Ӯ баъд аз сохибтахассус шудан, ба зодгоҳаш, ноҳияи Ғончӣ омад. Чун ин маҳал минтақаи обёришаванда ба ҳисоб мерафт ба кадрхои тахассусӣ эҳтиёҷ дошт. Фариза дар муддати кӯтоҳ нозукиҳои корро аз худ кард, бовариии роҳбарияти нохияро сохиб гашт ва соле чанд дар вазифахои роҳбарӣ доир ба пешаи интихобнамудааш кору фаъолият намуд. Дашту дамони зиёде, ки имрӯз макони ҳосил дар ноҳия аст, маҳз бо кордонию ташкилотчӣ будани Фаризахола обёрӣ шуда буданд. Ӯ ҳоло ҳам дар зодгоҳаш, ноҳияи Ғончӣ, муҳандиси об шуда кор мекунад.
Баробари ин ҳама Фариза оилаи дӯсту тифоқеро бунёд карда, ки имрӯз садҳо шиносу ношиносаш ҳаваси зиндагии ӯро доранд. Шавҳараш низ чун ӯ касби муҳандисиро дар бахши сохтмон пеша намудааст. Фарзандонаш ҳама маълумоти олӣ доранд ва келинҳоро низ бомаълумот дидан мехоҳад. Соле пеш писарашро оиладор кард. Медонист, ки духтарак нохонда, вале ҳаваси пиёда намудани орзуҳои хешро дорад. Хушдоман монеъ нашуд, баръакс, писарашро фармуд, ки барои соҳибмаълумот шудани келин кӯшиш кунад. Ҳамон сол ҳуҷҷатҳои келинро ба шуъбаи ғоибонаи Донишгохи тиҷорат супорида, наварӯс сазовори номи донишҷӯ гашт, ки ҳоло таҳсилро бомуваффақият давом медиҳад. Келину домод, хусуру хушдоман ҳамагӣ аз ин муваффақият хушҳоланд.
Паҳлӯи дигари зиндагиномаи Фаризахола дасткӯшодию саховатпешагиаш мебошад, ки садҳо оилаи ниёзмандро дасти кӯмак дароз намуда. Гоҳе ба ҷанговарони байналмилали афғон, гохи дигар ба хона-парваришгохи бачаҳои томактабӣ ва гохи дигар ба ҳар нафар ё оилае, ки муҳтоҷи ёрмандӣ аст, кӯмак мерасонад. Аммо бо ин ҳама ин бонуи саховатпеша хоксору беозор аст, қалби нозуку беолоиш дорад. Дар маҳалла сарварии бахши танзимро ба ухда гирифта, ҳама ҷашну маъракаҳоро бе масрафи зиёдатӣ мегузаронад. Ҳидоятгари ҷавондухтарон ва маслиҳатчии модарони ҷавон буда , занони маҳалро мудом ба тарбияи неки фарзандону келинхо даъват мекунад. Ин аст, ки дар маҳалла Фаризахоларо ҳам ба сифати модари рӯзгордида ва хам бонуи соҳибмаълумоту саховатпеша ҳурмату эҳтиром доранду аҳли маҳал аз ӯ ифтихор мекунанд.
Р.НАЗИР