06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЧӢ ГУНА БО УСУЛИ ХАЛҚӢ МИТТАРО НЕСТ НАМУД?

Агар хоҳед, ки митта пайдо нашавад, бояд онро пешгирӣ  намуд на бо роҳи доруҳои кимиёвӣ,  балки  либосҳоро  бояд тоза нигоҳ дошт, то он равғанӣ ва ё чиркин набошанд. Ҳастанд инсонҳое, ки либосҳои зимистонаро нашуста ҳангоми гарм шудани ҳаво дар ҷевон таҳ карда мемонанд. Ва дар онҳо миттаҳо пайдо мешаванд. Ва ё озуқавориро каме ҳам бошад, рӯяшонро кушода мегузоранд. Бояд дар фасли тобистон либосҳои зимистонаро дар офтобӣ гузошт. Дари ҷевонҳоро доимо кушода гузоред, то ба он ҳаво расад.  Дар ҷевоне, ки либосҳои пашмин, свитерҳои гарм, мӯина ва телпак ҳаст, метавонед пӯстлохи лимӯ ва афлесун, дар дохили дока тухми лаванда, шохаи явшон, гули шамъдонӣ,  багульник (буттаи заҳрноки ҳамешасабз) , гул ва барги чойкаҳак, барги эвкалиптро гузоред. Метавонед онҳоро дар ҷайби камзӯл, пӯстин ва пойафзоли зимистона низ гузоред.  Шохчаҳои чормағз, парахаи санавбар, гули мехак ва шоҳбулут низ ёрӣ мерасонад. Шоҳбулутро дар фасли тирамоҳ ҷамъоварӣ карда хушк карда ба ҷевонҳо мегузоранд. Митта дар хона бӯи собуни навро бад мебинад. Занҳо дар дохили ҷойпӯш,  ҷилди болишт на танҳо барои бӯяш, балки барои ҳимоя аз митта низ собунро мегузоштанд. Хусусан, собуни тути заминӣ самаранок аст. Барои ҳимояи озуқаворӣ аз саримсоқ истифода менамоянд. Ярма, хушкмева, донагиҳо (нахӯд, лӯбиё, биринҷ, мош ва ғайра) – ро ба дохили банкаҳо  андохта як донаи  саримсоқро  низ ба онҳо  ҳамроҳ намуда даҳони банкаро хуб маҳкам намоед, он пайдоиши миттаро пешгирӣ менамояд. Митта кам дар он хонаҳое пайдо мешавад, ки дар он  хона гули хушбӯйи шамъдонӣ ҳаст. Ҳангоми поя ва барги онро шикастан он бӯи тезе дорад, ки он миттаро аз хона дур месозад. Бояд дар  ёд дошт, ки митта дар фасли гармӣ  зиёд мешавад.  

 

Сараева Ф.

:.  Аз ҳар боб 23.09.2015 08:38 2066

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz