06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

СОЛИМИИ БАДАН АЗ ОРОМИИ АСАБ АСТ

Дар тибби қадим дастурҳое ҳастанд, ки истифода аз он асабро ором мекунанд ва рӯҳро болида месозанд. Масалан, асал, ки солҳост бо хусусиятҳои шифоии худ байни мардуми дунё маъруф аст.

Барои истеъмол асали тоза муҳим аст. Меъёри он дар як шабонарӯз 60-100 гр. аст. Асалро бо 500-600 мл. об омехта намоед ва дар давоми рӯз аз он 150-200 мл. нӯшед. Баъди табобат дар муддати 1-2 ҳафта ҳолати шумо беҳтар шуда, бехобӣ ва рӯҳу равонатон муътадил мегардад.     Тухми шибит низ ҳолати рӯҳиро хуб мекунад. Як қошуқча тухми шибитро (укроп) дар як истакон оби ҷӯшида шабона дам кунед. Дамкардаи шибит хобро бароҳат карда, фишорро муътадил нигоҳ медорад ва кори рӯдаҳоро ба эътидол медарорад.  

Хӯрдани чормағз, чой аз алафҳои табобатӣ, махсусан ҷой аз чойкаҳак ба организми шумо рӯҳу ҳаловати зиёд мебахшад. Дар тиб чой аз растании чойкаҳакро барои оромиши асаб давои беҳтарин меҳисобанд. Он барои нафароне, ки наздикони худро аз даст додаанд ё азоби танҳоӣ мекашанд, фоидаовар мебошад. Дар ин ҳолатҳо нӯшидани то шаш пиёла чой аз рустании чойкаҳак тавсия дода мешавад.

Пеш аз он ки ба табобати бемориҳои асаб бипардозед, аввалан бояд сабабҳои пайдоиши онро донед. Кӯшиш кунед, то худро аз ҳолати ҷанҷолу хархаша  халос намоед. Ба бадӣ бадиро раво набинед, қувваи некӣ карданро дар вуҷудатон пайдо намоед ва бо суханҳои нарму мулоим масъалаҳои ҷанҷолиро ҳал кунед. Солимии баданро барқарор намудан хеле мушкил аст. Аз ин хотир, онро эҳтиёт бояд кард. Аксари бемориҳо аслан аз сутунмӯҳра ва узвҳои ҳозима сар мезананд. Аз ин рӯ, қаблан хобро ба меъёр даровардан лозим аст. Пеш аз хоб дар ҳавои кушод сайру гашт карданро фаромӯш насозед, дар бораи ҳодисаю суханҳои бад фикр накарда, оромона хоб кунед. Субҳи худро бо машқи бадан ва бо табъи хуш оғоз намоед. Ва табъи хушро ба аҳли оилаю дигарон низ орзу кунед.  

                                                                                                               

 Қутбия

:.  Аз ҳар боб 29.12.2015 11:45 5669

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz