06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХОСИЯТ ВА ФОИДАИ ВИТАМИНҲО ДАР ОРГАНИЗМИ ОДАМ

Ретинол аввалин  витаминест ки ихтироъ кардаанд ва ба шарофати он  худ номи витамини А ро гирифтааст. Витамини А равғани дар бадан пайдогаштаро нест мекунад ва агар аз меъёр зиёд истифода намоед, ба заҳролуд шудани организм оварда мерасонад. Витамини А (ретинол) ва провитамини он (каротин) дар азнавшавии пӯст нақши асосиро мебозад. Ин ду модда намии пӯстро нигоҳ медорад ва намегузорад, ки пӯст хушк гардад ва дар натиҷа пӯст аз чинҳои бармаҳал эмин мемонад.

 

Маҳсулоти дороии витамини А:

Сабзӣ, тухми моҳӣ ва ҷигари моҳӣ,ҷигари ҳайвонот, маҳсулоти ширӣ, зардии тухм, каду, қаланфури сурх, помидор, ғулинг, мандарин, афлесун, ҷаъфарӣ, шибит,панир, равғани маска(сливочное масло), твороги серравған, қаймоқ ва ғайра. Каротин дар таркиби сабзавоту мевагӣ мавҷуд буда баъди дохил шудан ба организм ба витамини А табдил меёбад.

 

Истеъмоли витамини А дар як шабонарӯз

Барои калонсолон 900 мкг (3000МЕ) – ро ташкил медиҳад.Миқдори кул– 3000мкг (10 000МЕ (международная единица) . Бояд  донист, ки дар як шабонарӯз аз меъёр зиёд истифода намудани витамини А метавонад  ба организми одам зарар расонад ва ҳатто  ба марг низ дучор менамояд.

Витамини А – муҳимтарин аз витаминҳо барои зебогии пӯст ва нигоҳдории сироятнопазирии кори организм мебошад.

 

Витамини Д

Витамин Д (кальциферол)

Имрӯз витамини Д – ро ду намуд ном мебаранд – Д2 ва Д3 –эргокалциферол ва холикалцеферол – ин булӯри беранг ва бебӯй мебошад. Дар ҳарорати баланд низ устувор аст. Ин витаминҳо дар равған ҳалшавандаю дар об ҳалнашаванда мебошанд.

 

Ба витамини гурӯҳи  Д дохил мешавад:

Витамини Д2 - эргокальциферол ; аз хамиртуруш  ҷудо карда шудааст ва моддаи он эргостерин мебошад, ки ин модда ба тамоми аъзои бадани инсон витаминҳоро бурда мерасонад. Витамини Д3 – холекальциферол; аз пӯсти ҳайвонот ҷудо карда шудааст ва моддаи он – 7 – дегидрохолестерин мебошад.Витамини Д4 – 22,23 – дигидро – эргокальциферол; Витамин Д5 – 25- этильхолекальциферол (ситокальциферол); аз равғани гандум ҷудо карда шудааст; Витамин Д6 – 22 – дигидроэтилькалциферол (стигма - кальциферол).

 

Маҳсулоти дороии витамини Д:

Юнучқа,чилбуғум, алафи газанда, зардии тухм,ҷаъфарӣ, равғани маска, панир, тухми моҳӣ, маҳсулотҳои ширӣ,равғани моҳӣ ва ғайра. Холекальциферол бошад, бо шуои офтоб ворид мешавад. Асоси кори витамини Д – афзоиш ва дуруст инкишофёбии устухонро таъмин намуда бемории чиллашӯр (рахит) ва остеопорозро пешгирӣ менамояд. