06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАРЗИ ДУРУСТ ДАРЗМОЛ КАНДАНИ КУРТАИ МАРДОНА

Зичӣ ва суръати гармӣ. Дараҷаи гармӣ ёрӣ медиҳад, ки либосҳои аз пахтаю абрешим тайёршуда зуд дарзмол шаванд.

Лавҳа барои либос дарзмол кардан. Ин воситаи ивазнашавандаи сифати хуби дарзмол намудани либосҳост. Розӣ шавед, ки ягон миз, курсӣ ва ё ҷевон ҷойи онро гирифта наметавонад, зеро сахтии болояш ва баландии он барои хуб дарзмол кардан ёрӣ медиҳад.

Пошдиҳаки обӣ . Агар  дарзмол  таҷҳизоти обпошак дошта бошад, ба шумо пошдиҳаки обпуркардашуда лозим нест. Агар дарзмоли оддӣ бошад, шумо аз пошдиҳаки обпуркардашуда истифода баред. Маслиҳати умумӣ барои ҳама намуди матоъҳо – набояд матои чиркдоштаро газмол  намуд, зеро чирки он чуқуртар ба матоъ часпида  вақти шустан  дигар тоза намешавад.

Сачоқи сафеди пахтагин. Барои хуб дарзмол намудани либосҳо ба рӯи лавҳа сачоқи сафеди пахтагинро ду ва ё се қат намуда меандозем, ки он барои остинҳои курта ва гиребони онро хуб дарзмол намудан ёрӣ мерасонад.  

                                           

ДАСТУРАМАЛ

 

Роҳи 1-ум – Тартиби ҳарорат

Дар мадди аввал ба ҳарорати дарзмол ва  намуди матоъ аҳамият диҳед. Агар дар таснифи дарзмол ҳарорат барои кадом матоъ кашида шуда бошад, дилпурона метавонед намуди матоъро нигоҳ карда аз рӯи он ҳарорати дарзмолро гузоред, вале ҳангоми истифода аз матои полиэстерӣ бояд ҳарорати дарзмолро хело паст намуд.

Барои дарзмоли матои куртаи 100% пахтагӣ  аз ҳарорати 150 градус гармӣ ва буғ истифода намудан мумкин аст.

Матои куртаи аз пахта ва дар таркибаш полиэстер доштаро бо ҳарорати 110 градус метавон дарзмол намуд ва дар ин ҳолат буғро кам истифода баред.

 Куртаи матояш шоҳигиро бо ҳарорати 120 градус метавон дарзмол намуд. Онро бо буғ метавон дарзмол намуд.

Куртаи  матояш аз пахта ва абрешимро бо ҳарорати баланди дарзмол 180-200 градус ва буғи зиёд дарзмол намоед.

Куртаи  аз котонро (льн) бо ҳарорати 210-230 градус ва буғи зиёд бояд дарзмол намуд.

 

Роҳи 2-юм – куртаи нам ва ё хушк бо дарзмоли бе буғ

Либосро ҳангоми аз мошинаи либос хушккунак  гирифтан, дарзмол намоед  ва агар либос хушк бошад онро нам намуда дарзмол кунед.

Куртаи  матояш аз пахта ва котонро каме  нам намуда, сипас дарзмол кунед. Агар курта хушк бошад, онро бообпошак тар созед.

Куртаи матояш котонро (льн) якчанд дақиқа бо сачоқи патдори дар оби гарм таршуда печонед.

Куртаи матояш абрешимиро ба воситаи матои пахтагии тар бояд дарзмол кард.

Куртаи абрешими сунъиро об напошида дарзмол намоед, зеро агар онро об пошида дарзмол намоед, пайи об дар он боқӣ мемонад.

 

Роҳи 3-юм – гиребон

Либосро ба тарзи зер дарзмол  намоед:  гиребон -> остинҳо 0-> раф -> пушт. Дарзмол кардани курта пеш аз ҳама аз гиребон сар карда мешавад. Дар аввал қисми беруна, ҷойи ноайён, баъд аз он қисми дарунаро, ки айён аст, дарзмол менамоем.Баъд аз гиребон ба саростини курта мегузарем

 

Роҳи 4-ум – остин 

Баъд аз гиребон ба саростини курта мегузарем.Саростинро ба рӯи лавҳаи дарзмолкунак кушода рост карда бо нӯги дарзмол дарзмол менамоем. Эҳтиёт бошед! Тугмаҳои  курта метавонанд об шаванд. Барои ҳамин на тугмаи остин ва на рафи пеши куртаро, ки тугма доранд, аз рӯяш дарзмол нанамоед.

Дарзмол намудани остинро аз боло, аз ҷое, ки он дӯхта шудааст, ба сӯи поён то нӯгостин дарзмол менамоем, чун ин тарафашро дарзмол намудем остинро гардонда тарафи дигари дарзмол нанамударо ҳам дарзмол мекунем.

 

Маслиҳат. Барои матои ғавс аввал  куртаро аз дарун баъд аз берунаш дарзмол кардан лозим аст, чунки матоъи ғавсро дарзмол намудан каме мушкил аст, зеро он ба зудӣ   рост намешавад.

 

Роҳи 5 –ум – рафҳо

Акнун мегузарем ба рафи пеши курта. Ин ҷо роҳи асосиро рафи тугмадор мебозад ва бояд эҳтиётона  дарзмолро ба тугмаҳо наздик нарасонида  дарзмол намоед. Боқимондаро метавонед бо дилпурӣ анҷом диҳед.

 

Роҳи 6 –ум – Тахтапушт

Роҳи охирони дарзмол намудан ин тахтапушти курта аст. Ин он қадар мушкил нест ва тарзи дарзмол намуданаш  осон аст. Дарзмолро мебоист аз зкри остин   ба сӯйи поён дарзмол намуд.

 

Фотима С.

:.  Аз ҳар боб 26.05.2014 10:41 5700

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz