Салима ташвишомез гӯшии телефонро гирифта аз ҳолу аҳволи духтараш пурсон шуд.
-Модарҷон кадом як хешованди Шумо ба хонаамон меҳмонӣ меояд… Ӯ мегӯяд, ки як шиноси давраи донишҷӯиятон аст..
Салима ба фикр андармон шуду чеҳраи умрбод дар ёдмаш монда - Сулаймон пеши назараш омаду як эҳсоси сард вуҷудашро фаро гирифт. Овони донишҷӯиро пеши назар овард.
Ӯ ва Сулаймон дар як деҳа ба воя расида, баъди хатми мактаб якҷоя ба донишгоҳ дохил шуданд. Салима нисбати дигар ҳамсабақон фарқ дошту ба нигоҳи харидоронаи ҳамсолон аҳамият намедод. Зеро Салима Сулаймонро дӯст дошта, ишқи ӯро дар дил мепарварид. Боварии комил дошт, ки баъди хатми донишгоҳ Сулаймон ба хонаи онҳо хостгор равон мекунаду дар деҳа тӯй мешаванд. Давраи тиллоии донишҷӯӣ ба итмом расиду Салима ба деҳа баргашт ва Сулаймон дар шаҳр барои ҳамешагӣ монд. Акнун орзуҳои ҷавонӣ хазон мешуду дар ёду хотираҳои Салима ба ҷуз доғ аз ишқи он булҳавас дигар чизе намонда буд. Зеро Сулаймон аз ӯ дури ҷуста бо дастгирии падари сарватмандаш дар шаҳр соҳиби хона шуд.
Салима домони поки худро бо умеди эҳсоси дуруғин дар ишқи Сулаймон бохта буд. Ба сӯзу гудоз ва зориҳои ӯ дӯстдоштааш аҳмият намедод. Дар арафаи хатми донишгоҳ Салима ҳис кард, ки модар мешавад. Аз ин шарм ба деҳа омадан намехост, чун ки ба чашми мардум чӣ гуна нигоҳ мекард. Акнун ӯ дигар он Салимаи чеҳракушоду хушбахт набуд. Вақте ба деҳа баргашт Ориф, ки ӯро дӯст медошт, ҳамаи гуноҳҳояшро сарфи назар карда, ба ӯ хонадор шуд. Гарчанде таваллуди фарзанди нахустини Салима боиси гапу калочаҳои зиёд дар деҳа шуд, аммо Орифи мафтуни ӯ ба Салима меҳру муҳаббати бештар нишон медод. Духтарчаро чун фарзанди худ дӯст дошта ба тарбияаш аҳамияти зиёд медод.
Салима бошад, баъди парешонҳолиҳои зиёд аз ишқи нокомаш ба тақдир тан дод.
Сулаймон бошад дар шаҳр дар ҳавои булҳавасиҳои худ умр ба сар мебурд. Охиран бо бевазане, ки аз ӯ 15 сол калону соҳиби се фарзанд буд, оила барпо намуд. Ин издивоҷи Сулаймон танҳо ба хотири мансабпарастию сарват буд, зеро ҳамсараш духтари мансабдор буд. Замоне падарарӯси ӯро бо ҷурми порахӯрӣ аз мансаб сабукдуш карда, ба ҳабс гирифтанду барои Сулаймон ҳаёти сангин оғоз шуд. Баҳсу муноқишаҳо ба пошхӯрии оилаи онҳо оварда расонд. Дар ин муддат ӯ соҳиби ду писар шуда буд. Оқибат зан бо ҷурми нашъаҷаллобӣ равонаи зиндон гардида, аз олам даргузашту тарбияи фарзандон бар дӯши Сулаймон уфтод. Ӯ аз издивоҷ бо ҳамсари дуввумаш соҳиби 4 фарзанди дигар гардид.
Писари калониаш ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ ошиқи духтараки деҳотӣ гардида, намедонист, ки зодмандони онҳоро чӣ иртиботе бо ҳам доранд. Фаррухҷон падарро розӣ кунонд, ки ба хонаи дӯстдоштааш Ҳабиба хостгорӣ равад.
Рӯзи шанбе буд. Салима интизори хостгорҳои духтараш ба фикру андеша ғуттавар буд. Изтироб аз он дошт, ки хостгори духтараш чӣ инсоне бошад, ки аз айёми донишҷӯӣ ӯро мешинохтааст. Салима, ки чандин соли баъди марги Ориф ба шавҳар набаромада буд, дар хонадоршавии духтараш масъулияти вазнинеро эҳсос мекард.
Вақте хостгорҳо ба ҳавлии онҳо ворид шуданд, Салима аз дидани Сулаймон дар ҷояш шах шуда монд. Ӯ бо ду даст рӯяшро пӯшонида ҳазин мегирист. Сулаймон ба духтари ҳосили айёми булҳавасиҳояш хостгорӣ карданашро фаҳмида ба худ нафрат мехонд. Сулаймону Салима хотири иззати фарзандон асрори нуҳуфтаро ошкор накарданд. Аммо ба ин суол дармонда буданд: «Ба фарзандон чӣ гуна фаҳмонем, ки онҳо «лоиқ»-и ҳамдигар нестанд». Вақте чашмони 23 сол ҳамдигарро надидаи Сулаймону Салима ба ҳам бархурданд, нигоҳҳо ғарқи ҳисси нафрат буданд. Нафрат ба ҳавасу иштибоҳи бузурги ҷавонӣ.
Зебо Давлатова