06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

СУМАНАК

 

Оид ба хосиятҳои давоии суманак олимон аз замонҳои хеле қадим маълумот додаанд. Организм дар оғози баҳор аз норасоии витамин ва микроэлементҳо (авитаминоз), ки дар давраи зимистон ба вуҷуд омадааст, азият мекашад. Ва сабаби дастархони наврӯзиро оро додани суманак низ маҳз дар ҷуброн кардани ҳамин талафоти организм аст.

Олимон дар таркиби майсаи гандум 18 аминокислота, витаминҳо (В1, В2, В3, В5, В6, РР, Е, F), микроэлементҳо ва моддаҳои минералӣ (фосфор, калий, магний, сулфур, калсий, хлор, натрий, манган, руҳ, молибден ва ғайра)-ропайдо кардаанд, ки барои организм ниҳоят зарур мебошанд. Дар таркиби майсаи гандум ҳамчунин витамини С, клетчатка, гемотселлюлоза ва пектинҳо вуҷуд доранд, ки коҳиши онҳо дар организм боиси ихтилоли фаъолияти аъзои гувориш (ҳозима) мегардад. Клетчаткае, ки дар таркиби суманак мавҷуд аст, барои зуд ва пурра ҳазм гаштани ғизо кӯмак мерасонад. Пектинҳо ба микрофлораи рӯда таъсир расонда, токсинҳо, холестерин ва кислотаҳои талхаро аз организм хориҷ мекунанд. Бинобар ин, онҳо барои муолиҷаи дисбактериоз, атеросклероз ва бемории санги талхадон аҳамияти калон доранд.

Истеъмоли суманак барои рафъи фарбеҳӣ ва пешгирии диабети қанд низ муҳим аст. Дар сурати мунтазам истифода намудани суманак иммунитет тақвият ёфта, организм ба таъсироти бемориҳо тобовар мегардад, мубодилаи моддаҳо ба низом омада, фаъолияти дилу рагҳо, силсилаи устухон, асаб, аъзои таносул ва ғадуди сипаршакл беҳтар мешавад. Ба бемориҳои экзема ва реши меъда шифо мебахшад, босираро қавӣ ва сабзиши мӯйро барқарор менамояд, хунро тоза карда, ба ҳосил шудани гемоглобин кӯмак мерасонад, авитаминоз, камхунӣ ва пирии бармаҳалро пешгирӣ мекунад. Олимон дар чунин ақидаанд, ки ба вояи ғизо ворид намудани суманак баҳри пешгирии амрози саратонӣ, фурӯ нишондани ғалаёни хун, аз организм баровардани холестерин, ҷилавгирии хурӯҷи бемориҳои дил нафъи зиёд дорад. Даври муолиҷа бо суманак 1,5 — 2 моҳ (соле 1 — 2 маротиба: тирамоҳу зимистон) аст.

Суманак ё сумалак (сималак), ғизои наврӯзӣ аст. Барои пухтани суманак гандумро тоза карда, дар оби хунук мешӯянд ва сипас дар зарфе се рӯз тар карда, нигоҳ медоранд. Баъди неш задани гандум онро ба ғафсии 1 — 1,5 см ба рӯи тахтаи тоза рехта, дар ҷои соя мегузоранд ва то сабзидан ҳар пагоҳӣ об мепошанд. Баъди сабзидани гандум (тақрибан баъди 3 — 4 рӯз) сабза (майса)-и онро қима мекунанд ё дар ҳован мекӯбанд ва аз болояш об рехта, се маротиба аз дока фишурда, шираашро мегиранд. Баъд дар зарфҳои алоҳида нигоҳ медоранд. Равғани пахтаро доғ карда, хунук мекунанд. Ба он орд, шираи сабзаи гандум рехта, омехта мекунанд ва дар оташи баланд меҷӯшонанд. Сипас шираи дуюм ва сеюмро рехта, пухтанро давом медиҳанд. Суманакро дар оташи баланд 10 — 12 соат мепазанд ва барои насӯхтани таги он ба дег 15 — 20 дона чормағз ё сангча андохта, бо кафгир мунтазам мекобанд. Баъди пухтан, оташи таги дегро хомӯш карда, онро мӯҳлати 2 — 3 соат дам медиҳанд. Тарзи дигари тайёр кардани суманак низ мавҷуд аст: ба хамир, ба ҷои об шираи гандум ҳамроҳ карда, дар таги хокистари оташдон ё дар тобасанг мепазанд ва онро суманаки танӯрӣ мегӯянд.

Гулноз

 

:.  Аз ҳар боб 29.03.2016 06:10 5153

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz