Ин ҳарфҳои модар ба Шаҳодат асар карданду назди худ қавл гузошт, ки кадом хостгоре пеш омад, розигӣ ҳоҳад дод.
Пеш омад «хуш» омад
Рӯзе аз деҳаи Ғускеф хостгоре пайдо шуд, ки қаблан бо Шаҳноза шиносоӣ пайдо намуда, бо муомилаи хубу рафторҳои диққатҷалбкунандааш дили духтарро гарм карда буд.
Гарчанде модар чизеро дарк карда, мехост ба шавҳар баромадани духтарашро то баъди зимистон ба таваққуф гузорад, аммо аз эроди духтараш « Модар, Шумо қавл дода будед, ки шахси дилхоҳатро ёфтӣ, ба шавҳар баро, ку» ноилоҷ розигӣ дод.
Ҳамин тавр, тӯй барпо шуду як муддат домоду арӯс дар хонаи модари Шаҳноза зиндагӣ мекарданд, то ҷавон ҷойи кор ёфта, рӯзгори оиларо ба пеш барад. Аммо рӯзҳо мегузаштанду ҷавонмард кӯшиши ёфтани ҷойи кор надошт, баръакс, ба ҷуз хӯрду хоб дигар шуғлеро намеписандид.
Рӯзе модар ҷавононро назди худ хонда гуфт: -Фарзандонам, оё Шумо дар бораи ояндаи ҳаёти хеш фикр мекунед? Домод, бояд ҷойи кор пайдо намоӣ. Ман оқибати бекории Шуморо хуш надорам. Ё занатро гирифта ба хонаи волидонат бирав ва шояд ворисонат ҳаёти минбаъдаи Шуморо ба танзим дароварда тавонанд.
Баъди ин сӯҳбат ҷавон ба Шаҳноза таъкид мекунад, ки агар модарат хоҳиши рафтани моро дошта бошад, бигзор меравем ба зодгоҳи ман, баъд мефаҳмед, ки ҳаёт дар деҳот чӣ гуна аст.
Сафар ба Ғускеф
Субҳи барвақт зану шавҳари ҷавон дар сумкаҳо ҷиҳозҳои лозимиро гирифта ба роҳ баромаданд. Вақте Шаҳноза ба хонаи волидони шавҳар расид, эҳсоси нохуше вуҷудашро фаро гирифт, аммо ба худ мегуфт: Худро ба даст гир, Шаҳноза, ин нахустин имтиҳонест, ки бояд онро бо сарбаландӣ паси сар намоӣ.
Дар хонаи зодмандони шавҳар ба ҷуз хусуру хушдоман 5 оила зиндагӣ доштанд. Шаҳноза аз субҳи барвақт корҳои хонаро ба сомон расонида, баъд ба ҷойи кори шавҳараш мерафт. Шодибек, ки дар деҳа зиндагӣ кардан намехост, ҳар лаҳза Шаҳоназро таънаву маломат мекард, ки модарат моро дар хонааш роҳ надоду, акнун дар русто азобу уқубат мекашанд.
Кор ба ҷойе расида буд, ки акнун шавҳари хушмуомила ба таҳдиду хушунат даст зада, ҳатто Шаҳнозаро таъкид мекард, ки туро кушта ба дарё партофта, ба зодмандонат мегӯям, ки духтари бероҳаатон бо марди ношиносе аз хонаи ман гурехтааст. Аммо арӯси бадбахт ба ҷуз сабру тоқат дигар илоҷе надошт, зеро дар ин хонадон арӯсон ҳуқуқи истифода аз телефонро надоштанд, то бо пайвандонашон суҳбат намоянд.
Модари Шаҳноза баъди рафтани духтару домодаш гумон дошт, ки чанде баъд лоақл ба ӯ занг зада аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар мешаванд. Хобу хаёлҳои парешон рӯз ба рӯз гумонҳои бадро дар дили модар меафзуд. Ҳамин тавр, як рӯз пайвандони Шаҳноза роҳ сӯйи деҳаи Ғускеф гирифтанд.
Гарчанде он шабу рӯз дар Ғускеф барқ набуд, аммо дар хонаи қудо аз генератори барқӣ фурӯзон шудани ҳавлиро дида модари Шаҳноза дар дил шукрона мекард, ки фарзандаш дар ҷойи хуб афтодааст. Вале бо дидани духтари нозбӯяшон, ки сару рӯяш аз зарби мушту лагад варамида буд, хотири пайвандон якбора тира гашт. Аммо Шодибек, ки бо баҳонаи коре аз рӯ ба рӯ шудан бо хусуру хушдоман худдорӣ карда, он шабу рӯзи дигар ба хона наомад.
Ҳамин тавр, Шаҳноза хортири вақти волидонро хуш намудан ҳаёти оилавиашро таъриф карда иброз дошт, ки аз зиндагӣ шикоят надорад. Зодмандон рӯзи дигар ба хонаи худ баргаштанду хушунатҳо ба сари Шаҳноза аз нав шуруъ шуданд. Акнун баъди меҳмонии зодмандони Шаҳноза таънаву маломатҳои зиёд аз шавҳару хушдоман мешунид.
Фирор аз «бахти» аввал
Шаҳноза, ки дар оилаи зиёӣ ба воя расида ба ҳуқуқи инсонҳо аҷр мегузошт, оқибат рӯзе ба худ суол дод: «Чӣ ӯро водор намудааст, ки ин ҳама хушунату мушту лагадҳои шавҳару пайвандони ӯро таҳаммул намуда, мисли ғулом зиндагӣ намояд? Бахти аввал ё муҳаббати дурӯғини Шодибек?»
Ҳамин тавр, шаб якчанд ҷуфт сару либоси худро ғундошта ба сӯйи манзили зодмандони худ фирор мекунад.
Нимашабон дар роҳи мошингард ронандаи мошини боркаше Шаҳнозаро танҳо дида, наздаш меистад. Акнун Шаҳноза дар роҳ сӯйи шаҳр танҳо хотираҳои ношоди пушти- саршударо, ба ёд оварда, худро тасаллӣ медод, ки ҳеҷ гоҳ аз кори имшабааш пушаймон нахоҳад шуд. Ронандаи мошини боркаш вақте қиссаи зиндагии Шаҳнозро шунид раҳмаш омаду ӯро то назди дарвозаи манзили зодмандонаш оварда, ба падару модараш супурда, таъкид кард, Ман Шуморо намешиносам аммо аз нақли духтаратон боварӣ ҳосил кардам, ки ба хонаатон баргаштанаш кори дуруст аст.
Тӯҳмат ва озодӣ
Шавҳари Шаҳноза баъди фирори ҳамсараш дар ғазаб шуда ба худ мегуфт ин духтар худаш кист, ки худсарона хонаи маро тарк мекунад. Аммо баъди чанд рӯз фаҳмид, ки дигар дасташ ба гиребони Шаҳноза нахоҳад расид ва дигар ӯ болои сари ин духтари мазлум сиёсат карда наметавонад. Инак, ӯ роҳи дигарро пеш гирифта, бо макру ҳилла кӯшиши бозгашти ҳамсарашро бо хона мекард, аммо Шаҳноза дар азмаш қатъӣ буду ба аммаву дигар хешовандонаш гуфт: -«Нисбати Шумо эҳтироми зиёд дорам, аммо дар мавриди бозгаштам ба хонаи шавҳар хулосаам қатъист, ман ғуломию беҳуқуқӣ ва поймол шудани шаъну шарафамро қабул надорам. Агар ҳамин махлуқро бахти аввалу охири ман мешуморед, пас, ман аз чунин бахту шавҳардорӣ рӯй гардонидам».
Шаҳноза бори дигар ба таъкиди хешовандон, ки мабодо рӯзе пушаймон нашавӣ бо қатъият гуфт: «Дар хонае, ки келин рӯз ғуломвор аз кӯҳу дарраҳо ҳезуму чукрию торон кашонида, онро фурӯхта пулашро ба шавҳар месупораду бар ивази заҳматаш мушту лагад мехӯрад, зистан зиндагӣ нест, таҳқири худ аст.»
Шаҳноза, хуб дарк мекунад, ки пошхӯрии оилааш бадбахтӣ аст, аммо чораи дигар надорад, зеро ба оилае, ки бо орзу арӯс шуда рафта буд, ояндаи хушбин надошт, зеро оқибати он ҳама муносибати ваҳшиёнаи шавҳару зодмандонаш ҳодисаҳои аз ин ҳам бадтарро дар пай доштанд.
Зебо Давлатова
Файзобод - Ромит - Файзобод