06

Сентябр, 2025
Шанбе

06

Сентябр, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОЗИЧА - АҲАМИЯТИ ТАЪЛИМИВУ ТАРБИЯВИИ ОН

Масалан, лухтак симои одамро таҷассум мекунад ва ба кӯдак имконият медиҳад, ки маҷмӯи амалҳои ба одамон хосбударо иҷро намояд, яъне либосашро кашида пӯшонад, оббозӣ доронад, ба меҳмонӣ барад, хӯрок диҳад, хобонад ва ғайраҳо. Дар бозиҳои кӯдакон лӯхтак мисли одамон гап мезанад, рақс мекунад, суруд мехонад, хурсанду хафа мешавад, меҳмон қабул мекунад ва ғайраҳо, ки иҷрои ин амалҳо маҳз ба одамон хос аст.

Инъикоси ашёҳо, одамон, паррандаю ҳайвонҳо дар бозичаҳо ба воқеияти ҳаёт мувофиқат менамояд. Масалан, дар мошини боркаш ҳатман кабина, чарх, бордон, дар ҳайвонҳо ҳамаи узвҳои бадан ­- сар, чашм, тана, пой, асбоби мусиқӣ бояд ҳатман садо диҳад ва ғайраҳо.

Бозичаҳо «Заминаи моддии бозӣ» буда, кӯдак бо ёрии онҳо образҳои ҳаётии худро тарҳрезӣ менамояд, ба ин ё он нақш ворид гардида таассуроти худро оид ба ҳаёти гирду атроф амалӣ месозад.

Масалан, духтарча лухтак, хирсак, харгӯшак, сагчаро ба бағал гирифта, дар симои ҳар яке кӯдакро тасаввур менамояд, ӯро ором мекунад, алла мегӯяд, навозишу меҳрубонӣ менамояд, яъне худро ҳамчун модар тасаввур карда ба амалҳои ӯ тақлид мекунад ва муносибатҳои худро ба «фарзанд» нишон медиҳад. Ҳамин тавр, бозича кӯдакро барои омода шудан ба зиндагӣ ва муносибат бо ҷомеаву рафтори дуруст намуданро дар ҳаёт меомӯзонад. Аз ин рӯ, аҳамияти тарбиявии бозича хеле калон аст. Маҳз бо мадади бозича кӯдак худро иштирокчии фаъоли ҳаёт ва зиндагии ҳаррӯза эҳсос менамояд.

 

Бобомуродова Г.

:.  Аз ҳар боб 25.11.2014 07:25 2395

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz