шудан дар зиндагӣ далолат мекунанд. Осиёббонӣ ҳунарест аз гузаштагонам, ки ба хотири эҳё намудани он ва пос доштани рӯҳи ниёгон анҷомаш медиҳем. Солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ва мардуми кишвар ба ҳунарҳои қадима ва эҳёи онҳо афзудааст. Ин иқдом хеле хуб аст ва онҳоеро, ки дар амалӣ сохтани ин аҳдоф машғуланд, ба ёрӣ ниёзманданд, то дар ин ҷода муваффақ шаванд, – мегӯяд Мубина Саидова.
Ӯ ҳанӯз хурдсол буд, ки дар осиёббонӣ бобояшро ҳамроҳӣ мекард. Нозукиҳои пешаро меомӯхт. Имрӯз ин духтараки рустоиро аҳли деҳаи Меҳргон ва атрофи он бо ҳамин шуғлаш мешиносанд. Ва вохӯрии мо низ бо Мубина тасодуфӣ набуд. Чанд моҳе пештар дар бораи Мубина чунин як саргузаштро шунида будам. Корафтодае ба хонаи бобои Исмоил барои орд кардани гандум меояд. Қабл аз мошин поин кардани халтаи гандум, аз марди хона мепурсад, ки осиёб гардон аст ё на? Чун ҷавоби хайр шунид, барои фаровардани халтаи гандум аз дарвоза берун шудан хост. Вале дид, ки Мубина халтаи гандуми корафтодаро аллакай ба назди осиёб бурдааст. Бобои Исмоил мегӯяд: „Соате пас биё, ордатро бар. Ҳамин духтар тайёр карда мемонад“. Корафтода чизе намегӯяд, аз дарвоза берун мешавад.
Аммо тасмими охири Мубина дар интихоби касб осиёббонӣ нест. Нияту умедҳои зиёде дар дилаш нуҳуфтаанд, ки баҳри бароварда карданашон саъю талош меварзад. Ӯ ҳамчунин дар мактаб яке аз хонандагони фаъол аст ва ба забономӯзӣ шавқу завқи беандоза дорад.
– Боре аз Душанбе ба синфамон писараке бо номи Муҳаммад меҳмон шуд. Ӯ бо забони хитоӣ, англисӣ ва русӣ озод ҳарф мезад. Забондонии Муҳаммад ҳамаи моро мафтун кард. Баъди ин тасмим гирифтам, то ин забонҳоро омӯзам. Дар оянда орзуи шомил шудан ба Донишкадаи забонҳои Тоҷикистонро дорам. Бо ин мақсад баъди дарсҳо муаллимаи забони англисӣ Мунира Заргарова бароям иловатан англисиро меомӯзонад. Осиёббонӣ шуғли дӯстдоштаи ман аст, зеро орзуҳои ширинам дар ҳамин кулбаҳаки фарсудаи назарногир тавлид шудаанд ва, агар имкон даст диҳаду шаҳрӣ шавам, ҳеҷ гоҳ осиёббониро тарк нахоҳам кард, –таъкид медорад Мубина Саидова.
Қутбияи Неъматулло