Ба гуфти худаш «ҳар кас дардашро худаш медонистаасту дил суфрае нест кушоиву мардум бинанд, ки чи алам он ҷо нуҳуфтааст». Субҳе занро чун ҳарвақта шитобон дидам. Пас аз аҳволпурсӣ аз дасти фарзанди ман гирифту «тезтар роҳ гард, барои кори очат дер шуд»,- гӯён роҳро идома дод. Ман аз пас мерафтам. То он ки духтарчаамро ба гурӯҳи худаш барам, ӯ фарзанди калониамро ба гурӯҳи худаш бурдааст. Ҳамроҳ аз боғча баромадем.
- Бачаатон дӯстрӯяку дидадаро, боодоб. Тарбияи хуб кардаед, - суханро оғоз кардам ман, чун медонистам, ки дар гурӯҳашон Юсуф аз бачаҳои фаъолу хушрафтор аст.
- Кӯшиш мекунам, бояд дар оянда инсони хуб шавад, то назди додару янга забонкӯтоҳ набошам. Бузург кардани фарзанди кас осон нест, - гӯён оҳ кашид зан.
Аз ин иқрор, ки интизорӣ надоштам, хомӯш мондам. Зан каме мулоҳиза карду ба нақл оғоз кард:
- Ман Ситора ҳастам. Як духтари одии деҳотӣ, ки барои хондан ба Душанбе омадаам. Факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаму соҳиби ҷойи кори хуб гардидам. Солҳо аз пайи давдаву кор гузашт. Дигар ба деҳа барнагаштам. Инак, 28 сол мешавад ба ҳайси иқтисодчӣ дар шуъбаи молия фаъолият дорам. Хона надорам, шавҳару фарзанд ҳам. Аз хушбахтиҳои зиндагӣ чизе насибам нагаштааст. Дарк кардам, ки беҳтарин неъмат барои инсон фарзанд будааст. Ба хотири фарзанд дар 45- солагӣ бо марде издивоҷ кардам. Ҳамагӣ панҷ моҳ зиндагӣ кардем. Бемор шудам. Рӯз аз рӯз беҳолу бемадортар мешудам. Барои ташхис ба назди табибон рафтам. Духтурон пас аз ташхис гуфтанд, ки гирифтори «гепатити – В» шудаам. Осмон ба назарам сиёҳ шуд. Аз куҷо дард ба ман «часпид», намедонам. Дасту диламро аз ҳама кори дунё шустам. Умедам аз зиндагӣ канда шуд.
Ҳамсӯҳбатам ин суханонро мегуфту об аз дидагонаш ҷорӣ мешуд. Сахт-сахт, талх ва пурдард гиря мекард.
Ситора мегӯяд, ки дар хонаи додараш ҳамроҳ бо зану фарзандони вай зиндагӣ мекунад ва кӯдаконро хеле дӯст медораду нигоҳубини онҳоро ба ӯҳда гирифтааст:
- Ҳар субҳ онҳоро аз хоб бедор мекунам, наҳорӣ омода карда шикамашонро серу ба боғча меорам. Бегоҳ пас аз кор боз як ҷо ба хона меравем. Китобхонӣ мекунем. Ба онҳо ҳисоб меомӯзонам. Дар хусуси одобу ахлоқ суҳбат мекунем. Хулоса, ҳаёти ман бо кӯдакони додарам ранги дигар гирифт ва лаҳзае худро аз онҳо дур тасаввур карда наметавонам. Риштаи зиндагии ман имрӯз бо ҳамин кӯдакон пайваста аст, - мегӯяд Ситора ва идома медиҳад, - вақте мебинам, ки занҳо кӯдаконашонро задаву сарзанишкунон ба боғча меоранд, вуҷудамро дард фаро мегирад. Ё вақте мебинам, ки кӯдакон дар кӯчаҳо сарсону саргардон, беназорат мегарданд, қалбам ба сӯзиш медарояд. Касе аз неъмат масту касе зор.
Ситора аз касеву чизе шиква надорад. Ҳар он нокомиҳоеро, ки дар зиндагӣ ба сараш омадааст, аз тақдир медонад. Вай мегӯяд, ки нишони одамизод фарзанд аст. Соҳибони фарзандро мебояд аз ин неъмати Худодод шукр бикунанд ва кӯдаконро ба роҳи рост тарбия намоянд, то дар оянда аз меваҳои боғи парвардаашон ком ширин кунанд. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки оши бемаззаро ҷурғот тамъ мебахшаду зани беҳунарро фарзанд бологузар. «Хоки бефарзандӣ ба бод, касе на меҳнататро қадр мекунад, на худатро», - қатраҳои ашки чашмонашро тозакунон мегӯяд Ситора.
Қутбия