06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МОДАРОНИ ҶАВОН

Мутахассисон ба навзодони ширмак додани ягон намуди нӯшокаро тавсия намедиҳанд. Яъне додани чой, об ва ё шарбат ба кӯдакони ширмак мумкин нест. Шири модар 88 фоиз оби ба организми кӯдак заруриро таъмин менамояд. Нӯшобаро ба кӯдаконе тавсия медиҳанд, ки ғизои сунъӣ истифода мекунанд.

Пас аз чандмоҳагӣ ба кӯдак чой ё об дода шавад? Ба андешаи табибон истеъмоли чой ё об ба кӯдакон танҳо аз синни яксолагӣ тавсия дода мешавад. Умуман чой дар организми кӯдак ҷаббиши оҳанро мушкил мегардонад. Аслан табибони кӯдакона маслиҳат медиҳанд, ки ба кӯдакон танҳо оби ҷӯшонидашудаи ҳарораташ мӯътадил нӯшонида шавад. Хусусан, дар фасли тобистон кӯдак ба нӯшидани об талаботи бештар пайдо мекунад. Оби ҷӯшонидашударо байни фосилаи ширмакконӣ 1-2 қошуқча медиҳанд. Дар як шабонарӯз кӯдак 50 то 100 миллилитр об бояд истеъмол кунад. Обе, ки ба кӯдакатон медиҳед, бояд ҳатман тоза ҷӯшонида шавад. Оби ҷӯшонидашударо метавонед нимширин кунед.

Мутахассисон аз семоҳагӣ ба кӯдакон додани афшураи меваҷот ва пюреи на он қадар ғафси меваҷотро тавсия медиҳанд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки истеъмоли нӯшобаи хуч (шиповник) бо меъёри кам, аввал аз 2-3 қатра ба саломатии кӯдак фоиданок аст. Бояд гуфт, ки афшураи олуча, анор ва гелос хусусияти сахткунии даруни кӯдакро доранд. Аз ин лиҳоз, афшураи ин меваҳоро ба кӯдаконе, ки дарунрав ҳастанд бидиҳед манфиатбахш аст. Ба кӯдаконе, ки шикамашон сахт аст, афшураи лаблабу ва карамро тавсия медиҳанд. Бо он сабаб, ки дар таркиби ангур қанд зиёд асту дар меъдаи кӯдаки ширмак  туршшавӣ ба амал меояд, ба кӯдакони ширмак додани афшураи ангур манъ аст. Ҳамчунин, барои кӯдакони ширмак оби сабзӣ манфиатбахш аст, ки он аз провитамини «а» (каратин) бой аст. Аммо эҳтиёт шавед, ки истеъмоли аз ҳад зиёди оби сабзӣ ба зардшавии ранги пӯсти кӯдак оварда мерасонад ва боиси пайдо шудани ҳассосият (аллергия) ҳам шуданаш мумкин аст.

 

Гулноз

 

:.  Аз ҳар боб 28.01.2016 09:25 2545

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz