Кори тамоми узвҳои мо тавассути системаи асаб зери назорати майнаи сар сурат мегирад. Ҳароммағз «намоянда» - и асосии майнаи сар буда «иттилоот» - ро ба тамоми гӯшаҳои гуногуни ҷисм паҳн менамояд. Аз он асабҳое паҳн мешавад, ки иттилоотро мувофиқи ҷойи муайяншуда мерасонад. Бемориеро, ки бо сабаби иллатёбии асаб сар мезанад, дар истилоҳи тиббӣ «нейропатия» мегӯянд. Сохторҳои нисбатан сахти бадан устухон, буғумҳо асабҳоро байни худ зер мекунанд, ки дар натиҷа ҳамон узв нохушӣ эҳсос мекунад. Агар саривақт ин ноҳинҷорӣ муолиҷа нашавад, он ба дард табдил меёбад. Дард ногаҳонӣ сурат мегирад, чунончӣ, ҳангоми якбора тоб додани сар ва ё бе тайёрӣ хам шудан, ки мо бошем инро рагкашии гардан ва ё дарди миён меномем. Ҳол он ки дар сурати зарб хӯрдани асабҳо дар дохили канали сутунмӯҳра, сохтори сутунмӯҳра тағйир ёфта кас гирифтори остеохандроз мешавад. Дискҳои миёни сутунмӯҳра бо сабаби бузургсолӣ ва норасоии моддаҳои ғизоӣ тунук мешаванд. Бинобар ин, устухонҳо ба торҳои асаб мерасанд. Дарди доимии миён натиҷаи таъсиррасонии ҳамин устухонҳо ба торҳои асаби сутунмӯҳра аст, ки дарди онро метавон бо гармии хушк таскин бахшид. Баъзеҳо ҳангоми дарди миён малҳам ва ё гелҳои гармкунанда мемоланд. Ҳол он ки бе тавсия духтур ингуна муолиҷа баҷои фоида зарар мерасонад. Зеро духтури асабшинос сабаби осеб дидани асабро муайян намуда, баъд табобат мефармояд. Агар осебёбии асаб дар натиҷаи таъсири дискҳои сутунмӯҳра рух дода бошад, истифодаи марҳаму гелҳои гармкунанда зарар мерасонад. Бинобар ин, пеш аз истифодаи онҳо аз духтур маслиҳат гирифтан заруртар аст. Агар шумо аксари рӯзи кориатонро дар ҳолати нишаста мегузаронида бошед, баъди ҳар 30 – 40 дақиқа танаффуси кӯтоҳ карда, ҳаракат намуданатон лозим аст. Машқҳои сабук, хаму рост шудан, ба паҳлӯ хам шудан барои давидани хун ва фаъолшавии асабҳо кӯмак мерасонад. Зимни авҷгирии остеохандроз то поёнёбии табобат аз варзиш чанд муддат худдорӣ бояд кард.
Таснифи Ф. Сараева