Он ҳама зебоиву тароват, он ҳама кӯҳу чашмаҳои биҳиштосои сарзамини тиллохези кишвар чун оҳанрабо Санавбарро ба сӯи худ кашиданд. Ҳушу ёдашро он ҳама мазомини табииву рӯйдодҳои нотакрори диёр сайд карданд. Дигар натавонист аз «қафаси» ҳунари рассомӣ раҳо шавад. Ба ин қафаси зебову оро ёфта аз дасти ҳунармандони чирадаст одатӣ шудааст. Дигар наметавонад орзуи раҳо шудани ин қафасро бикунад, зеро асири ин ҳунар аст, пойбанди ин мазомини бикру нотакрор ва диёри ҳосилхези ҳунарҳост.
Санавбар мегӯяд: «Ҳар фард зебоиро ба андозаи бинишу завқи худ мебинад, яке дар гул, дигарӣ дар синамо, саввумӣ дар расми тасвир ёфта ва ғайра… Аммо мехоҳам завқи бинандаро ба зебоиҳои нотакрори табиати биҳиштосо ҷазб намоям».
Ин аст, сабаби ба чунин қафаси рангин дохил гардидани Санавбар. Ин бонуи мониқалам ба ҷавонияш нигоҳ накарда бо ҳунари шоистааш иштирокчии фаъоли чорабиниҳои ҷумхуриявӣ ва байналмиллал гардида, бори дигар устоворияшро нишон дод. Ӯ иштирокчии фестивали Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон ( соли 2011, волонтер дар кинофестивали байналмиллалии «Дидор» ( 2009-11), иштирокчии семинари «Карикатура» ( 2007), намоишҳои зиёди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ, ба монанди, «Рассомони ҷавон», «Ватан дар рангҳо» аз соли 2009 то имрӯз. Намоиши рассомҳо «Гулдухтарони тоҷик» ( 2012- 2013), 18-умин фестивали байналмиллалии «Наққошони ҷавон» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ( 2011) ва иштирокчии намоиши асарҳои рассомон бахшида ба 20 солагии 16-умин Иҷлосияи Шӯрои мачлиси олии ҶТ( 2012) аст.
Санавбар Ҳақдодова иброз дошт, ки халқи мо аз қадим ба меҳмондорӣ машҳур гардидааст. Шукри тинҷиву оромӣ, ки имрӯз дар хонадони мо сериву фаровонист. «Дастархон» ном амали банда низ баёнгари ҳамин мазомин аст. Бинандаро ба меҳмоннавозии мардуми тоҷик мехоҳам барам. Биадешад, ки мардуми мо имрӯз низ аз гузаштааш фосилае надорад.
Дар мавриди расми «Дугонаҳо» пурсидамаш ва ӯ бо ин ибороти рангин посухам дод:
- Шоире фармуда: «Зиндагӣ бо ҳама вусъати хеш маҳфили сокити ғам хӯрдан нест. Ҳосилаш тан ба қазо додан нест. Зиндагӣ ҷорӣ шудан аст. Аз тамошогаҳи оғози ҳаёт то бад-он ҷой, ки Худо медонад».