06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДИЛРЕЗАҲО

 

***

Ошиқӣ ба худ, хиёнат ба дигарон аст.

***

Муҳаббат он аст, ки ниёзҳои тарафайн бароварда шавад.

***

Ишқ ифтихор аст, ошиқӣ сарбаландӣ.

***

Қаҳри ту сахттар аз қаҳри ман аст, ки ба хобам ҳам намеоӣ?..

***

Бистари аз ишқ холиямро хобҳои бо ту будан пур мекунад. Қалби лабрези ишқамро холигаҳи нигоҳат тиҳӣ медорад.

***

Ишқ гуфтану шунидани розу ниёз, яъне пур шудану дилпурона холӣ шудан пеши ҳам аст.

***

Худовандо, агар ба нафрат мубаддал гаштани муҳаббат ин дараҷа осон буд, чаро чунин тӯлонӣ ранҷам додӣ?

***

Айби ту нест, ки фиребам додӣ. Гуноҳи ман аст, ки бовар кардам.

***

Боре дӯст надоштаву ҳамеша «ошиқ» буд, ошиқи худаш.

***

Гуфтӣ: «Маҷбурам макун, ки дурӯғ бигӯям». Худовандо, инро касе мегӯяд, ки боре ҳам рост нагуфтааст!

***

Қалби умре аз ишқ ҳифз кардаву дар колбаде аз тарси фиреб хӯрдан зиндониямро замоне сар додам, ки дигар харидоре надошт.

***

Чаро ин ҳарфи дар дили ман нафратзо, ин қадар дер садо дод?

***

Дили аз содиқтарин ошиқон ҳифз кардаамро ба фосиқтарин мунофиқ бохтаву ҳарду дунёи онро сӯхтам.

***

Моли ҳаром бақо надорад. Ишқи дурӯғин ҳам бебақову бебаракат аст.

***

Чӣ гуна ба ёдат набошам, ки пайки ишқат ба дунёи тори дилам рӯшаноиву сурур меорад?

***

Сад бор туро ба дил мекушаму сад бор худ мемирам, вале ишқи ту зиндатар мешаваду зиндатар.

***

Ба худ мегӯям: «Дӯсташ намедорам», бовар намекунам. Ба ту мегӯям: «Дӯстат медорам», бовар намекунӣ…

***

Худовандо, ёдамро дар тафаккури аз ишқ тиҳияш бичархон, то чун ман дар олами ишқ чархида сӯхтан биёмӯзад.

***

Ман аз худ гузаштам барои ӯ. Ӯ аз ман рафт барои ӯ. Ман аз ӯ рафтам барои ту. Ту аз ман рафтӣ барои ӯ. Инак, ман аз ҳама меравам барои кӣ?..

***

Марвориди ёди ман дар садафи ғурури нозарурам пинҳон аст ва ё аз зарбаи номардиҳои ту шикаста? Ё ғаввосе аз ман чолоктар онро ба яғмо бурда?

***

Мегӯянд, ки занҳо ошиқ мешаванду мардҳо дӯст медоранд. Ман ошиқи дӯстдориҳои туям, эй мард.

***

Ишқ аст боиси ширинтарин хандаву талхтарин гиряи мо.

***

Туро ба ҷурми хиёнатат ба ишқ, дигар танҳо дар хотираи кинаам нигаҳ хоҳам дошт.

Ҳ. Юсуфӣ

:.  Аз ҳар боб 18.03.2016 11:23 1982

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz