Са — калсий дар организм вазифаи муҳимро мебозад. Норасоии Са(калсий) ба дарди тахтапушт, кашиши мушак, мушкилот бо дандон, муй ва нохун оварда мерасонад. Асосан бисёртар бо норасоии калсий занҳо дучор мешаванд. Ҳангоми хомиладори калсий дар организми зан кам мешавад.Калсий ҳамчунин барои пешгирии бемории норасоии калсий дар устухонҳо, бемории скелети устухонбанди, сустшавии афзоиш, вайроншавии сохт ва сахтии устухон, ки хангоми норасоии калсий ба шикастани устухонҳо оварда мерасонад вазифаи муҳимро мебозад. Норасоии калсий ва дучор ба бемории вазнини норасоии калсий дар устухон ҳамон вақт маълум мегардад, вақто ки устухонхо ва шонаҳо ба шикастан медароянд. Ана барои чӣ мо бояд дар вақташ ингуна беморирио пешгири намоем. Ҳангоми ҳомиладори дар организми зан калсийро бояд аз меъёр якуним маротиба зиёд истифода намуд. Цинк, йод, витамини В6 ва В12- дар холати миёна 30%, оҳан ва фолиевая кислота бошад ду маротиба зиёдтар бояд истифода намуд. Витамин ва минералҳо дар организми зан ҳаргуна вазифаро иҷро менамояд. Чанде аз модаҳо зарур аст барои кори мунтазами системаи гормонҳо, дигаре — барои ҳазмкунии сафедаҳо, сеюмин барои афзоиши ҷанин.
Витамини В6 асабро ором менамояд. Витамини В6 барои нагз инкишоф ёфтани мағзи сар ва тори асаби ҷанин хело муҳим аст. Ва барои зан низ муҳим аст чунки он заҳролудшавиро ҳангоми ҳомиладори каме пешгири менамояд. Норасоии витамини В6 дар организми зан ба харобшавии тори асаб ва камхуни оварда мерасонад. Ба занхои хомиладор норасоии витамини В6 ба кашиши мушакҳо, дилбеҳузури, қайъкунии зиёд, беиштиҳо, асабӣ ва ба бехоби оварда мерасонад.
Нагз аҳамият дихед! Хангоми норасоии витамини В6 варамидани милку пусидани дандон дар занҳои ҳомиладор дида мешавад.
Фолиевая кислота (витамини В9) на танҳо барои ташаккул ва ба шакли муайян даровардани пӯсти кудак сарф мешавад, он ба занҳои ҳомиладор барои аз нав таъмир ва баркарор кардани қафасҳо низ зарур аст. Равиши нобуд шудани як қафас ва аз нав шудани он дар организми ҳар як инсон ҳамавақт руй медиҳад.
Витамини В12 барои равиши омодаи ҳамл шудани тухмаи зан нақши калонро мебозад бо ҳамин сабаб он муҳим аст барои саршавии ҳомиладори. Норасоии ин витамин мумкин оварда расонад ба ҳозир набудани ихроҷи тухма, ё ин ки барои аз инкишоф мондани бордоркунии тухмдон, ки ба исқоти ҳамли барвақтии ҳомиладори оварда мерасонад. Занҳое, ки норасоии витамин дар онҳо дида мешавад он ба безуриётӣ ва ба такрори искоти ҳамли оварда мерасонад. Ҳангоми безуриёти ва ё такрори доимии исқоти ҳамли зан бояд санҷишӣ сатҳи витамин дар организми зан гузаронида шавад. Норасоии витамини В12 дар кӯдакон дида мешавад ҳангоме, ки модарони ингуна кӯдакон аз машруботи спиртдор истифода мебаранд. Ва он занҳое, ки хӯроки бегӯштро истеъмол мекунанд дар онҳо хам низ сабаби норасоии витамини В12 дида мешавад.
Витамини Е (токоферол) барои ҳаво гирифтани пӯст,мубодилаи модаҳои сафеда равған ва карбогидратҳо нақш мебозад. Ҳангоми норасоии витамини Е дар организми зан ва кудак ба ҳаргуна камбудиҳо оварда мерасонад. Ҳангоми кам шудани витамин дар организми зан ба рӯз то рӯз бемадоршавии тамоми бадан ҳис карда мешавад. Дар мушакҳо дард пайдо мешавад, ва он ба исқоти ҳамл оварда мерасонад. Норасоии витамин ба кӯдакони норасиш зарари калон дорад, ки онҳоро ба нобиноиву камхуни оварда мерасонад. Барои кӯдакони солим низ норасоии витамини Е хатар дорад. Бисёри табибон ба занҳои ҳомила витамини Е - ро тавсия медиҳанд. Вале тадқиқотҳо нишон доданд, ки истифодаи витамини Е ба занҳои ҳомиладор зарар низ дорад. Ҳангоми ҳомиладори бисёр истифода намудани витамини Е кӯдакро ба касалии илати дил гирифтор менамояд.
Fе (охан) — бо ҳайати гемоглобин ба тамоми организми на фақат зан балки организми тифлро ҳам низ бо оксиген таъмин менамояд. Норасоии охан ҳангоми ҳомиладори ба заъфи хунравии бачадон, сустшавии имунитет дар организми одам, дар натиҷа сирояти бактерияҳои касалиовар ва ба суст махкамшавии захм оварда мерасонад.
Йод (I) -ҳам барои зан ва ҳам барои тифл зарур аст. Fайр аз ин ғадуди сипаршакл ба шакли муайян даровардани системаи марказии асабҳо ва скелетбандии тифл низ зарур аст. Пур кардани норасоии йодро ҳангоми нав ҳомиладори таъмин намудан лозим аст, ки он бемориҳои нодурусти инкишофи ҷисмонии ҷанин, сустшавии фикррони (эндемический кретинизм), гипотериозро пешгири менамояд. Истифодаи йод ҳангоми ҳомиладори бемории зоби ҳам зан ва ҳам тифлро пешгири менамояд.
Фосфор дар таркиби кадом маҳсулотҳо мавҷуд аст?
Фосфор дар таркиби творог, тухми каду, лӯбиё, ярмаи ҷав ва ярмаи қароболи (перловая и гречневая крупа), панир, чормағз ва гӯшти мурғ мавҷуд аст. Дар як шабонарӯз мо бояд 1,2 грамм фосфор истеъмол намоем.Фосфор яке аз муҳимтарин ҷузъ барои пардаи устухон мебошад.Фосфор яке аз ҷузъи зарури буда барои аксуламали мубодилавии липидҳо таъсири мусбӣ мерасонад, дар бисёре аз аксуламалҳои мубодилави иштирок менамояд аз ҷумла барои сохтани нуклеопретеинҳо,ки он дар навбати худ барои тақсимшавии ҳучайраҳо ва сохтани насл оварда мерасонад. Фосфорро бояд ба аъзои бадан бо якҷояги аз калсий истеъмол намуд. Мувофиқ 1:1,5 (калсий:фосфор). Норасоии фосфор дар организм ба бемории остеопарози пардаи устухон, камшавии ақл ва сустшавии коршоями умуми оварда мерасонад, ки ин намудор мешавад бо фаромушхотири, бемадори ва дарди сар.Организми шахсе, ки ба камшавии макроэлементи фосфор дучор гаштааст ингуна шахс аз зиндагӣ ва донистани ҳаёт дил монда мешавад. Агар дар вақташ мо организми худро аз фосфор пурра нанамоем вазъияти нишонаи он пурҳаяҷонтар мегардад: дар устухонҳо дард пайдо мешавад, агар одам бо ягон коре машгул нашуда бошад ва ё кори сабук карда бошад хам тез- тез хаста мегардад ва он ба зудранҷиву пурҳаяҷони оварда мерасонад.
Барзиёдии фосфор ба бемории сустшавии кори гурда ҷамъ шудани намак, қум дар гурда ва пешобдон оварда мерасонад.
Фотима С.