УРЕБЧАҲО (ПАМПЕРСҲО) : МАНФИАТ ВА ЗАРАР
Истифодаи уребчаҳо барои тифлакону кӯдакон аз мисоли дастрасӣ ба технологияи муосир арзёбӣ мешавад. Солҳои охир мавриди истифода қарор гирифтани онҳо хеле густурда шудааст. Уребчаҳо (памперсҳо) барои модарони ҷавон хизмати беминнатро анҷом медиҳанд. То пайдо шудани онҳо модарон дар як шабонарӯз чандин маротиба таҳпӯши тифл ва дигар либосҳои заруриашонро иваз мекарданд. Маълум, ки тифлон тез-тез пешоб мекунанд ва либосҳои худро тар месозанд ва ғайра. Истифодаи уребчаҳо ин заҳмати модаронро дар иваз кардану шустани либосҳои кӯдаконашон ба маротиб кам кард. Дар воқеъ, агар модар бо тифли навзод ва ё кӯдакаш ба сафаре барояд ё ба меҳмонӣ биравад, ҳатман аз уребча истифода мебарад ва ин хуб аст. Истироҳати кӯдак хуб таъмин мешавад. Мутобиқи дастури мутахассисон истифодаи уребчаҳо (памперсҳо) дар муҳлати муайяне муфид аст, аммо агар ба қавоиди зарурӣ риоя накарданд, он ба саломатии тифл ва кӯдак зарар мерасонад.
Омилҳои манфӣ
Истифодаи уребча ҳангоми шаб вақти хоби кӯдак хуб аст. Рӯзона дар мавриди сафар ба ҷое ва ё ба меҳмонӣ рафтан ҳам қабул мешавад, аммо агар онро соатҳои тӯлонӣ дар бадани тифл ва кӯдак нигоҳ дорем, зарар дорад. Духтурони педиатр мегӯянд, ки ҳангоме кӯдак бедор асту дасту пой мезанад, аз истифодаи уребчаҳо худдорӣ кунем, беҳтар аст, зеро дар ҷараёни ҳаракати дасту пой бофтаҳои пойҳо, қисмати миёну гурдаи тифлакон инкишоф меёбанд. Аммо вақте ба тифл ва ё кӯдак уребча мепӯшонему соатҳо онҳоро дар ин ҳолат нигоҳ медорем, онҳо наметавонанд озодона дасту пой занад ва ин раванд инкишофи қисмати бо уребча пӯшондашудаи бадани тифл ва кӯдакро бозмедорад. Ин амал ба писарчаҳо бештар зарар доштааст, зеро истифодаи номураттабу хеле зиёди уребча ба узви таносули онҳо таъсири манфӣ мегузоштааст. Ин далели мутахассисон аз нигоҳи илмӣ исбот ҳам шудааст ва набояд ба ин фарзия бетафовут бошем. Мутаассифона, имрӯз бисёр модарони ҷавон ба ҷурми ноогоҳӣ ва «осон» кардани ташвиши худ аз ин «усул» зиёд истифода мебаранд. Соатҳо, ҳатто тамоми рӯзу шаб тифлакону кӯдакони худро бо уребча нигаҳ медоранд. Ин оқибати хуб надорад! Баъзан ҳолатҳое ҳам мешудааст, ки уребчаҳои истифодашударо бо об шуста бори дигар ба тифлон мепӯшонанд. Ба андешаи мутахассисон ин кор боз ҳам хатари дучандро пайгир аст ва тавсия медиҳанд, ки ҳаргиз ба чунин амал даст назананд. Ҳаргиз! Дар ин маврид зарур аст, ки маърифати гигиении модарони ҷавон такмил ёбад. Аз қадим миёни мардум шеваи калон кардани тифлон, риояи тозагӣ, роҳати хобу хӯрокашон ва аз ҳама гуна бемориҳо нигоҳ доштани онҳо мавҷуданд ва то имрӯз маъмул ҳам ҳастанд, аммо чаро баъзан мо аз инҳо сарфи назар мекунем ва ба ҷони тифлакони худ ҷафоро раво мебинем? Беҳтарин усули роҳати хоби тифлакон ин гаҳвора аст, ки ба истилоҳи мардум «тару хушкаш»-ро нигоҳ медорад ва хоби бароҳати онҳоро таъмин месозад. Ва муҳимтар аз ҳама дар ташаккули ҷисмонии онҳо манфиати бештаре ҳам дорад. Ақидаҳое, ки кӯдак дар гаҳвора бо дасту пойи баста дуруст инкишоф намеёбад, ғалат ҳастанд. Гаҳвора беҳтарин хонаи хобу истироҳати тифлакон аст. Агар чунин намебуд, ин шева кайҳо аз миён мерафт ва мутахассисон ҳам оид ба зарари он сухан мекарданд. Мутаассифона , имрӯз нақши гаҳвора ҳам то ҷое миёни хонаводаҳои шаҳриён мақоми худро аз даст дода истодааст ва ҷойи онро болинчакҳои замонавӣ гирифтаанд. Боке нест. Ин талаботи замони муосир ва пешрафти зиндагист, аммо гаҳвора чун хонаи хоби тифл ҳеҷ гоҳ мақом ва аҳмияти худро аз даст нахоҳад дод.
ЭМИЗАК (СОСКА)
Соскаро ҳам модарон барои ором кардани тифлаконашон зиёд истифода мебаранд. Соатҳо, ҳатто баъзан тифлакону кӯдакон дар даҳон соска рӯзро шабу шабро рӯз мекунанд. Тифлакон албатта зиёд гиря мекунанд. Ё ба ҷурми ташнагӣ, гурусна мондан ва ё дарде, аммо забону гуфтор, ки надоранд, наметавонад матлаби худро арз кунанд. Модарон бошанд, дар ин ҳолатҳо ба даҳони тифлашон соска мемонанду ӯ ором мегирад. Истифодаи зиёди соска ҳам зарар дорад. Ба андешаи мутахассисон истифодаи аз меъёр зиёди соскаҳои резинӣ ба узвҳои даҳону дандон, гӯшу бинӣ ва гулӯи тифлакону кӯдакон зарари ҷиддӣ мерасонад. Инро ҳам бояд донист, ки ҳама чиз меъёру андозае дорад. Баъзе кӯдакон ба он одат мекунанд ва то синни 2-3 солагӣ соскаҳои сунъӣ мемаканд. Тасаввур мекунед, ки тайи ин мӯҳлат ба кӯдак чӣ зараре мерасад? Агар дарк созеду фаҳмед, пас, аз ин дастур ҳам кор бигиред. Саломатии тифлакону кӯдаконатон, роҳати хобу хӯрокашон ва инкишофи ҳамаҷонибаи ҷисмониашон дар дасти шумост, модарони азиз!
Р.Камол