06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БЕРНАРД ШОУ ИСТЛО КОМИЛ

Навиштаҳояш  ҳама омехта ба чошни решханд ва базлагӯӣ буданд,  аз реализм реша мегирифтанд ва намоишномаҳояш сутуни заррини шуҳрати вай гардиданду тоблуҳои зиндае буданд, ки иҷтимои мардумро бо тамоми тирагиҳо ва дардҳояшон нишон медоданд.

Берноард Шоу дар зиндагии нисбатан тиллоии худ аз чашмаи ишқҳои фаровон сероб шуд. Вале ишқи ӯ ба Истло Комбул ситораи тобноки театр, умқу рангу тоби дошт, ки дар соири ишқҳое бефарҷомип ӯ ҳастӣ наёфта буд.

Номаҳоли шӯрангез ва ҷунуномези Берноард Шоу ба Истило рӯшангари ин воқеист аст…

 

Ту илҳоми ман, ту ҷунуни ман, ту саодати ман, ту маликаи ман, ту ифтихори ман, ту ҳадафи ман, ту сабаби азамат ва покдомании ман ҳастӣ.

Ту нуре ҳастӣ, ки роҳро пеши пои ман рӯшан мекунад…

Ту мазраъҳои пуртаровату хуррам дар зиндагии ман ҳастӣ. Танҳо туӣ, ки ба рӯзҳои умри ман маънӣ ва мафҳум мебахшӣ ва ба хобҳову эҳломе, ки шабҳо ба чашми ман меоянд, гарди тилло мепошӣ.

Ту барои ман муҷассамаи ишқӣ, илоҳиву маъбудӣ, шодиву ғамӣ ва ман то вақте ки туро дорам, камбуд ва орзуе нахоҳам дошт.

Ту ҳама чи ҳастӣ! Ҳама чиз…

Ҷорҷ

 

 

Ба Истло

Дунёи бе ишқ, монанди баҳори бе сабза ва гул лутфу ҷаззобияте надорад… Ва зиндагӣ бе ту саргардонии беҳудае бештар нест.

Ту то дар дунёи ман набудӣ, ман ҳеч набудам ва вақте ту чун хуршеде дар зиндагиям тулуъ кардӣ, ман эҳсос кардам ҳама чиз ҳастам ва ҳама чиз дорам.

Бо ин ки акнун ҳалқаи издивоҷи марди дигар бар ангушти  ту медурахшад, ман боз тану ҷони туро аз они худ медонам ва туро ҳамчунон ситораи тобандаи осмони илҳоми хеш мебинам.

Истло!

Ту моли манӣ. Туро худоёни ҳунар ба ман туҳфа додаанд, то мадали шоҳкориҳои  шурангезе бошӣ ва ҳеч қайду русуме наметавонад миёни қалбҳои мо ҷудоӣ ва бегонагӣ андозад.

Гармии ту, ишқи ту, лазати ту, ҷодуи ту, таппиши қалби ту мутааллиқ ба ман аст ва бо ин ки ту ба зоҳир  паррандаи ошёнаи марди дигар ҳастӣ, ман ин неъматҳои осмониро хоҳам дошт ва ба ҳеч баҳое ҳозир ба аз даст додани онҳо нестам.

Ман ишқи матлуберо, ки солниёзманди он будам, дар вуҷуди ту ёфтаам ва ин иғроқ нест, ки агар эътироф кунам, ки ту зиндагии ман, гумшудаи азизи ман, ситораи орзуи ман, ҳунари ман, эҳсоси ман, хаёли ман ва сояи ман ҳастӣ.

Ману ту  мебоист ду паррандаи сабукболе мебудем, ки бол ба боли ҳам медидем ва аз сафедаи шафақ то ғуруб, даштҳову боғҳоро сер мекардем ва шомгоҳон дар як ошёнаи сарбазер парҳои гарми ҳам фурӯ мебурдем. Аммо ҳоло, ки сарнавишти ин орзуи зеборо муҳол карда ва маро дамози зани ноошно ва туро ҳамнишини марди бегона намудааст, чаро мо ин зулми бузургро бо исори ишқи бузургтар бар худ ҳамвор нанамоем?

Оё қалби ману қалби ту шоистаи исор нестанд?...

Ҷорҷ

 

 

Баргадони Бузургмеҳр

:.  Аз ҳар боб 28.12.2015 03:36 2004

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz