Ба 150 грамм қаҳзаҳак афшураи 3 дона лимӯро омехта намуда ҳар саҳар дили наҳор ва бегоҳ ним соат пеш аз хӯрок ва баъд аз истеъмоли он боз ним соати дигар на об ва на хӯрок истеъмол нанамоед. Аз ½ ҳиссаи чумчаи калон тайёршудаи қиёмро саҳар ва бегоҳ пеш аз хӯрок истеъмол намоед.
Решаи қаҳзакро 1 андоза гирифта ба 1 зарф арақ якҷоя намуда онро метавонед барои даҳонро ғар – ғара намудан, гулӯро компресс намудан ва барои нӯшидан низ истифода баред.
Ҳангоми набудани иштиҳо: 1 истакон аз турбтарошаки ҳаҷмаш калон тарошидашудаи решаи қаҳзаҳакро бо истакон оби ҷӯшомадашуда якҷоя намуда муддати 1 соат гузоред. Пас аз он 10 - 15 дақиқа пеш аз хӯрок 50 мл дар як рӯз 4 маротибаги истифода намоед.
Ҳангоми радикулит ва дарди қуян: дар ҷои дардманд барги қаҳзаҳакро гузошта бо матоъи пашмин печонед.
Барои рафъ намудани доғи кунҷитак ва доғи пигментӣ: ҳангоми масомадор ва пажмурдашавии пӯст қаҳзаҳакро бо себи аз турбтарошаки ҳаҷмаш калон тарошидашуда 1/1 гирифта якҷоя намуда хоҳед тарбанд ва ё ба мисли ниқоб истифода намоед.
Ҳангоми дарди буғумҳо: решаи қаҳзаҳакро аз гӯштқимакунак гузаронида , себро аз турбтарошак гузаронида (аз ҳарду 1/1 бигиред) ҳардуро якҷоя намоед ва ба ҷои дардкардаистода бибандед.
Нигоҳнакарда ба ҳамаи фоидаҳои қаҳзаҳак онро ҳангоми бемории шамолхӯрии сахти даруни ва ҳомиладори истифода намудан мумкин нест.
Саримсоқ
Дар фасли зимистон организми инсон аз норасоии витаминҳо беқувват гашта зуд ба ҳаргуна бемориҳо рӯ ба рӯ мешавад. Дар ин фасл организм бисёртар ба бемории грипп, шамолхӯри ва гулӯдар дучор мешавад. Барои ин бемориҳоро пешгири намудан метавонед дар мадди ақал ҳар рӯз як дона саримсоқро истеъмол намоед, ки он вируси грипп, гулӯдард ва шамолхӯриро бартараф менамояд. Саримсоқ фишори баландшударо паст намуда дарди артерияҳоро нест мекунад ва кори вайроншудани ҳозимаро низ пешгири менамояд. Системаи асабро низ мустаҳкам мекунад. Ба наздики боз олимон тадқиқ карда ба хулоса омадаанд, ки саримсоқ пайдоиши намуди гуногуни бемориҳои саратонро низ пешгири менамояд.
Ширинбия
Шарбат аз ширинбия низ ҳамчун решааш фоидаи калон дорад. Шарбати ширинбия таъсири зиддиилтиҳоби дошта шамолхӯриро пешгири намуда, захмро зуд шифо бахшида бар зидди микробҳои стафилококк (бактерияҳои лӯндашакли хӯшамонанд; ки боиси фасодҳои гуногун мегардад) мубориза мебарад.
Шарбат аз решаи ширинбия барои кӯдакон – фоидаи калон дорад, ки он дар мазза хело болаззат буда кӯдакон онро бо завқ истеъмол менамоянд. Метавонед шарбат ба муҳити хона низ тайёр намоед.
Дастур оиди тайёр намудани шарбат аз решаи ширинбия: 4 грамм решаи ғавси ширинбияро бо 80 грамм шарбати қанд ва 10 грамм спирт якҷоя намуда ба зарф андохта болояшро хуб махкам намуда ба яхдон мегузорем. Ин доруи тайёрнамудаамонро метавон ҳангоми шамолхӯри, сулфа, шамолхӯрии нойҳои нафас, дарди меъда ва захм истифода намуд.
Шарбатро чигуна истеъмол намуд?
Воямуайянкунӣ : 5-10 мл шарбатро бо 200 мл об ва ё чой дар як рӯз 2-3 маротиба баъди таом метавон истеъмол намуд.
Дар педиатрия – ширинбияро ба сифати шарбат истифода мебаранд. Шарбати ширинбияро дар педиатрия (соҳаи илми тиб, ки касалиҳои кӯдакон, муолиҷа ва чораҳои пешгирии ин касалиҳоро меомӯзад) барои сулфаи хушк ва тар, баъзе аз бемориҳои меъдаву рӯдаи кӯдакон тавсия медиҳанд. Ҳамаи сифати муқараршудаи фоидабахши шарбат дар решааш мебошад, ки он барои пешгири намудани организм аз ҳаргуна микробҳо, газакҳо ва барои дардро таскин бахшидан низ истифода бурда мешавад. Шарбати ширинбия маҳсулоти табии буда барои балғамро ҷудокарда баровардан, сиҳат кардани пардаи луоби ва барои баланд кардани иммунитет низ нақши муҳим мебозад. Як даври муолиҷа на зиёд аз 10 рӯз мебошад. Агар табобат бо шарбати ширинбияро давом додан хоҳед дар аввал бо духтури табобатии худ маслиҳат намоед. Агар ҳангоми истифодаи шарбат он ба шумо тиаъсири манфӣ расонад, яъне пайдошудани доначаҳо, хориш, варам, газаки пӯсти бадан ва шикамрав истеъмоли онро манъ намоед.
Воямуайянкунӣ:
1 грамм шарбати ширинбияро бо 0,5 истакон оби ҷушомада якҷоя намуда ба се қисми баробар тақсим карда дар як рӯз се маротиба дар намуди гарми истеъмол намоед. Ин намуди дорувориро барои бемории дарди меъда ва захми меъда тавсия медиҳанд.
20 грамм решаи ширинбияро бо 10 грамм хулӯл ва барги зуф ҳамчун чой дам карда бинӯшед.
20 грамм реша ва қисмҳои рӯизаминии ширинбияро бо 5 грамм пудина ва лимӯгиёҳро ҳамчун чой дам карда ҳар рӯз як истакон баъди хӯрок истеъмол намоед.
2 чумчаи майда решаи ширинбияро дар тоба сурх намуда ба он 2 истакон об ҳамроҳ намуда каме меҷӯшонем ва 6-8 соат мегузорем то он таёр шавад. Ҳангоми бемориҳои варамипай, захм ва саратон 30- 40 қатраги истеъмол намоед.
1 чумчаи майда майдакардаи решаи ширинбияроба як истакон оби ҷӯшомада ҳамроҳ намуда муддати як якуним соат дам дода аз дока гузаронида 1 чумчаи калон дар як рӯз се маротиба истеъмол намоед.
2 чумчаи калон маҳсулоти хомашро бо 500 мл оби ҷӯшомада якҷоя намуда муддати 2 соат дам медиҳем ва дар як рӯз ним истакони 1 – 2 маротиба пеш аз хӯрок истеъмол намоед.
Сараева Ф.