….Занро фаҳмидан не, балки дӯст доштан лозим аст. Ва пеш аз ҳама, ана ҳамин чизро дарк бояд кард.
-Бештарини тафовутҳои байни мардону занон бо қолабҳои чандинҳазорсола вобастаанд. Рӯҳи зан аз тарафи мард, ки ба ӯ дурӯҳ мегӯяд ,ӯро ҳуломи худ намудаю ба шаҳрванди дараҷаи дуюми дунё мубаддал гардондааст, ҳамеша шиканҷа дидааст.Мард медонад, ки ӯ хеле зебост ва ҳамчунин медонад, ки мустақилияти зан барои ӯ хатар дорад.
-Зан бояд дар равони худ нерӯе пайдо кунад ва онро рушд диҳад ,он гоҳ ӯро ояндаи дурахшон интизор аст.
-Зан аввал ҳуҷумҳои мардро истодагарӣ карда, баъд роҳи ақибнишинии ӯро мебандад. Агар хоҳӣ, ки занро таҳйир бидиҳӣ, бо ӯ ба мувофиқа биё. Агар хоҳӣ донӣ, ки воқеан дар сари зан чӣ фикр аст, пас ба рӯйи ӯ нигоҳ кун, вале ба ҳарфаш гӯш надеҳ.
-Зан метавонад мардро бо муҳити пурҳаловат ва оромӣ фаро гирад. Вале мард аз ин чиз хавф дорад ва намехоҳад, ки ӯро муҳити зан фарогир бошад. Мард намехоҳад, ки зан дар атрофаш ҳаловату гармиро фароҳам оварад. Ин нохоҳамӣ аз тарси вобастаи зан шудан сар мезанад. Аз ҳамин рӯ, мард асрҳои аср занро аз худ дар масофаи муайян нигоҳ дошта меояд. Вай ҳарос дорад чун дар умқи шуур мефаҳмад, ки зан барои табиат муҳимтар аст, вай метавонад ҳаёти нав диҳад.Табиат на мард, маҳз ӯро барои идомаи насл интихоб кардааст.
-Дар тӯли ҳазорсолаҳо дар Чин занро берӯҳ меҳисобиданд. Аз ин рӯ, шавҳар метавонист ӯро аз ҳаёт маҳрум намояду ба ҷазо гирифтор нашавад,охир вай моли ӯст-ку. Ӯ метавонист ҷиҳози хонаашро нест кунад, ин муқобили қонун набуд. Айнан ҳамин тавр ӯ метавонист занашро нобуд созад, қонун инро манъ намекард. Вале таҳқири бадтарин барои зан-ин эълони рӯҳ надоштани ӯст. Дар Ҳиндустони қадим занро баъд аз марги ҳамсараш зинда ба зинда месӯзонданд. Тибқи талаботи дини ҳиндуӣ дар асрҳои пеш қадру манзалати зан хеле паст буд, ки ҳатто ҳуқуқи худро ҳимоя кардан ҳам надошт.
Марду зан комилан ду олами гуногунанд ва аз ҳамин сабаб якдигарро фаҳмидани онҳо душвор аст. Дар асоси якдигарфаҳмӣ зиндагиро сомон бахшидадан мумкин аст. Аз таҷрибаи гузашта бояд омӯхт, то байни зану мард якдигарфаҳмӣ бошад. Ин тафовутҳо хеле муҳиманд. Агар ҳамаи тафовутҳои байни зану мард аз байн раванд, агар онҳо психологияи якхела дошта бошанд, пас ишқ ҳам аз байн меравад , зеро гуногун будани ҷонибҳои мухталиф аз байн меравад. Марду зан ду қутбҳои манфию мусбати барқиро ба ёд меоваранд. Онҳо нисбати ҳам ҷаззобияти оҳанраборо доранд.