06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КАМЗӮЛИ ЧАРМИНИ ЗАНОНА ВА МАРДОНАРО ЧӢ ГУНА БОЯД ДАРЗМОЛ НАМУД?

 

Камзӯли чармӣ – матои маҳинест, ки дарзмол намудани он бо дарзмол ва ҳатто бо роҳи буғӣ низ бисёр мушкил мебошад.

Бо фарорасии фасли баҳор ва ё тирамоҳ, вақте  ки аз   ҷевон ғиҷимгаштаи камзӯли чарминро мегирем, мехоҳем қати онро рост ва ё дарзмол намоем.  Аммо на ҳама занҳо тарзи дарзмол намудани камзӯли чарминро медонанд. Албатта, дар ин вақт аз ҳама хуб камзӯлро ба козургарии химиявӣ супорид. Агар чунин имкон набошад,  шумо метавонед аз усулҳои дигар истифода баред. Ба  шумо эҳтиёткорона бо ҳарорати баланд дарзмол карданро маслиҳат медиҳем, чунки агар чарми камзӯл тоза бошад, он ҳангоми кӯшиши аз ҳад зиёди бо ҳарорати баланд дарзмол намудан,  метавонад  васеъ шавад. Ғайр аз ин,  агар чарм тоза набошад,  он ҳангоми дарзмол намудан шакли худро дигар менамояд. Аз ин рӯ  дар аввал метавонед аз молиши сард истифода намоед.

 

Дарзмоли камзӯли чармӣ бо усули сардӣ

Аз ҳама усули нозук. Моҳияти ингуна усул дар он аст, ки камзӯлро ба либосовезак овехта, онро муддате чанд мегузорем. Дар ин  муддат чинҳои он рост мешаванд. Метавонед камзӯли чармаш тунукро  мудати 1 – 2 рӯз овезед ва чинҳои он рост мегарданд.  Камзӯли  чармаш ғафсро  муддати дароз метавон дар либосовезак овехт, то қатҳояш рост гарданд. Агар ин гуна усули рост намудани камзӯли  чармӣ  ба шумо хуш наояд,  метавонед аз дигар усулҳо низ истифода намоед. Камзӯли чармаш ғафси қат-қатшударо, ки  киссаҳои зиёди бо сарпӯш дӯхташуда дорад, фақат бо буғи сахт метавон  рост намуд.

 

Дарзмоли  камзҷӯли  чармӣ  бо  буғ

Фаромӯш насозед, ки  чарм муддати тӯлонӣ дар об буданро дӯст намедорад.  Бинобар ин, чармро  дар об тар намуда ба либосовезак овехта,то хушк шуданаш нигоҳ доштан хуб нест. Аз ҳама хубтар, аз ду якеро интихоб кардан барои камзӯли чармӣ  усули хуби дарзмоли буғӣ мебошад. Барои ин ваннаро пур аз оби ҷӯш намуда камзӯли чармиро ба либосовезак овехта  аз ванна болотар овезед, то ба он буғи оби ҷӯш расад.  Ва нигоҳ кунед, то ба камзӯли чармӣ қатраи  обе  нарасад, зеро  пас аз дарзмоли  буғӣ  оби ба камзӯли чармӣ расида аз худ пай мегузорад.  Баро дарзмол кардани либоси чармӣ  метавонед аз дарзмоли одие, ки усули  буғҳосилкунанда   дорад,  истифода баред.

 

Дарзмоли камзӯли чармӣ бо вазелин ва равғани чормағз

Қайд кардан мумкин аст, ки ин гуна тарз хело кам истифода бурда мешавад. Пахтаро ба вазелин  ё  равғани чормағз тар намуда  ба ҷойҳои қатгашта  бимолед. Баъд онро чанд соат ба либосовезак овезед.

                                                                                     

 Таҳияи Фотима

:.  Аз ҳар боб 17.02.2015 10:55 2511

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz