06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

10 НУКОТИ ОМӮХТАНӢ АЗ УРСУЛА НУБЕР

Якум, соҳибғурур бошанд;

Дувум, ҳақиқатеро пазируфтан, ки на ҳама меписанданд;

Сеюм, "не" гуфта тавонанд;

Чаҳорум, бо худ босабру тоқат ва дар мусолиҳа бошанд;

Панҷум, маъюс нашаванд ва аз коре, ки имрӯз натавонистанд ба анҷом расонанд, азоби виҷдон накашанд ва беҳтараш, нияти нек бикунанд: "Фардо ҳатман ин корро ба анҷом хоҳам расонид";

Шашум, бозичаи дасти дигарон нашаванд;

Ҳафтум, ҳама чизро ба худ (ба шахсияти худ, ба ҳисоби худ) нагиранд. Назорати сахти даруниро бояд ба некӣ кор бурд, яъне ба муҳит мусбат нигоҳ кард;

Ҳаштум, баён кардани андешаҳои хеш ва дифоъ намудан аз онҳоро бояд омӯхт;

Нӯҳум, барои ҳамеша бо афту андоми хеш созиш баст;

Даҳум, аз барору комёбиҳо бояд лаззат бурд, бе нигоҳ ба ақиб ва тарс аз рӯзи оянда.

Пешниҳод ва қоидаҳои хуб ва пазируфтанӣ. Воқеан, на ҳама инсонҳо (чӣ марду чӣ зан) бархе аз хислатҳои хуберо, ки бар фоидаи кору зиндагист, ба монанди, босабру тоқат будан, мусолиҳа кардан, ҳақиқатпазир буданро риоя мекунанд.  

Баъзеҳо баръакс, ин вижагиҳоро, ки на ҳамеша бар манфиати кор аст, риоя мекунанд. Наметавонанд ба касе «не» бигӯянду сабру тоқатро то ҳадде риоя мекунанд, ки то "аз сар занаду аз пой гузарад", лаб фурӯ бастаанд. Агар ваъдаи худро ба ҷо наоранд, азоби виҷдон мекашанду ғамгин мешаванд Ҳама чизро ба худ (ба шахсияти худ, ба ҳисоби худ) мегиранд. Аз баёни андешаи хеш метарсанд ва фикри худро дифоъ карда наметавонанд. Доимо ба гузашта нигоҳ мекунанд, нигарони оянда ҳастанд ва аз лаҳзаҳои хушу хурсанди зиндагӣ ба андозаи даркорӣ наметавонанд ҳаловат буранд.

Аммо, агар мо хоҳем ки дар зиндагӣ як фарди муваффақ, пешрафта, соҳибҳуқуқ ва комил бошем, бояд худро маҷбур созем, ин хусусиятҳоро омӯзем, дар андешаи хеш ғунҷонем, то дар баробари ноҳаққиҳо ва сарзанишҳои рӯзгору одамонаш бо ғурур истем, то тавонем аз ҳаққу аз ҳуқуқи худ дифоъ намоем. Агар наомӯхтем, пас дар дарёи зиндагӣ ғарқ хоҳем шуд.

 

Фараҳноз

:.  Аз ҳар боб 22.09.2015 05:08 1718

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz