Ҳамин тавр, то соли 1970 бо истифода аз нерӯи мардум масоҳати бешумори ҷангалу бешазорҳо ба заминҳои кишоварзӣ табдил дода, аз «Бешаи палангон» ҳамагӣ 52 ҳазор гектар боқӣ монду халос. Баъдан то охири солҳои 1980 –ум боз 15 ҳазор гектари он бо мақсади пахтакорӣ ва мавзеъи зисти одамон аз худ карда шуд. Аз маълумотҳои бойгонӣ бармеоянд, ки дар он солҳо дар ҷойи ҳазор гектар бешазори минтақаи «Палвон Туғай»-и қаламрави «Бешаи палангон» комплекси чорвопарварии ноҳияи Қубодиён сохта буданд. Бар замми он сокинони ноҳияҳои атроф аз надонистани аҳамияти экологии ҷангал ба муҳити зист, пайваста дарахтони нодирро бурида, дар ҷойи онҳо зироатҳои кишоварзӣ кишт мекарданд.
Бинобар гуфтаи мутахассисони ҳифзи муҳити зист дар раванди 70 соли рушди соҳаи пахтакорӣ аз таъсири дефолатсияи майдонҳои пахтазор садҳо метр дарахтони муҳофизатии минтақаҳои қад-қади дарёи Вахш несту нобуд шудаанд. Заҳрхимикатҳои дар заминҳои кишоварзӣ истифодашуда тавассути обу ҳаво боиси хушку хазон шудани гиёҳу дарахтони нодири табиати «Бешаи Палангон» мешуд.
Азбаски даврони Шӯравӣ, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи пахтакорӣ равона шуда, масоили ҳифзи муҳити зист аз мадди назар дур монда буд, ҳукумати вақт мекӯшид бешаву ҷангалҳои нодирро ба заминҳои кишоварзӣ табдил диҳад. Ин буд, ки сокинони атрофи «Бешаи Палангон» ҳам беибо дарахтонро бурида, дар марзҳои он хона сохта, кишту кор мекарданд. Муносибати нодуруст ва беаҳамиятӣ нисбат ба «Бешаи палангон», ки бузургтарин ҷангали субтропики олам ба ҳисоб мерафт, сабаби несту нобуд шудани набототу ҳайвоноти нодири он мешуд. Дар асл, танҳо инсоният фаҳму имкони муҳофизати табиат ва сарсабзу шукуфо нигоҳ доштани онро дорад. Аммо, то пайдо шудани мушкилоти экологӣ дар рӯи замин, бо мақсади рушди саноат ва кишоварзӣ инсонҳо беҳтарин муъҷизаҳои табииро аз даст додаанд.
Ахиран, дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табии ва роҳҳои барқарорсозии муҳити экологии вайроншуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Баъдан, дар ин замина «Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2009-2019» қабул шуда, барои пешгирӣ аз талафёбии набототу ҳайвоноти мамнунгоҳи мазкур чораҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла бо мақсади ташкили минтақаи мудофиавии «Бешаи палангон» бояд аз ҳисоби марзҳои навоҳии атроф 11 ҳазор гектар замин чудо шуда, ба ҳудуди «Бешаи палангон» ҳамроҳ карда мешуд. Бо ин мақсад ҷудо намудани 6 ҳазору 147 гектар замин аз ҳисоби марзҳои ҳудуди ноҳияи Қумсангир ва 4 ҳазору 427 гектар аз ҳисоби марзи маъмурии ноҳияи Қубодиён дар назар буд. Тибқи иттилои Нуриддин Сайфуллоев, директори Мамнунгоҳи давлатии «Бешаи палангон», айни замон ҳудуди маъмурии ҷангали мазкур 49,8 ҳазор гектарро ташкил дода, дар сурати ҷудо шудани замин барои минтақаи мудофиавӣ масоҳати умумии он ба 60 ҳазор гектар мерасад.
То имрӯз мебоист мавзӯъи васеъ намудани марзҳои мудофиавии «Бешаи палангон» аз ҳисоби заминҳои навоҳии Қумсангиру Қубодиён дар Маҷлисҳои вакилони халқи ин ноҳияҳо ва вилояти Хатлон муҳокима шуда, Қарорҳои дахлдор бароварда мешуд. Ҳамчунин дар асоси Қарорҳои маҷлисҳои вакилони маҳаллӣ, Кумитаи заминсозии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбут Лоиҳаи қонунро дар ин хусус омода карда, барои баррасӣ ба парлумони кишвар пешниҳод мекарданд. Аммо, бинобар гуфтаи Зайниддин Сафаров, Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, то кунун ягон санаде оид ба ташкил додани минтақаи муҳофизатии Мамнунгоҳи давлатии «Бешаи Палангон» барои муҳокима ба парлумон ворид нашудааст.
Аз суҳбат бо Холмурод Раҳмонов, Раиси ноҳияи Қумсангир ва Меҳринисо Раҷабова, муовини раиси ноҳияи Қубодиён бармеояд, ки то имрӯз масъалаи ҷудо намудани замин барои ташкили минтақаи мудофиавии «Бешаи Палангон» дар маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои мазкур матраҳ нашудааст.
Алъон, ки Мамнунгоҳи давлатии «Бешаи палангон» сарҳади муайяну минтақаҳои мухофизатӣ надорад, сокинони атрофи он чорпои худро дар марзҳои он чаронида, дарахтонро мебуранду, ба муҳити зист зарар мерасонанд. Аз ин рӯ,бояд ҳарчи зудтар масъалаи ташкили минтақаҳои ҳифозатии «Бешаи Палангон» ҳалли худро ёфта, барои сохтани саддҳои симхорӣ дар атрофи мамнунгоҳ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Мавриди зикр аст, ки несту нобудшавии муҳити табии «Бешаи Палангон» таъсиру омилҳои гуногун дорад. Аз ҷумла шӯршавии баъзе минтақаҳои «Бешаи Палангон» аз умдатарин масоили экологии Тоҷикистон мебошад. Зеро илова ба шӯршавии баъзе минтақаҳои Мамнунгоҳ, мардум сол аз сол марзҳои дарунтари бешаро забт карда, дар марзҳои ҷангал зироат мекоранд.Тибқи иттилои сомонаи «Википедиа» то охири солҳои 1980 пасобҳои захролуди заминҳои кишоварзӣ тавассути каналу ҷӯйборҳои «Бешаи палангон» ба мавзеъҳое, ки гиёху буттаҳои нодир мерӯянд, ҷорӣ шуда, боиси хушку биёбоншавии бешазор мешуд. Мутаассифона, то имрӯз муносибати нодуруст ба муҳити экологии «Бешаи Палангон» мушоҳида мешавад. Зичии аҳолӣ ва мавҷуд набудани сарҳади муайяну симчубҳои муҳофизатӣ боиси нест шудани дарахтон ва шӯршавии заминҳои мамнунгоҳ шуда, аз тарафи дигар хукҳои ҷангалӣ заминҳои кишоварзонро поймол мекунанд.
Новобаста ба мушкилоти мавҷуда, барқарорсозию масъалаҳои муҳофизатии «Бешаи палангон» зина ба зина иҷро шуда истодааст, - мегӯяд Нуриддин Сайфуллоев, директори Мамнунгоҳи давлатии «Бешаи палангон». - Дар панҷ соли охир 210 гектар саксаул шинонида шуда, имсол ният дорем масоҳати майдонҳои саксаулро 70 гектар зиёд кунем. Ҷангалзор намудани даштҳои холии «Бешаи Палангон» маблағу вақти зиёд металабад. Барои бунёди 1 гектар саксаулзор 6-7 кг тухмӣ зарур аст.
Ба гуфти ӯ агар барои рушди ҷангал барномаву лоиҳаҳо рӯи кор оянд, пеш аз ҳама бояд сарҳади Мамнунгоҳро аз мавзеъҳои аҳолинишин ва хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷудо намуд. То вақте ки мамнунгоҳ сарҳади муайян ва симхорҳои муҳофизати надорад, пешгирӣ намудани вайронкунии экологӣ дар қаламрави он имконнопазир аст. Зеро «Бешаи Палангон» танҳо аз ҷониби Ҷилликӯл дарвоза дошта, боқӣ атрофи он аз тарафи мавзеъҳои аҳолинишин ягон нишону сарҳади муайян надорад ва дар баъзе минтақаҳои аҳолинишин сокинон ҳатто намедонанд, ки марзи мамнунгоҳ аз куҷо оғоз мешавад.
