Хонаю палос
Зан хуршеди хонадон аст ва чӣ гуна ранг гирифтани зиндагии оилавӣ низ аз ӯ сахт бастагӣ дорад. Новобаста аз он ки ту зани коргар ҳастӣ ё хонанишин, аввал ба тозагии кошонаат аҳмият бидеҳ. Мардҳо табиатан он қадар ба тозагии хеш аҳмият надиҳанду мисли бонувон тозагиии андоми хешро дар ҷойи аввал нагузоранд ҳам, чун ба хона медароянду онро ба тартибу тозаю озода меёбанд, гармии дастони шуморо дар вуҷудашон эҳсос мекунанд. Гузашта аз ин, хонаи тозаю озода рӯҳи ҳар нафарро болида мегардонаду тозагии хона ба худи шумо низ фоидаи бисёр дорад ва фикрҳоятонро ба низом медарорад.
Одаму либос
Занҳои мо як одати бад доранд, ки ҳангоми ба меҳмонӣ рафтан худро зиёд орою торо медиҳанд ва либосҳои зебояшонро ба бар мекунанд. Дар хона бошад, шудан мегирад, гӯён ҳар чӣ пеш ояд, ба тан мекунад, ки ин хеле бад аст. Як ҳикмате ҳаст, ки «Зан ҳамеша бояд зан бимонад», яъне новобаста аз он ки шумо дар куҷо қарор доред, зан буданатонро аз хотир набароред. Ҳоло дар бозору мағозаҳои мо чӣ гуна либосе хоҳед пайдо мекунед. Аз ин рӯ либосҳои шинаму хушдӯхти хонапӯширо ба бар карда пеши шавҳар ҷилва кунед, то чашмонаш роҳат кунанд. Хусусан, пеш аз он ки ба бистари хоб медароед, пероҳани шабпӯшии мақбули дилатонро ба бар карда аз хушбӯиҳо истифода кунед.
Шоҳбайти нокушода
Зан барои мард бояд ҳамеша чун шоҳбайти нокушода мароқовар бошаду ҳар лаҳза ӯро ба ҳайрат оварда тавонад. Ҳама сири дилатонро ба мард гуфтан ҳоҷат надорад, бигузор асрори нуҳуфтае дошта бошед. Чун мард ҳама чизро дар бораи зан донад, алаккай ӯ барояш китоберо мемонад хондашуда, ки ҳар ҷузъиёташро азёд медонад. Шумо метавонед марди дилатонро бо як сухани ширин, бозии ошиқона ё хӯроки лазиз ба ҳайрат гузоред. Барои муваффақ шудан ба ин кор кифоят мекунад, ки ҳамқадами ҷаҳони муосир бошед.
Сӯҳбат карданро ёд гиред
Ғайбати пайвандону фарзандон, ҳамсояву хешу табор назди шавҳар боварии ӯро ба худатон аз даст медиҳед. Беҳтараш сӯҳбати самимиро биомӯзед. Аввал гӯш кунед, ки ҳамсӯҳбататон чӣ гуна маҳфил мехоҳад. Ҳатто дар бораи футболу гуштин ва шоҳмоту дигар навъҳои варзиш, ки мардон бештар ба онҳо таваҷҷуҳ доранд, озод гап занед. Ҳарчанд ин ба шумо маъқул набошад ҳам, ба хотири наозурдани дили мард ҳар як факту рақамро ҳамроҳаш таҳлил кунед. Ё гумон мекунед, ки нархи баланди матоъҳои занонаю сатҳи пасти хизматрасонӣ дар «кошонаи ҳусн» ба мард маъқул аст, ки шуморо гӯш мекунад? Аз хотир набароред, ки танҳо хотири шумо баландӣ мекунаду мард ин «нодаркор»-ҳои занонаро гӯш медиҳад.
Ҳеҷ гоҳ муқоиса накунед!
Баъзе бонувони мо муқоисаи ҳаёти оилавии худро бо ҳамсояву хешовандон дӯст медоранд, ки ин мардонро ба ғазаб меорад. Зеро пурсишҳо собит месозанд, ки қиёс бадтарин баҳоест барои мард. Назди марди дилатон ҳаргиз мардони дигарро таърифу тавсиф накунед, баракс як кори оддии ӯро бузургтар нишон дода рӯҳбаландаш намоед. Баъзан мардон таърифро дӯст медоранд, хусусан, вақте онро аз ҷинси латиф мешунаванд. Аммо таъриф кардан низ як нозукӣ дорад, кушиш кунед то таърифатон воқеӣ бошад, зеро мардон ҳамду санои дурӯғинро масхара пиндошта, меранҷанд. Ҳаргиз аз хотир набароред, ки новобаста аз бозуву боло ва нерӯ мардон дили чун шиша нозук доранд, мисли мо бахшандаю меҳрубон нестанд.
Донотарошӣ накунед
Ҳар як халқу миллат урфу одат ва анъанаҳои ба худ хосе дорад. Байни мардуми Шарқ мард шоҳи хонавода ҳисоб мераваду тоҷикон низ аз ин шумул истисно нестанд. Мард сарвар, ки бошад зан вазири дасти рост ё ба таври дигар гӯем, ҷонишини ӯст, ҳарчанд дар бисёр ҳолатҳо ҳама коррро вазирон ҳал мекунанд. Дар ҳалли масоили мухталифи рӯзгор аввал фикри мардро гӯш кунед, ҳарчанд фикри ӯ ба шумо маъқул наафтад ҳам, донотарошӣ карда гапашро набуред. Зеро мардон занони аз ҳад доноро дӯст намедоранд. Баъд метавонед вобаста ба ҳолати мард фикрҳои худро пешниҳод кунед. Ҳангоми суҳбат низ ҳаргиз дар гуфтори мард хато наҷӯед, баракс худро аз ӯ камтар гиред.
Хушбахтии мо дар дасти мост
Барои хушбахт шудан ба ҷустуҷӯи мурғи бахт ба пушти кӯҳи Қоф рафтан зарурат надорад, танҳо роҳи дурусти зиндагиро интихоб намудан лозим аст. Зиндагӣ маҷмуаи бешу камист ва ба ҳар каму зиёди он қаноат кардану аз монеаи оддӣ мушкилот насохтанро танхо бонуи оқила метавонад. Равоншиносон кайҳо исбот кардаанд, ки хушбахтии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст, зеро аз кӯчактарин дастовард хушҳолӣ кардан, дар ҷодаи ноҳамвори ҳаёт пешорӯи ҳар мушкил побарҷо истодан, рӯҳафтода нашудан ва саманди нофармони қисматро савор шуданро омӯхтан лозим аст. Мубориз бошед, хоҳарони азиз ва бахт худаш ба ҷустуҷӯи шумо хоҳад омад!