«Мағозабеморӣ»
Ин амал ба аксари бонувони мо хос аст, вале мардуми шарқ бозор ба бозор гаштани занонон, хоса занони мусулмонро фоли бад медонанд. Баъзе занони мо бе ҳеч ҳоҷат низ ба бозор рафта нархи ҳама гуна колоро пурсидан мегиранд, ҳол он ки дар сад сол онро хариданӣ нестанд. Аммо кам касон медонанд, ки ин одат беморист! Барои халоси аз ин одати бисёр бад, бояд чанд чизро барои худ ба нақша гиред:- Барои чӣ ба бозор меравед? Ба шумо чӣ даркор аст? Имкони харидани онро доред ё не? Чун ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоби мусбат доред пас ба бозор равед ва маҳз ба ҳамон растае, ки чизи мехостаи шумо он ҷо фурӯхта мешавад. Дар бозор барои арзон кардани мол кушиш кунед, ин айб не, балки одати бозор аст. Аз ёд набароред, ки харҷи беҳуда буҷҷаи оилаи шуморо касоду худатонро муҳтоҷ месозад, аз ин рӯ танҳо колоеро харидорӣ кунед, ки ба шумо писанду аз ҳама муҳимаш даркор аст.
Холаи ҳамакора-ҳама кораш нимкола
Корҳои ҳамарӯза, аз ҷумлаи руфту рӯб, шӯстушӯ, ба тартиб овардани ошхона, либосшӯи, гирифтани чанги мебелу фаршро ҳар рӯз ба иҷро расонед. Ин вақти зиёдатиро намегирад, баъзе занони мо рӯзҳои дароз ба тамошои сериалу консертҳо машғул шуда, барои як ҳафта табаку коса, ғарами либос ва чангу гард ҷамъ меоваранд, ки баъд барои худи онҳо душвор хоҳад шуд. Холаи ҳамакора нашаведу ҳар корро дар вақташ иҷро карда, барои худ ва аҳли оилаатон шароити мусоиди зиндагиро фароҳам оред. Кушиш кунед то рӯзҳои истироҳат, ҳамроҳи кӯдаконатон ба сайри шаҳр ё берун аз шаҳр баромада бо онҳо фурсати сӯҳбат ёбед. Аз хотир набароред, ки мардон низ хонаи ботартибу тоза, зани чаққону кордонро монда ба ҷойи дигар намераванд. Аз зани чирикину ифлос ва ба қавли мардуми русто «бесарфаро» мардон низ мегурезанд.
Телефон-бемор
Ҳар як ихтироъи олимон ба хотири сабук кардани зиндагии инсонҳост,телефони мобилӣ низ, аммо имрӯз ин ихтироъ барои занони мо ба як одати хеле ва хеле бад мубаддал гаштааст. Аксари бонувони мо телефон-беморанд ва дар куҷое рост биёяд аз атрофиён шарм надошта соатҳо бо телефон гап мезананду гап мезананд. Аввал ин ки бо телефон гап задан фарханги худро дорад, шарт нест, ки масалан дар нақлиёти мусофирбар бо тамоми овоз ба дугонаат зиндагии шахсиатро нақл кунӣ. Ба аҳли нишаст ва ҳамсафарони ту ин даркор ҳам нест, танҳо бо ин кор худатонро шарманда мекунеду халос! Барои халосӣ аз ин одати бад, ҳангоми дар ҷойҳои ҷамъиятӣ будан ба шахси зангзананда фаҳмондан даркор, ки вакти сӯҳбати телефони надоред. Масъалаҳои оилавӣ ва розу ниёзатонро беҳтараш сари як пиёла чой дар хонаи хилват ба риштаи таҳлил кашед.
Бисёр донед-тезтар пир мешавед
Як мушкили бисёр паҳн шудаи бонувони мо рашки беасос ба шавҳар, ҳудаю беҳуда дахолат кардан ба корҳои шахсии мард, кофтани телефон ва назорати зангҳои телефонии ӯ мебошад. Бонувони азиз, оё ҳамин барои шумо лозим аст? Марде, ки аз кунҷковӣ ва рашки занаш занаш метарсад ҳама чизро аз ӯ пинҳон кардан мехоҳад. Агар шумо озодона дар хусуси рафторҳои бадаш бо ҳамсаратон гуфтугӯ кардан мехоҳед, ба ҳеҷ ваҷх пинҳонӣ аз рӯи ӯ назорат набаред. Беҳтараш аз худаш пурсед, ки ҳозир ба ӯ ки занг зад ва ӯ кист, ки шабона хеле дер занг мезанад? Бо тафтишоти беҳудаатон ҳам ба ҷони мард мезанде ҳам худатонро дар наздаш бе қурб мекунед. Агар дар рафторҳои шавҳаратон ягон чизи шубҳаомезро эҳсос намекунеду ӯ ба шумою фарзандонатон меҳрубон аст, пас бо хотири ҷамъ зиндагиятонро идома диҳед. Мақоли русие ҳаст, ки «Бисёр донӣ-зудтар пир мешавӣ».
Худатонро дӯст доред!
Як одати маъмули бонувони тоҷик ба рӯи ҳама орзуҳои худашон по монда, барои дигарон: Шавҳар, пайвандони ӯ, фарзандону набераҳо, зиндагӣ карданаш мебошад. Албатта ин хуб аст, зеро зан олиҳаи меҳру раҳму дӯстдорӣ аст, вале ҳеҷ гоҳ худатонро фаромӯш накунед. Назди духтур рафтан, аз саломатии хеш огаҳ будан, зебоии худро ҳифз намудан, ба сару либоси худ аҳмият додан, асабӣ нашудан-ин ҳама дар мачмӯъ нишонаи он аст ки зан буданатонро фаромӯш накунед! Чун шумо худро эҳтиром мекунеду дӯст медоред, дигарон низ инро иҷро мекунанд. хушбахтии шумо дар дасти худи шумост, аз одатҳои бад пархез карда хушу хуррам зиндагӣ намоед, дугонаҳои азиз!
Ҷавҳар