06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУВОНИ РУСТО ДАР ОМӮЗИШИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ ФАЪОЛ МЕШАВАНД

Донишҷӯёни литсей асосан ройгон таҳсил мекунанд.Дар литсеи мазкур духтарон аз ҳамаи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб барои омӯхтани касбу ҳунар ҷамъ омадаанд. Сафаргул Набиева яке аз он духтаракони фаъолест, ки мехоҳад касб омӯзад. Шавқу рағбати беандоза ӯро аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба ин ҷо овардааст. Тавре Сафаргул иброз дошт, қабл аз ба ин муассиса омаданаш дар бораи компютер ва барномаҳои он тасаввуроте надоштааст:  

- Дар давоми ду моҳи таҳсил бисёр чизҳоро омӯхтам. Ба ман бештар истифода аз сайтҳои хабарии интернетӣ писанд аст, зеро аз он ҷо бисёр маълумотро метавон дастрас кард, ки барои васеъ гардидани ҷахонбинии шахс мусоидат мекунанд. Ман ният дорам, ки дар муддати як сол  тамоми барномаҳои компютериро аз худ намуда, кори ба худ мувофиқро пайдо кунам, - мегӯяд Сафаргул.

Раъно бонуест, ки новобаста аз ташвиши оилаву нигоҳубини ду фарзанди хурдсол дар ин муассиса касб меомӯзад. Ба қавли худи ӯ баъди хатми мактаби миёна барои давом додани таҳсил имконият надоштаасту ҳоло аз рӯи зарурат касб меомӯхтааст.

- Ба нақша гирифтаам, ки баъди хатми ин таълимгоҳ ба ягон муассиса ва ё  ташкилоте ба кор даромада, барои пешрафти молии оила ба шавҳарам кӯмак намоям - мегӯяд Раъно.

Тавре маъмурияти литсей иттилоъ дод, солҳои аввали ташкилёбии курсҳо шумораи  занону духтарони хоҳишманд хеле кам буданд.  Ҳоло бошад, шумораи хоҳишмандон зиёд буда, маъмурияти литсей азм доранд, ки мувофиқи талаб курсҳои шартномавиро низ таъсис бидиҳанд.

 

                                                                                           Гулноз

:.  Аз ҳар боб 24.07.2015 06:23 2404

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz