200 грамм решаи хушккардаи офтобпарастро дар се литр об муддати панҷ дақиқа ҷӯшонида дар як рӯз ½ ҳиссаи онро истеъмол намоед, ки он барои тоза намудани намакҳои дар бадан буда нақши муҳим мебозад.
Ҳангоми захм гирифтани коми даҳон дар 200 грамм оби ҷӯшомада як чумчаи майда ҳазориспанди майдашударо илова намуда муддати 10 дақиқа рӯяшро пӯшонида дам медиҳем. Пас аз он бо ин маҳлул даҳонатонро чайқонед, ки он захмро рафъ менамояд.
Оби пиёзро 1:1 бо об омехта намуда рӯзе ду маротиба 1-2 чакрагӣ ба гӯш чаконед, он гӯшро кушода шунавоиро хуб мекунад.
Шираи барги чормағзро фишурда онро ба гӯш чаконед, қобилияти шунавоиро хуб намуда омосро нест мекунад.
Ду чумчаи хурд донаи зағерро ба ду истакон об рехта то ғавс шуданаш меҷӯшонем. Ин ниқоби таёршударо ба рӯй молида пас аз 20 дақиқа онро бо оби ширгарм бишӯед. Метавонед ин гуна ниқобро ҳафтае 2-3 маротиба истифода намоед.
50 грамм муми хонаи замбӯри асалро бо чангак майда карда ба он як чумчаи майда афшураи лимӯ ва як чумчаи майда асал илова намуда ҳамаашро омехта мекунем. Ин гуна ниқобро ба рӯй молида пас аз 15 дақиқа рӯятонро бо оби ширгарм бишӯед.
Барои беҳтар намудани таркиби хун ба ним истакон шарбати лаблабу 1 чумчаи майда асал илова намуда дар як рӯз 3 маротиба пеш аз хӯрок истеъмол намоед.
Ба 100 грамм твороги беравған 2 чумчаи майда равғани зайтун, 50 грамм шир, 1 дона сабзии ҳаҷмаш миёнаи аз турбтарошаки ҳаҷмаш калон гузаронидашударо бо ҳам омехта намуда ба пӯсти рӯю гардан бишакед. Ин ниқобро муддати 30 дақиқа нигоҳ дошта пас аз он бо оби ширгарм бишӯед.
1 чумчаи майда асалро бо каме сиркои себӣ омехта намуда ба пӯсти рӯю гардан молед ва муддати 10 – 15 дақиқа нигоҳ доред. Пас аз он рӯю гарданатонро бо оби ширгарм бишӯед.
Як чумчаи майда қаймоқи беравған, як чумчаи майда асал ва аз ½ ҳиссаи чумчаи майда афшураи лимӯро бо ҳам омехта намуда ба рӯю гардан бимолед. Ниқобро рӯзи аввал муддати 10 дақиқа ва рӯзҳои дигар метавонед муддати 15 дақиқа ва зиёдар аз он дар пӯсти рӯю гардан нигоҳ доред. Баъд ниқобро бо оби ширгарм бишӯед.
Сабзиро аз турбтарошаки ҳаҷмаш калон гузаронида ба он вино омехта намуда ба рӯю гардан бимолед ва муддати 30 дақиқа нигоҳ доред. Пас аз он рӯю гарданро бо оби шигарм бишӯед.
Аз ½ ҳиссаи банан ва бодирингро аз турбтарошаки ҳаҷмаш калон гузаронида ба он 2 чумчаи майда равғани зайтунро якҷоя намуда ба пӯсти рӯву гардан бимолед ва муддати 30 дақиқа нигоҳ доред. Пас онро бо оби ширгарм бишӯед.
Таҳияи Фотима