06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АҶИБ

Дар Русия аввалин мӯйхушккунакҳоро на танҳо барои хушккунии мӯй, балки барои табобаткунии ревматизм, подагра ва дигар бемориҳои бо гармӣ табобатшаванда, инчунин барои хушккунии мӯи ҳайвоноти хонагӣ, хушккунии пойафзол, ҷойпӯшҳои хоб истифода мебурданд. Дар замони мо намуди мӯйхушккунакҳо дигаргун гашта, машҳуртарини онҳо ба ширкатҳои дар ҷаҳон маълум «Валера, Ровента, Витек, Филипс, Панасоник, Ремингтон» мансубанд. Мӯйхушккунакҳои муосир сабуквазнанд ва иқтидори баланд дошта, на танҳо мӯйҳоро хушк, ҳамчунин онҳоро ба тартиб медароранд. Имрӯз дар бозору мағозаҳо мӯйхушккунак-дарзмол барои кашидани мӯйҳо фурӯхта мешаванд. Агар танаи он аз метал бошад, дар ҳолати мунтазам истифодабарӣ мӯйҳоятон зарар диданашон мумкин аст. Дар вақти харидорӣ намудани мӯйхушккунакҳо ба якчанд маслиҳатҳои мо диққат диҳед. Танаи мӯйхушккунак бо пластмаси ба гармӣ тобовар сохта шуда бошад. Мӯйхушккунак бояд филтр дошта бошад. Дар ҳолати набудани филтр мӯйхушккунакҳо тез гарм ва ифлос мешаванд. Бояд мӯйхушккунакҳо  дорои реҷаи гуногуни корӣ бошанд, то  шумо ҳарорат ва иқтидори ба худ қулайро интихоб намоед.

Азизон! Мехоҳед мӯйхушккунаки харидорӣ намудаатон ба Шумо солҳои дароз хизмат намояд? Пас,  маслиҳатҳои моро  шунавед. Мӯйхушккунакро бештар  дар фасли тирамоҳу зимистон истифода баред, беҳтар аст. Мӯйхушккунакҳоро зуд пас аз шустани мӯй истифода набаред. Гузоред, ки мӯйҳоятон камтар хушк шаванд. Масофаи байни мӯйхушккунак ва сари шумо бояд 30 сантиметрро ташкил диҳад. Агар  пӯсти саратон хушк бошад, мӯйхушккунакро  камтар  истифода баред, то он сабабгори пайдоиши сабӯсаки сар нагардад. Хушк намудани мӯи сари кӯдакон бо мӯйхушккунак  мумкин  аст, лек зарурияти мунтазамро надорад. Ҳар қадаре, ки мӯйхушккунакро дертар истифода баред, ҳамон қадар беҳтар аст.

                                                                                               

  Гулноз

:.  Аз ҳар боб 26.10.2015 05:17 1758

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz