Онҳо боғчаҳои кӯдаконаи шахсӣ буданду барои ҳама дастрасӣ надоштанд, зеро қабули кӯдакон ба ин макон хеле нархи гарон дошт. Нахустин боғчаҳои пулакӣ дар Гелсингфорси шаҳри Седмигратск соли 1859 ва соли 1863 якбора дар Петербург ва Гелсингфорс се боғчаи дигар кушода шуд. Дар ин давраҳо, яъне солҳои 1863-1870 дар Иркутск, Воронеж, Омск ва дигар шаҳрҳои Русия боғчаҳои кӯдакона кушода шуданд. Дар ин боғчаҳо кӯдакони аз синни 3 сола то 8 сола қабул мешуданд. Дар он ҷо педагогҳо фаъолият мекарданд ва кӯдаконро бо ҳар гуна бозиҳои шавқовар ҳавасманд менамуданд.
Боғчаи кӯдакони ройгон аввалин маротиба барои кормандони шаҳри Петербург соли 1866 кушода шуд. Хулоса, дар тамоми Русия ва кишварҳои собиқ шуравӣ дар миёнаҳои асри 20 боғчаҳои кӯдаконаи зиёде кушода шуданд, ки барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ дастрасӣ доштанд. Ҳам зиёӣ, ҳам коргар имконияти ба боғчаҳои кӯдакон мондани фарзандони худро доштанд. Ҳатто ширхоргоҳҳо ба фаъолият пардохта буданд, ки кӯдакони думоҳаро барои нигоҳубин мегирифтанд.
Дар ин вақт зарурати омода кардани мутахассисон ва мураббияҳои бомаҳорату босавод ба миён омад. Аввалин маротиба дар Донишгоҳи Москва дар факултаи педагогӣ шуъбаи томактабӣ ба фаъолият шурӯъ кард ва барномаҳои нахустинаш ба чӣ гуна фаро гирифтани кӯдакон ба боғчаи кӯдакон ва саҳм гирифтан ба тарбияи дурусти онҳо буд. Баъдтар ҳуҷҷатҳои махсус барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, дастурамалҳо роҷеъ ба рисолати волидайну мураббиён дар тарбияи кӯдакон ба имзо расиданд. Масалан, Декларатсияи тарбияи томактабӣ ва Роҳнамо барои мураббиёни боғчаи бачагона аз қабили он ҳуҷҷатҳое буданд, ки дар асоси он баъдтар дигар санадҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳое ба имзо расиданд, ки дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон мекарданд.
Аз нигоҳи психологҳо ва коршиносони соҳаи педагогӣ кӯдаке, ки дар боғчаи кӯдакон тарбия ёфтааст, аз кӯдаки дар хона бавоярасида тафовути зиёде дорад. Фарқияти якум дар он аст, ки кӯдаки дар боғчаи кӯдакон тарбияёфта дар бораи муҳите, ки ӯро иҳота намудааст, бештар маълумот пайдо мекунад. Муоширатро меомӯзад ва аллакай ӯ қобилияти фикррониву мақсади гузоштанро дорад. Яъне, рушди зеҳнӣ ва инкишофи тафаккураш нисбатан фаъол аст.
Қутбия