- Масоҳати сарҳадии мамнунгоҳ аз тарафи мавзеъҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ ҳудуди 20 километрро ташкил медиҳад. Дарёи Вахш, ки аз тарафи чапи Мамнунгоҳ мегузарад, нақши буферро иҷро мекунад, минтақаҳои ҷанубии мамнунгоҳро бошад симхорҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон худ муҳофизат мекунанд.
«Бешаи Палангон»-ро асосан дарахтони туранга ташкил медиҳанд. Ба гуфти Нуриддин Сайфуллоев, масоҳати умумии турангазорҳои мамнунгоҳ 23 ҳазор гектарро ташкил намуда, аз ҷиҳати масоҳат калонтарин турангазори дунё ба ҳисоб меравад. Ба қавли мутахассисон туранга яке аз қадимтарин дарахтони сайёра маҳсуб ёфта, ҳанӯз 1 миллион сол пеш вуҷуд дошт. Аммо ба асари як сардии эраи гузашта, ин дарахти нодир дар дигар минтақаҳои дунё нобуд шуда, ва ё шаклу пусти табии худро дигар кардаанд. Ва турангаи асил, ки ба сафедор шабоҳат дорад, бештар дар «Бешаи палангон» боқӣ мондааст.
Дар мавриди шӯршавии заминҳои «Бешаи палангон» мутахассисон андешаҳои гуногун доранд. Табиатшиносони хориҷӣ ҳадс мезананд, ки яке аз сабабҳои шӯршавии минтақаҳои поёнии «Бешаи Палангон» ин паст шудани сатҳи оби дарёи Вахш аст. Аммо Нуриддин Сайфуллоев ин иддаоро рад намуда, мегӯяд: «Ҳавзҳои «Бешаи палангон» аслан аз ҳисоби канали Қумсангир пур мешаванд. Дарёи Вахш бошад аз сатҳи мамнунгоҳ 8 метр паст қарор дорад. Агар дар гузашта оби Вахш то сатҳе баланд буд, ки марзҳои шӯрзадаи Бешаро мешӯст, пас ҳазорҳо гектару замину минтақаҳои аҳолинишини болооби ин дарё зери об мемонд». Аз тарафи дигар замин шаклан зина ба зина поён мешавад. Яъне обҳо ҳамеша дар пастиҳо ҷамъ мешаванд. Аз ин рӯ фарзияи дигаре низ вуҷуд дорад, ки шояд чандин садсолаҳо қабл ягон шохаоби дарёи Вахш аз дохили «Бешаи палангон» мегузашт. Ҳатто ақидаҳое низ вуҷуд доштанд, ки дар натиҷаи ивазшавии маҷрои дарё ва норасоии об шояд дар оянда бешаро хатари хушкшавӣ таҳдид намояд. Хушбахтона, табиат қонунҳои худро дошта, то имрӯз «Бешаи Палангон» мушкили норасоии об надорад.
Хулоса, Мамнунгоҳи «Бешаи Палангон» барои таъмини мувозинати экологии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсарҳад нақши бузург дорад. То солҳои 1937 дар қаламрави он паланги турониро мушоҳида мекарданд ва бесабаб набуд, ки «Бешаи палангон» номи ин ҷонвари зеборо дошт. Умедворем, ки бо мурури анҷом додани корҳои илмию барқарорсозӣ, натанҳо хатарҳои экологии Мамнунгоҳ бартараф мешаванд, балки табиату набототи аз байн рафтаи ин гушаи пурасрори Тоҷикистон аз нав эҳё мешаванд. Дар он сурат таваҷҷуҳи сайёҳону табиатдӯстони дунё ба ин ҷо бештар шуда, шояд намоди ҷангал - паланги тӯронӣ ҳам дар «Бешаи палангон» пайдо шавад.
Ҷамолиддин Сайфиддинов