Ба пеш….
Дар зиндагӣ мо шахсонеро вомехӯрем, ки онҳоро ҳама саодатманд ва хушбахт меҳисобанд ва ин гуна афрод зуд ба мақсад мерасанду чизи мехостаашонро дарёфтан барояшон мушкиле надорад. Чӣ гуна дар қатори онҳо ҷой гирифтан лозим? «Бисёр талаб макун ба кам зор шавӣ»- омадааст дар гуфтаи халқӣ. Аммо дар зиндагӣ ин ҳикмат паҳлӯи дигар дорад, яъне инсон ҳар қадар барои соҳиб шудан ба чизе талош варзад, дар натиҷа онро соҳиб мешавад. Яъне мешавад, ки ҳикматҳои зиндагӣ дар раванди ҳаёт дигаргуна ҷилва кунанд. Хоҳарони азиз, шумо низ як ибора «Ба пеш!»-ро шиори хеш дар зиндагӣ қарор диҳед. Зеро танҳо он мавҷудоте дар ин дунёи пур аз шару шур зинда мемонад, ки дар ҳаракат аст. Ба хотири ба даст овардани орзуи хеш аз монеаҳо натарсед. Беҳуда нагуфтаанд, ки раҳравон ба мақсади хеш хоҳанд расид!
Ман аз кӣ кам?!
Кори имрӯзаро ба фардо ва имсоларо ба соли дигар гузоштан аз танбалию бехушии мо шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, кӯшиш кунед, ки ҳар корро дар вақташ ба субут расонед. Бо худ «маслиҳат карда» барои ноил шудан ба мақсад роҳҳои гуногунро ёфтан лозим. Масалан, мебинед, ки шинос ё дугонаи шумо заҳмати зиёде кашида соҳиби хонаю кори хуб ва обурӯю мавқеъ дар ҷомеа гаштааст, вале шумо як қадам ҳам ба пеш нарафтаед? Бо нишастану ҳавас хӯрдан мушкиле ҳалашро наёфтааст, пас, шумо низ ба амал гузаред. Ҳасад дигар асту пайравӣ дигар, ҳасад хӯрдан аз бемаърифатӣ сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, бо дили поку қадамҳои устувор дар ҷодаи мақсад гом бардоред. Бисёр хуб мешавад, агар аз худ бипурсед, ман аз кӣ кам?! Гумони ғолиб он аст, ки ин суол таконе мебахшад ба шумо дар роҳи зиндагии нав.
Зиндагӣ заифонро дӯст надорад….
Як одати хеле бади занон ин заифнолӣ ва ба худ бовар накардани онҳост. Хоҳарони азиз, агар ба худ бовар надоред, пас ба мақсад намерасед! Ин кашфи мо не, балки тадқиқоти чандинсолаи олимони соҳаи равоншиносӣ аст. Мардуми огаҳ аз таҷрибаи рӯзгор бар онанд, ки ҳаёт шахсони заифиродаро дӯст намедорад. Чун барои хушбахтиятон чизе намерасаду шумо барои ба даст овардани он танбалӣ мекунед, ин бар зарари кор хоҳад шуд. Ҳеҷ гоҳ нагӯед, ки ман аз уҳдаи ин ё он кор намебарояму чаро беҳуда аз пушти он овора шавам?! Ҳамеша ба ақлу заковат ва фаросати занонаи худ такя карда гӯед, ки ман метавонам! Ман аз уҳдааш мебароям. Ана он вақт мебинед, ки то кадом дараҷа гуфтаҳои мо ҳақиқат доранд!
Аз сари сидқу меҳр
Бонувони калонсол як насиҳат доранд, ки ҳама корро аз рӯи меҳр ва сидқ иҷро намудан лозим аст. Аз хӯрок пухтан, то либос шӯстан ва дигар корҳои бузург, зеро дар ҳар як амали инсон меҳру шафқати ӯ эҳсос мешавад. Шумо низ дар роҳи орзуи хеш бо меҳру ихлос амал кунед, зеро нияти нек ними давлат аст. Хеле хуб мешавад, агар шумо нақшаи муайяни зиндагӣ дошта бошед. Масалан, адиб барои навиштани як асар аввал фикр мекунад, баъд нақшаи онро дар сараш мепазонад ва он гаҳ ба навиштан шурӯъ мекунад. Шумо метавонед дар роҳи амалӣ намудани ниятҳоятон аз ин усули санҷидашуда истифода бурда комёб шавед. Меҳру сидқи дар дил доштаатон кумакрасонатон хоҳад шуд.
Тарсро аз дил ронед…
Аксари бонувон тағиротро дар зиндагии маъмулияшон он қадар дӯст надоранд. Ин аз он тарсе сарчашма мегирад, ки дар дилашон ҷо дорад. Тарс аз ноомади кор дар ҷойи коргоҳи нав, дар хона ва муносибатҳои ҷадид мебошад. Дигартар карда гӯем, онҳо ҷойи гармашонро асло хунук кардан намехоҳанд, вале аз ин андеша намекунанд, ки шояд онҳоро дар ҷойи нав хушбахтиҳо интизор аст. Тарс бадтарин омил ва девори оҳанинест дар рӯ ба рӯи мо дар роҳи ҷустуҷӯ. Беҳтарин даво бар рағми тарси ботинӣ ин қадам мондан бар пешорӯи он ва анҷом додани ягон кори ғайриинтизору берун аз одат мебошад. Аз ёд набароред, ки ҷуръат қувваи бузурги таҳрикдиҳандаи мо дар дилхоҳ ҷодаи ҳаёт мебошад. Чун тарс ниҳоди шуморо тарк кард, оҳиста-оҳиста ҷойи онро боварӣ мегирад ва шумо ба дунё назари дигар хоҳед кард. Боварӣ дар болҳои зебои худ шуморо ба баландии қуллаи мақсудатон мерасонад. Бовар кунед, бонувони азиз, ин усули санҷидашудааст.
Соли наву иқболи нав!
Дугонаҳои азиз, шумо аз соле, ки чун меҳмони раворав дар пушти дари шумо истодааст, розӣ нестед? Боке не, зиндагӣ сад ҷома дорад, ки ҳар яке дар худ рангу маъниҳои гуногунро таҷассум мекунад. Соли кӯҳанро бо хушӣ гусел кунеду Соли нави мелодиро бо хушнудию нигоҳи сабз ба ин даҳри пуршуру пуршар пешвоз гиред. Дар урфият мегӯянд, ки соли навро чӣ гунае пешвоз бигирӣ, тамоми солат ҳамон гуна хоҳад гузашт. Пас, бо садои дафу чанг, хони пурнозу неъмат, зери осмони софу нилгуни ВАТАН онро хайрамақдам гӯед! Мо боварӣ дорем, ки хушбахтӣ бо панҷаҳои нозукаш дари дилу дидаи шуморо мекӯбаду зиндагии шумо аз пештара дида дилпазиртар хоҳад шуд! Соли нави мелодӣ муборак!