06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЧӢ ГУНА АЗ ЛИБОСҲО ЛӮНДАЧАҲОРО НЕСТ КАРДАН МУМКИН?

 

Лӯндачаҳо аз куҷо пайдо мешаванд?

     Бисёртар лӯндачаҳо дар матои трикотажӣ пайдо мешавад. Асосан онҳо ҳангоми аз болои як либос пӯшидани дигар либос масалан аз болои свитер пӯшидани  либосе, ки матоъҳои онҳо бо якдигар таъсири мусбат ва манфии худро дорад пайдо мешавад. Лӯндачаҳо –  нишонаи он мебошанд, ки ё сифати матои он паст аст, яъне  дар таркибаш синтетика дорад ё ин ки печ дар печии риштаи он зич мебошад. Дар вақти харидорӣ намудан аз матоъ ва ё либосҳо низ метавон фаҳмид, ки он лӯндача мезанад ё не. Аломати якум- мавҷуд будани пат дар матои трикатажӣ мебошад, ки он ҳангоми пӯшидану ба якдигар расидан ба лӯндачаҳо табдил мегардад.

Бисёре аз мо кӯшиш менамоем, ки аз хариди либоси арзон даст кашем, зеро метарсем, ки онҳо лӯндача мезананд. Аммо новобаста аз он, ки либоси харидаи мо гаронбаҳост ё арзон,  масъалаи лӯнда заданаш аз эҳтимол дур нест.                                                                                                    

 

Аз ҳама бештар сабаби пайдоиши лӯндачаҳо ин:

  • 1.синтетика доштани матоъ;                                                                                                
  • 2. тарзи нодурусти нигоҳубини либос;
  • 3. номустаҳкам ва ё печ дар печии зичи риштаи матоъ;                                                      
  • 4.  масофаи дурии ришта.                                

Ҳоло мо барои шумо чанд роҳи аз лӯндачаҳо раҳо шуданро пешкаш менамоем:

1.Усули аз ҳама маъмулии нест кардани лӯндачаҳо ба воситаи чӯткаи маъмулист. Ин корро бо чӯткаи дандоншӯӣ низ метавон иҷро намуд. Аммо диққат диҳед, то симҳои чӯтка сахту дағал бошад, дар акси ҳол он пурра нест намешавад. Вале ин усули муваққатист, зеро баъди чанде он дубора пайдо хоҳад шуд.

2.Усули дигар каме хавфнок, аммо пуртаъсир аст. Алмоси ришгирӣ лозим аст. Либоси лӯндачазадаро дар рӯи миз гузошта аз боло ба тарафи поён метарошем. Баъдан ин усулро баръакс идома медиҳем. Ин усул барои либоси нарм роиҷ нест. Дар ҳар сурат эҳтиёт намоед, ки либос ё дастатонро набуред.

3.Усули кунунӣ барои  дилхоҳ  либос новобаста аз намуди либос, бехатар аст. Часпакро (скотч)  дар наварди рангзанӣ часпонида бо он лӯндачаҳоро низ тоза намудан мумкин аст ва ё пораи хурди коғази регдорро гирифта лӯндачаҳоро нест намоед. Аммо ин усул на барои ҳама хели либос пешбинӣ шудааст. Баъзе лӯндаҳоро аз либос ба воситаи он метавон осон нест намуд, баъзеяшро не.                                                                       

4.Бо чӯткаи дандоншӯӣ  ҷои лӯндача шудаи либосро тоза намоед агар он зичи бад набошад чӯтка низ барои тоза намудани лӯндачаҳои хурд ёрӣ мерасонад.  

5.Нағз ёрӣ медиҳад хокае, ки дар таркибаш махсус иловаҳое дорад, ки дар он навишта шудааст: «барои нарм кардани нах».                                            

6.Роҳи дигари аз ин мушкилӣ  раҳо шудан, мошинкаи махсусест, ки онро метавонед аз мағозаҳои молҳои рӯзгор пайдо намоед. Он метавонад ҳам аз либос, ҳам аз мебел ва ҳам аз қолин лӯндачаҳоро тоза намояд. Он ба воситаи ду батарейкаи хурд кор мекунад.

 

Сараева Ф.

:.  Аз ҳар боб 24.04.2014 11:27 2427

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz