06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУИ МИЛЛИОНЕР АЗ ЧИН КӮЧАРӮБӢ МЕКУНАД

Сарват барои Юй Южан осону муфт ба даст наомадааст. Ӯ фирефтаи пулу боигарӣ ҳам нест. Бо кори ванини ферма зану шавҳар аввал хонаи сеошёна сохтанд ва ҳуҷраҳои онро барои дигарон ба иҷора доданд. Ин амал барои хонавода фоидаи хубе овард, ки ин бор онҳо тасмим гирифтанд боз ду бинои дигари сеошёнае бунёд намоянд.  Ҳоло онҳо соҳиби 17 бинои истиқоматӣ мебошад, ки маблағи умумиашон 1,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Пул хосияти дигар кардани инсонҳоро дорад. Одамони доро мағруру бо таккабур мешаванд. Вале Юй Южан заррае тағйир наёфт.

Даромаде, ки Юй Южан аз иҷора додани хонаҳояш ба даст меорад, барои нигаҳдории аҳли хонаводааш басанда аст. Вале ӯ ҳоло меҳнатро на чун воситаи даромад ё пулкоркунӣ, балки барои хоксориву талқини сифати меҳнатдӯстӣ ба одамон ихтиёр кардааст. Ин бону барои тозагию атрофи хонааш ҳар субҳ либоси ранги норанҷидошта ба бар намуда, аз соли 1998 ба ин ҷониб ҳар рӯз аз соати сеи субҳ ба кӯча мебарояд. Даромади моҳонааш аз ин ҳисоб 1420 юан, ки тақрибан ба 200-220 доллари америкоӣ баробар аст, мебошад. Кори кӯчарӯбиро Юй як воситаи оромкунии асаб барои занҳо меҳисобад. «Ҳамчунин ман барои рафъи хислати бадтарини инсонӣ - танбалӣ ба ин кор даст задам, то фарзандонам аз ман ба унвони модар ибрат бигиранду меҳнатдӯст бошанд»- мегӯяд Юй. Писару духтари Юй низ бо ин ҳама сарват соҳиби вазифа ва кори махсусе нестанд. Онҳо коргарони оддианд.

                                                                                  

                                                                                                 Таҳияи Қутбия

:.  Аз ҳар боб 27.01.2016 10:20 1919

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz