06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЧИГУНА ТӮҚУМШУЛЛУКРО АЗ ЗАМИНИ КОРАМ НЕСТ НАМУД?

Тӯқумшуллук ва  намуди дигари он, ки  луобӣ ном дорад, бародари тӯқумшуллук буда хонаи дар  пушташ бударо гум кардаасту мисли тӯқумшуллук дар даруни полез ҳама сабзавотҳо, гулҳо ва баргҳои растаниҳоро хӯрда нобуд месозанд. Онҳо ҳаноми гарм ва қоқ будани замин дар он ҷое, ки торик ва нам аст зиндагӣ мекунанд. Ҳангоми шаб ва ё борони онҳо аз ҷои баҷошудаи худ баромада ба  хӯрдани сабзавотҳои дар полез буда сар мекунанд ва ба полез зарари худро мерасонанд. Онҳо растаниҳои нав рустароҳам бо решааш хӯрда нест мекунанд. Тӯқумшуллукҳо сабзавот ва меваҳоро дӯст медоранд ва на танҳо меваҳои онро балки барг, ғӯра ва гули онро низ хӯрда нест мекунад.

 

Мубориза бурдан бо тӯқумшуллукҳои полезӣ

Фанерҳои майдаи нодаркорро ҷамъ намуда, ба рӯи хоки замин мечинем ва дар давоми ҳафта онро об намедиҳем. Тӯқумшуллуқҳо дар зери тахта ҷамъ мешаванд. Баъд аз он, ки замин хушк шуд, дар зери офтоби баланд тахтаҳоро ҷамъ намуда, мегирем. Дар гармии офтоб туқумшуллуқҳо сӯхта нест мешаванд.  Ингуна  тартибро то нест гардидани тӯқумшуллуқҳо метавонед давом додан гиред. Агар дар атрофи меваву  сабзавотҳо пиёз, сир, марамарак ва ҷаъфарӣ коред, тӯқумшуллукҳо аз бӯи онҳо нест мешаванд. Резаҳои тахта ва хокистари чӯбро низ дар полез пошед, тӯқумшуллукҳо дар рӯи онҳо ҳаракат карда наметавонанд. Барои нест кардани тӯқумшуллук метавонед аз намакоб низ истифода намоед. Дар замине, ки помидор, карам, қулфинай ва дигар сабзавоту меваҷоте, ки дар замин мерӯянд ва тӯқумшуллукҳо ба он мечаспанд, агар сир, пиёз ва ҷаъфарӣ шинонед. Агар худи ҷаъфариро низ дар танҳоӣ дар атрофи сабзавоту меваҷотҳо шинонед, тӯқумшуллукҳо аз бӯи он мегурезанд. Метавонед аз пӯстлохи пиёз ҳам истифода баред. Пустлохи пиёзро муддати як соат тар карда, ба сабзавоту меваҳо бипошед, тӯқумшуллукҳоро нест мекунад. Субҳи барвақт ба  сабзавоту растаниҳо об монед, дар муддати рӯз рӯи замин хушк шуда, тӯқумшуллукҳо ҳаракат карда наметавонанд.  Ҳамчунин маводи дорувории металдегид бар зидди ин тӯқумшуллукҳо низ мавҷуд аст, ки онро метавон дар полезҳо истифда бурд. Аммо онро аз ҳама охир, вақте, ки маслиҳатҳои боло натиҷа надод, метавон мавриди истифода қарор дод. Душманони маъмулии тӯқумшуллукҳо ғук, сусмор ва парандаҳо мебошанд. Хулоса, кӯшиш намоед инҳоро ба заминатон ҷалб намоед. Онҳо мушкилатонро дарҳол ҳал менамоянд.

 

Сараева Ф.

:.  Аз ҳар боб 25.08.2014 10:13 2270

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz