06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АЗ ҲАВОИ ГАРМ ХУДРО ЧӢ ГУНА БОЯД МУҲОФИЗАТ КАРД?

 

Дар ҳавои гарм чӣ гуна либос бояд пӯшид?   

Беҳтараш либосҳои пахтагинро ба бар кунед. Агар ранги рӯшан дошта бошанду васеътар дӯхта шуда бошанд, боз хубтар. Аз пӯшидани либосҳои синтетикӣ ва зарҳалдор худдорӣ кунед. Пӯшидани пойафзоли қулай хам дар ин давра муҳим аст. Аз ин лиҳоз, пошнаи пойафзолатон паст бошад, бехтар аст.

 

Чӣ нӯшему чӣ хӯрем?

Ба реҷаи хӯрокхӯрӣ ҳатман риоя бояд кард. Дар фасли гармо саволи «дар як рӯз чӣ қадар об истеъмол кардан лозим аст?» ҷавоби аниқ надорад. Ҳар қадар организм талаб кунад, ҳамон қадар бояд об нӯшид. Беҳтарин нӯшокӣ дар фасли гармо барои организм ин оби хунук аст ва метавон аз компот ва чойи  кабуд низ истифода намуд. Истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ба саломатии инсон хатарзо мебошад. Дар гармо хубтараш аз истеъмоли хӯрокҳои тезу тунду шӯр ва сергӯшту серравған парҳез кунед. Ба ҷойи он сабзавоту меваҳоро зиёдтар нӯши ҷон кунед.

 

Аз кӯчаҳои тасфон, ҳамаамон гурезон…

Бале, вақте дар фасли тобистони сӯзон лаҳза ба лаҳза гармии ҳаво боло меравад, ҷойи салқинтар мекобем, то худро аз гармӣ панаҳ намоему танамон роҳат кунад. Пас, дар кӯча роҳи осонтари «наҷот» аз гармӣ кадом аст?

Агар имкон бошад, саҳар корҳои муҳиматонро барвақттар ба сомон расонед, зеро аз соати 10 то 18  зиёдшавии гармии ҳаво бештар ҳис карда мешавад. Ба гуфтаи коршиносон дар ин вақт на танҳо ҳарорати ҳаво баланд аст, инчунин фаъол будани офтоб низ ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад. Пеш аз ба кӯча баромадан бо оби хунук оббозӣ кунед. Ҳамроҳатон чатр (сиёҳаш не!) ва шишаи обро гиред. Дар ҷойҳои соя гардед. Айнакҳое, ки махсус барои муҳофизат аз офтоб омода шудаанд, истифода кунед. Агар шумо ин қоидаҳоро риоя кунед, аз «офтобзанӣ» наҷот меёбед.

 Нишонаҳои таъсири манфӣ дидан аз нурҳои офтоб дар фасли тобистони сӯзон инҳоянд: сустшавии организм, сарчархзанӣ,  дарди сар, гумшавии иштиҳо, дилбеҳузурӣ, пастшавии қобилияти ҷисмонӣ. 

Мабодо дар организми худ нишонаҳои аввалини «офтобзанӣ»-ро мушоҳида кардед, ҳатман ба духтур муроҷиат кунед!

Саломат бошед!!!

                                                                        

                                      Қутбия

:.  Аз ҳар боб 08.07.2015 04:58 2396

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz