Лӯндачаҳо аз куҷо пайдо мешаванд?
Бисёртар лӯндачаҳо дар матои трикотажӣ пайдо мешаванд. Онҳо ҳангоми аз болои як либос пӯшидани либоси дигар пайдо мешавад. Лӯндачаҳо нишонаи он мебошанд, ки сифати матоъ паст аст, яъне дар таркибаш синтетика дорад ё ки печ дар печии риштаи он зич аст. Дар вақти харидорӣ намудан аз матоъ ва ё либосҳо низ метавон фаҳмид, ки он лӯндача мезанад ё не. Аломати якум - мавҷуд будани пат дар матои трикатажӣ мебошад, ки он ҳангоми пӯшидану ба якдигар расидан ба лӯндачаҳо табдил меёбад.
Лӯндачаҳо асосан дар матоъҳои сунъӣ пайдо мешаванд.
нодуруст нигоҳубин намудани либосҳо. Мисол, аз истифодаи ҳаргуна маҳлулҳо ва дар оби ҳарораташ ба он либос номувофиқ шустани либосҳо, ба сарзадани лӯндачаҳо оварда мерасонад.
матои ресмонаш дарозу кашолро метавон ҳангоми харидан дид.
Матои суст бофташуда ва ё дӯхташуда
Бо шиддат молиш додани матоъ
Чӣ гуна лӯндачаҳоро тоза намуд то, ки матоъ вайрон нашавад?
Мошинка барои кандани лӯндачаҳо
Бо ин асбоб бо осонӣ аз лӯндачаҳо метавон халос шуд. Усули амал кардан: ба осонӣ буридани лӯндачаҳо аз матоъ. Ин мошинка барои трикатаж ва ҳар намуди матоъи пашмини, ангорка истифода намуда мешавад.
Бартарии мошинка: мумкин аст танзими кори кордро тезонидан ва ё суст кардан, то ороишҳои дар матоъбуда осеб набинанд.
Бо ёрии поку тоза намудани лӯндачаҳо
Усули дигар каме хавфнок, аммо пуртаъсир аст. Поку усули аз ҳама тез тоза намудани лӯндачаҳо аз матоъҳо мебошад. Вале дар вақти каме беэҳтиётӣ метавонад матоъро бурад. Теғро ба поку маҳкам намуда ба осонӣ метавонед лӯндачаҳои дар трикатаж пайдошударо тоза намоед. Барои матоъи пашмин бошад, бояд мо эҳтиёткорона аз теғи нав неву, балки аз покуи истифодашудаи теғаш каме кунд истифода намоем. Матоъро ҳангоми тоза намудан аз лӯндачаҳо каме кашида васеъ карда аз боло ба поён тоза мекунем. Баъдан ин усулро баръакс идома медиҳем. Ин усул барои либоси нарм роиҷ нест. Дар ҳар сурат, эҳтиёт намоед, ки либос ё дастатонро набуред.
Чиндани лӯндачаҳо бо ёрии часпак (скотч)
Бо ин гуна роҳ тоза намудани лӯндачаҳо натиҷаи дилхоҳро дода наметавонад, аммо ин аз намуди матоъ вобаста аст. Барои ҳамин, часпаки тасмаи ширешӣ ва ё марҳами зиёди часпанда доштаро интихоб менамоем.
Ингуна намуди усул дар он либосҳое, ки нав лӯндачаҳо пайдо шудаанд истифода бурда мешавад.
Усули кунунӣ барои дилхоҳ либос. новобаста аз намудашон, бехатар аст. Часпакро (скотч) дар наварди рангзанӣ часпонида ва ё дар даст печонида бо он лӯндачаҳоро низ тоза намудан мумкин аст. Аммо ин усул на барои ҳама либос пешбинӣ шудааст. Баъзе лӯндаҳоро аз либос ба воситаи он метавон осон нест намуд, баъзеяшро не.
Ғилдирак бо тасмаи часпак
Ин намуди асбоб барои ҳамаи намуди либосҳо мувофиқ аст, вале он фақат лӯндаҳои хурди навпайдошударо метавонад тоза намояд.
Ба таркиби хокаи либосшӯӣ аҳамият диҳед.
Бисёре аз мо кӯшиш менамоем, ки аз хариди либоси арзон даст кашем, зеро метарсем, ки онҳо лӯндача мезананд. Аммо новобаста аз он, ки либоси харидаи мо гаронбаҳост ё арзон, масъалаи лӯнда заданаш аз эҳтимол дур нест.
Мунтазам лӯндачаҳоро аз либосҳо ҳангоми нав сар заданаш тоза карда меистем, то ки он зиёд нашавад.
Трикотажро дар ҳарорати паст мешӯем. Барои либосҳои шерстӣ бошад, бо маҳлули махсусе, ки он дар таркибаш кондисионери мулоимкунада ва тартиби бо даст шустани либосро дорад.
Сараева Ф.