Зулайхо Усмонова, корманди илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Дин дар масоили мушкилоти зуроварии хонаводагӣ нисбат ба занону духтарон» сухан ронда, роҷеъ ба сабабҳои таърихии зӯроварию хушунат нисбати занон андешаҳои худро иброз дошт. Муносибати хушунатомез ва нобаробариҳои ҳуқуқӣ дар оилаҳои халқу миллатҳои гуногуни минтақа ба урфу анъана ва расму оинҳои қадимаи онҳо иртибот дорад.
Баъдан Шоира Раҳмон, корманди радиои Точикистон, ба дини ислом ва ҷомеаи мусулмонон рабт додани сабабҳои пайдоиши зӯроварии хонаводагиро иштибоҳ номида, иброз дошт, ки баръакс, арҷгузорӣ ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои занон аз замони пайдоиши дини ислом ва нузули Куръони Карим оғоз гардидааст.
Иштирокчиёни мизи гирд дар мавзӯи «16 – рӯзи зидди хушунат нисбат ба занон» пешниҳод намуданд, ки минбаъд дар баррасии чунин мавзӯъҳои ҳассоси марбут ба дини ислом намояндагони Донишкадаи исломии кишвар низ даъват шаванд, то мавқеи ислом ва ҳукми Қуръонро нисбат ба зуроварӣ дар оила баён кунанд.
Амалхонум Гаҷиева, коршиноси масоили ҷомеашиносӣ яке аз сабабҳои пешгирӣ нашудани мушкилоти зуроварӣ дар оиларо дар он мебинад, ки то ҳол механизми иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» вуҷуд надорад. Иштирокчиёни мизи гирд бахшида ба мавзӯъи «16-рӯзи зидди хушунат нисбат ба занҳо» қайд намуданд, ки гарчанде баҳри пешгирӣ аз зӯроварӣ нисбати занону духтарон чораву тадбирҳо андешида қонуни алоҳида қабул шуда бошад ҳам, вале то кунун мушаххас нест, ки назорату иҷроиши онро кадом аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба уҳда доранд.
Дар мизи гирд дар мавзӯи «16-рӯзи зидди хушунат нисбат ба занҳо» саҳнаи таҳиянамудаи ҳунармандони ҷавонро бобати бетарафии ҷомеа дар ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила пешкаш намуданд. Аз тамошои саҳнаи мазкур бармеояд, ки баъзан мардум дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳам шоҳиди зӯроварии мардон нисбат ба занон мешаванд, аммо мавқеи бетарафӣ нишон медиҳанд.
Бонуи ҷавоне, ки дар ин саҳна нақши зани ҷабрдидаро мебозид, таассуроти хешро чунин баён намуд. «Ҳангоми омодагии саҳна нигарониам аз он буд, ки оё аз уҳдаи нақши зани дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дучори хушунати шавҳаргардидаро бозида метавонам, ё не? Аммо ҳангоми иҷрои ин саҳна дар шигифт будам, ки чаро роҳгузарон шоҳиди ҳодисаи зуроварӣ шуда, барои пешгирӣ аз он бетарафӣ зоҳир мекунанд.
Бетафовутии мардум нибат ба баҳсу муноқишаҳои оилавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гунуогун арзёбӣ мегардад. Иддае аз шаҳрвандон дахолат накардани роҳгузаронро ба муноқишаҳои оилавӣ амри табиӣ мешуморад. Сокиноне, ки шоҳиди муноқишаи ду ҷуфт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мешаванд, фикр мекунанд, ки зану шавҳар мушкилашонро худ бояд ҳаллу фасл намоянд. Зеро дахолати шахси саввум метавонад ба муносибатҳои оилавӣ таъсири манфӣ расонад.
Аз гуфтаи мубоҳисон бармеояд, ки дахолат ба баҳсу мунозираҳои оилавӣ аз ҷониби шахси дигар қобили қабул нест. Зеро ҷонибҳо метавонанд баъди муддате ба мувофиқа омада, ҳаёти оилавиро идома диҳанд, аммо дахолати шахси севвум баръакс, боварию эътимоди зану шавҳарро нисбати ҳам коҳиш диҳад.
Дар ҳамин ҳол, яке аз иштирокчиёни ин чорабинӣ, ки худ замоне мавриди зӯроварӣ дар кӯча гардидааст, чунин мегӯяд: «Мардум натанҳо нисбат ба ҷанҷолҳои оилавӣ, балки шоҳиди лату кӯби занону духтарон дар кӯча шуда, кӯшише барои наҷоти ҷинси латиф намекунанд. Боре ҳамчун судя, ки ҳамроҳам як даста парвандаҳои ҷиноятӣ доштам, зимни аз тролейбус баромадан мавриди лату кӯби шахсони ношинос шудам. Он лаҳзаҳо интизор будам, ки роҳгузарон маро аз дасти роҳзану авбошон наҷот медиҳанд. Мутаассифона, вақте якчанд нафар ҷавонони хунсард маро дар байни оммаи мардум лату кӯб мекарданду атрофиён танҳо тамошобин буданд. Бо гузашти солҳо маро дигар он захми аз лату кӯби ваҳшиёна дар чеҳраам боқӣ монда, азият намедиҳад, аммо аз бетарафии сокинон нисбат ба чунин ҳодисаҳо меозорад. Зеро бетарафӣ нисбат ба зӯроварӣ алайҳи зан хоси миллати мо набуду нест. Ва чунин ҳодиса метавонад нисбат ба модару хоҳар, зану духтарони ҳар нафари мо такрор ёбад».
Ба гуфти Мукаррам Мӯминҷонова, директори Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии занон»- и шаҳри Душанбе, мушкили асосӣ дар самти пешгирӣ аз хушунату зӯроварии хонаводагӣ ин муайян набудани субъекти дахолаткунанда дар ҳолатҳои баҳсу мунозираҳои оилавӣ мебошад. Ҳамчунин коҳиш ёфтан маърифати ахлоқии ҷомеа боиси беаҳамиятии мардум дар мавриди зӯроварӣ нисбат ба занон мешавад. Вале ба гуфтаи Мукаррам Муминҷонова, сол аз сол теъдоди муроҷиаткунандагон ба Маркази худшиносии занони шаҳри Душанбе афзуда истодааст. Бонувони ҷабрдида аслан бинобар мушкилоти сари вақт нагирифтани алимент, поймолшавии хуқуқ ба амвол ва фарзандон дар ҳолати ҷудошавии оилаҳояшон ба маркази мазкур муроҷиат менамоянд.
Хушунату зӯроварӣ дар оила аз мавзӯъҳои доғи ҷомеаи мо арзёбӣ гашта, барои пешгирӣ аз ин амали номатлуб чораҳои ҷиддӣ бояд андешид. Афзоиши муроҷиатҳои мардум ба мақомоти судӣ бобати поймолшавии ҳуқуқҳои занон дар оилаҳоро ба инобат гирифта, ҳамакнун дар мақомоти судӣ коллегияи оилавӣ таъсис ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол ширкаткунандагони мизи гирд дар мавзӯъи «16- рӯзи зидди хушунат нисбат ба занҳо» иброз доштанд, ки ташкили чорабиниҳо ва муҳокимаи ин мавзуъ роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда нест. Балки барои пешгирӣ аз хушунат нисбат ба занон мебояд донишҳои ҳуқуқии занону духтаронро баланд бардошт. Зеро иллати асосии мавриди хушунат қарор гирифтани занон дар оила, ин сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии занону духтарон мебошад.
Дар анҷоми чорабинии мазкур инчунин як озмун бо номи «16-рӯзи зидди хушунат нисбат ба занон» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд. Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ташабуси Ширкати Телевизион ва радиои «Ватан» ва дастгирии молии Сафорати Амрико баргузор гардид..
Ҷамолиддин Сайфиддинов