Мушкилоти аввал
Равоншиносон бар он ақидаанд, ки вақте ду ҷавон якдигарро дӯст медоранд, ҳамин эҳсосот пеши чашмони онҳоро чун айнаки гулобӣ мепӯшонад ва ин ба онҳо имкон намедиҳад, ки камбудиҳои якдигарро бинанд. Агар раваду хатоҳои якдигарро бинанд ҳам, онро мебахшанд, зеро ишқу ҷунун аз ҳама гуна одобу ахлоқ ва фарҳангу маърифат боло мегирад. Аммо пас аз хонадорӣ вазъ тағир меёбад ва аввалин моҷаро байни зану шавҳар ба вуқуъ мепайвандад. Инро коршиносони масоили оилавӣ оғози буҳронҳои хонадорӣ меноманд, ки он матавонад дар моҳи асал ё панҷ сол пас аз тӯй сар шавад. Равоншиносон дар навбати худ буҳронҳои ҳаёти оилавиро ба чанд зина ҷудо намудаанд.
Соли аввали висол
Дар соли аввали хонадорӣ, дӯсторон ҳамдигарро хубтар мешиносанд. Ҳангоми ошиқиҳо духтару писар метавонанд аз ҳам баъзе одатҳои ношоям ва табиати бади худро пинҳон кунанд. Яъне назди маъшуқа бо ниқоби дигар ҷилванамоӣ кунанд, вале чун зери як бом зистан муяссарашон мешавад, ин кор ғайриимкон аст. Зеро онҳо ҳамдигарро ҳар рӯз мебинанд, сари як дастурхон мешинанд ва дар як бистар мехобанд. Бисёртар дар ҳамин давраҳо оилаҳо вайрон мешаванд, зеро ҷавонон аз ҳам дилхунук мегарданд. Дар симои якдигар онеро намеёбанд, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш ошиқаш буданд.
Тавлиди фарзанд
Барои ҳар хонадон тавлиди фарзанд хурсандии бузургест, аммо ин хушбахтӣ низ метавонад боиси дилсардии зану шавҳар бошад. Чӣ хел? Табиатан зан акнун вақти бештари худро бо фарзанд мегузаронад ва барои мард, ки гоҳе аз кӯдак ҳам инҷиқтар асту ҳамеша ба меҳрубонии ҳамсар эҳтиёҷманд, вақт намерасад. Зан овораи тарбияи кӯдак, мард бошад, ба сояи домони дигаре панаҳ мебарад, то вояи даркории меҳрубониро бигирад.
Хоҳони навгонӣ
Пас аз 15-20 соли зиндагии оилавӣ ногаҳ яке аз ҳамсарон барои худ кафш мекунад, ки зиндагии бемаъноеро пушти сар кардааст ва мехоҳад дар рӯзгораш чизеро нав кунад. Бисёриҳо дар ҳамин давра барои баромадан ба зинаҳои мансаб талош меварзанду дар рӯзгор низ ба корҳои нав даст мезананд. Аммо маслиҳатҳои ҳамсарашон дар ин ҳолат ба онҳо намефорад.
Пирӣ фаро мерасад
Пас аз 35-40 соли хонадорӣ бошад, фарзандон калон шуда аз лонаи падарӣ парида ба лонаҳои хеш мераванд. Акнун ҳама саргардони зиндагии хеш муносибатҳои байни волидонро аз ёд мебаранд ё мегӯянд, ки пиракиҳо алаккай ба ҳамдигар одат кардаанду байнашон моҷарое сар нахоҳад зад, вале ин давра низ буҳрони ба худ хосе дорад. Одамони муддати зиёде баҳамзиста ба кӯдаконе мемонанд, ки сохтани «хона»-чаи дилхоҳашонро ба охир расонидаанду дигар бозӣ барояшон аҷиб нест. Дар ҳамин аём, низ ҷуфтҳое ёфт мешаванд, ки аз ҳам дилсард гашта дурӣ меҷӯянд.
Чӣ бояд кард?
Акнун саволе ба миён меояд, ки дар ин даврони ҳасоси оиладорӣ чӣ бояд кард? Равоншиносон вобаста ба буҳронҳои оилавӣ, ки дар давраҳои гуногун ба вуҷуд меоянд, чанд тадбири пешгириро пешниҳод кардаанд, ки мо онро дар зер пешкаши шумо мегардонем.
Қаҳрӣ накунед
Муошират беҳтарин тадбирест ҳангоми сар задани буҳронҳои оилавӣ. Аксари бонувон пас аз моҷарои хонаводагӣ қаҳрӣ карда бо ҳамсари худ гап намезананд, ки хатои бузургест. Ҳарчанд барои шумо қадами аввалро гузоштан дар оштӣ душвор аст, аммо кӯшиш кунед, ҳатто худро маҷбур кунед, то оштӣ шавед. Аз ёд набароред, ки ҳатто пайғамбарамон фармудааст: Қаҳр беш аз се рӯз ҷоиз нест. аз ин рӯ ҳеҷ гоҳ кинаву адоватро дар дилатон ҷо надиҳед. Дили зан бояд макони сафову вафо ва ишқу муҳаббат бошад!
Мавзӯи сӯҳбат
Ҳангоми сӯҳбат танҳо мавзӯи ба худатон маъқулро интихоб накунед, гӯш карданро низ ёд гиред, зеро ба мардон суҳбатҳои занона умуман маъқул нестанд. Ба мард имкон диҳед то гапи худро гӯяд, баъд метавонед онро таҳлил карда муфофиқи раводид маслиҳатхо диҳед. Зинҳор ба мард насиҳат нахонед, вазифаи модариро иҷро намудани зан ба шавҳар писанд нест. Хулоса, ба ҳамдигар меҳрубон бошед, танҳо меҳру муҳаббат оилаи шуморо метавонад аз вартаи фалокат наҷот диҳад. Ба шумо бахти ширини оилавӣ орзумандем!
Ҷавҳари Саидназар