Агар ба гиёҳони зикршуда дарстрасӣ надоред, метавонед аз дамкардаи гул ё ҷӯшондаи меваи дӯлонаи сурх истифода намоед. Яке аз ифтихороти ин гиёҳ иборат аз он аст, ки шараёнҳоро васеъ намуда, дилро бо хун таъмин мекунад ва камбди оксигенро ҳам коҳиш медиҳад. Ҳамчунин асабро ором ва фишори хунро паст мекунад.
Дар тибби гиёҳӣ ба хотири беҳбудӣ ва пешгирӣ аз ҳамлаҳои шадиди қалбӣ метавон аз нусхаҳои зайл истифода намуд: решаи сунбул-ат-тиб-20 гр, бодранҷбӯя - 10 грамм, кокутӣ - 15 гр, хоргулак - 15 гр, миқдори 2 қошуқ дар 200 гр оби ҷӯш 1-2 соат дам дода, соф кунед ва рӯзе ба андозаи 50 гр истеъмол намоед. Барои бемории ишемияи дил дӯлонаи сурхро дар якҷоягӣ бо чойгиёҳ истифода намоед. Зеро як хосияти хубе, ки чойгиёҳ дорад, хунро ба воситаи шараёнҳо ба осонӣ ба тарафи қалб интиқол медиҳад.
Миакардит (илтиҳмушакҳои дил)
Решаи нардсунбул (валериана) – 30 гр, бодранҷбӯя (мелисса) – 20 гр, бӯймодарони маҳинбарг – 20 гр, гули ҳамешабаҳор – 20, гиёҳи зарришқа – 20 гр. Як қошуқ аз ин таркибро дар 200 гр оби ҷӯш муддатте дам дода, соф кунанд ва дар тӯли рӯз истеъмол кунанд.
Гули дӯлонаи сурх, бӯймодарон, пудинаи боғӣ, ҳамешабаҳор ва бодиёнро ба андозаи мусовӣ бигиранд ва монанди нусхаи боло истифода баранд.
250 грамм асал ва 50 грамм арақ ё спиртро бигиранд ва анҷиру лимӯро аз мошини гӯшт гузаронида, бо асал ва арақ ҳамроҳ кунанд, сипас дар яхдон гузоред. Саҳарӣ ва бегоҳӣ як қошуқи чойхӯрӣ аз онро бихӯранд. Хосиятҳои гули ҳамешабаҳор дар он аст, ки зиддиилтиҳобӣ буда, фаъолияти қалбро то андозае мӯътадил менамояд ва дар беҳбудии фаъолияти меъда ва талхадон низ кӯмак мерасонад.
Хафақони дил (стенокардия)
Дӯлонаи сурх 5 қошуқ, 2 қошуқ хоргулак, 2 қошуқ меваи настаран (хулул) – ро дар як литр об муддате биҷӯшонанд ва дар термос андозанд. Рӯзе 3-4 маротиба панҷоҳ граммӣ истеъмол намоед.
Сир 5 адад ва 5 адад лимӯро пӯст канда аз гӯштқимакунак гузаронда, сиапс дар як литр асал омехта намуда як ҳафта дар ҷои торик гузоред. Дар давоми рӯз як вақти муайянро интихоб намуда 4 чумчаи чойхӯри аз ин доруро бихӯред ва дақиқае дам гиред.
Зардолу 500 грамм, мавиз 500 гр, лимон 500 гр ва 500 гр чормағзро аз гуштқимакунак гузаронида, бог асал омехта анмуда, пеш аз ғизо ба андозаи як қошуқчаи чойхӯрӣ истифода намоед.
Табобати гиёҳӣ баъди сактаи дил
Решаи сунбул-ат-тиб - 20 гр, бодранҷбӯя -10 гр, кокутӣ -15 грамм, хоргулак -15 гр. Миқдори ду қошуқ дар 200 гр оби ҷӯш дам дода, соф куне два рӯзе ба андозаи 50 гр истифода намоед.
Дӯлонаи сурх, чилбуғум, бодиён- аз ҳар кадом як қошуқӣ гирифта, дар 1,5 литр об муддати 10-15 дақиқа дар оташи паст биҷушонед, сипас як қошуқӣ аз гиёҳҳои гули дулона, решаи сунбул-ат-тиб, кокутӣ, чойгиёҳ, хоргулак, пудинаи сиёҳ ва зарришқаро илова карда, як соат дам диҳед. Сипас онро пололонда, дар зарфи шишагӣ андозед ва рӯзе 3-4 маротиба ба миқдори 2-3 кошуқӣ истеъмол намоед. Бояд ин доруро дар яхдон нигоҳ дошт.
Сараева Ф.