06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҲАМЁН ТАЪРИХИ ҚАДИМИЕ ДОРАД

«Ҳамён» мафҳуми гуногун дорад. Вале Шумо бояд диққат диҳед, ки вазифаи асосии ҳамён ин нигоҳ доштани маблағ мебошад. Намунаи ҳамёни муосир, ки аллакай дар асрҳои 11-ум вуҷуд дошт, аз матои чандири бо ресмони сахт басташуда иборат буд. Аз ин рӯ, гум кардани маблағи зиёд ва ё кам, инчунин тангаҳо қариб тамоман номумкин буд. Бинобар ҳамёнро натанҳо барои нигоҳ доштани воситаҳои пулӣ, балки барои дар дохили он андохтани тарозучаҳои махсуси қатшавандаи хурди сангдор истифода мебурданд.

Ин маънои онро дошт, ки соҳиби ҳамён ба сифати пардохти маблағ натанҳо пул, балки сангҳо ва металлҳои қимматбаҳоро мувофиқи арзишашон мегирифт.

Дар Мисри Қадим ҳамён шакли ҷувздони матоиро дошт, ки сарпӯшаш ба тарафи қисми пеш маҳкам карда мешуд. Кашф гардидани ин гуна ҳамёнҳоро дар замони қадим дар рӯи девори биноҳои қадимаи Миср мушоҳида намудан мумкин аст. Ин намуди ҳамёнҳо натанҳо ҳамчун «хона» барои пул хизмат мекарданд, балки ҷои маҳфуз нигоҳ доштани сангҳои қимматбаҳо ва растаниҳои нодир буд.

Нахустин маротиба аз чарм сохтани ҳамёнро римиҳо фикр карда баромадаанд. Одамон ҳамёнҳои худро натанҳо бо гулдӯзӣ, балки бо сангҳои нодир низ оро медоданд. Бинобар ин аз рӯи ҳамён то чӣ андоза сарватманд будани инсон муайян карда мешуд. Дар ин давра ҳамён яке аз воситаҳои асосии ороишоти занона гардида буд.

Дар асри 17-ум дар Русия ҳамёнҳои чармӣ ва қоғазӣ пайдо шуданд. Ин намуд ҳамёнҳо барои нигоҳдории пулҳои қоғазӣ пебинӣ гардида буданд.

Имрӯзҳо ҳамён ба як қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳар як инсони замонавӣ табдил ёфтааст. Ҳоло дар мағозаву бозорҳои ҳамёнҳои намуду шакли ниҳоят гуногундоштаро пайдо кардан мумкин аст. Барои тайёр кардани ҳамёнҳои муосир аз чармҳои пӯсти тимсоҳ, мор, пӯсти шутурмурғ, пӯсти  чорво ва аз ғайраҳо истифода мебаранд.

 

Гулноз

:.  Аз ҳар боб 22.06.2015 10:28 2207

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz