Киҳо аз хоб барвақттар мехезанд?
Дар Африқои Љанубӣ асосан аҳолиаш соати 6 бо дамидани субҳ аз хоб бедор мешаванд. Дар аксар деҳистони қораи Африқа, ки ҳанӯз бо қувваи барқ таъмин нестанд, субҳ бо аввалин фарёди хурӯс аз хоб мехезанд. Ва дар ин миён метавон мардуми Осиёи Миёнаро низ ном бурд, зеро хусусан аҳолии деҳоти кишварҳои Тољикистон ва мамолики ҳамљавори мо низ аз рӯи ин аломат саҳар аз хоб мехезанд. Шояд ҳатто барвақттар, соати 5-и субҳ.
Бояд инсон чанд соат хоб кунад?
Воқеан, баъзан аз ҳамсуҳбатонамон мешунавем, ки мегӯянд: «Шаби дароз хоб кардам, вале гӯё аз хоб сер нашуда бошам, ки хеле хастаам». Ё баръакс: «Хоби дуруст накардаам, барои ҳамин шалпару пакар ҳастам». Пас инсон бояд чанд соат хоб кунад, ки аз ин мушкилоти рӯҳӣ наљот ёбад?
Олимон собит кардаанд, ки хоб меъёри муайяни худро дорад. Инсон бояд 8 соат хоб кунад. Аммо барои баъзеҳо ин меъёр бегона аст. Яъне, нафароне ҳастанд, ки дар давоми 5 соат аз хоб сер мешаванд, вале бархеи дигар дар 10 соат хумори хобашон намешиканад. Аз ин лиҳоз, олимон бо эътино ба солмандӣ меъёри хобро муаяйн кардаанд ва ба хулосае омадаанд, ки зиёдаравӣ дар ин масъала ба саломатии инсон зарар дорад. Дар навбати худ аз бехобӣ низ ба бемориҳои зиёди равонӣ метавон гирифтор шуд. Масалан, кӯдакони навзоди то 1-сола аз рӯи меъёр 17-18 соат хоб мекунанд, аз сини 18-сола боло, 7-9 соат.
Ба иқрори олимон чанд соат пеш аз хоб истифода кардани техникаи ҳозиразамон, аз қабили смартфон, планшет, компутар одамро ба бехобӣ ва ё бедорхобӣ оварда мерасонад. Онҳое, ки пеш аз хоб барои дарёфту мутолиаи навгониҳо истифода аз Интернет мекунанд, дар љойгаҳ нороҳатанд, нисбати нафароне, ки қабл аз хобравӣ китоб қироат мекунанд.
Кай метавонем, ки хоби бароҳат равем?
Орзуи хоби роҳатро ҳама доранд. Махсусан, модароне, ки кӯдакони хурдсолро парвариш мекунанд, одамони эљодкор, нафаронеро, ки зарурати барвақт ба љои кор ҳозир шуданро доранд, дар орзуи фароғату хобанд. Ҳама медонанд, ки меъёри хоб 7-8 соат аст, вале чуноне ки гуфтем, бо сабабҳои гуногун онҳо наметавонанд, аз хоб «сер» кунанд. Чӣ бояд кард, вақте ки инсон имкони дар вақташ хоб рафтану аз меъёри он истифода бурданро надошта бошад? Қаҳва нӯшад? Не! Охир, аз зарари нӯшокиҳо ҳама огаҳӣ дорем. Бояд аз саломатии худ андешид, зеро супоришҳои корӣ аз ду сар ҳал мешаванд. Яъне, новобаста аз он ки шаб аст ё рӯз вақт ёфта, каме хоб кардан лозим. Лоақал хоби 20-30 дақиқаинаи рӯзона метавонад хастагии касро рафъ созад.
Бо ду истакон об мумкин аст, ки љойи ду истакон қаҳваро иваз намуд. Духтурон собит кардаанд, ки субҳ бо нӯшидани оби љӯшондаи сардшуда тартиби кори бофтаҳои буняи инсон ба танзим медароянд. Вақте бунёни шумо пурра аз об таъмин нест, беҳтараш нӯшидани қаҳваро коҳиш диҳед, чунки он баръакс, шуморо камҳаракат мекунад.
Агар хоҳед, ки аз таъсири бӯи форами қаҳва табъатон хуш шавад, зарур нест, ки қаҳва нӯшед. Мумкин аст, ки аз шамидани бӯи муаттару дилкашаш асабҳоро ором созед ва табъи хешро болида гардонед.
Хулоса, дар мавриди зарару манфиати хоб таҳқиқот зиёд аст, вале натиљаҳои љиҳати манфии хоб бештар аз он. Пайдоиши бемории фарбеҳӣ, барабас рафтани нимаи зиёди умри инсон ба хоб ва ғайра аз ин шумор мебошанд.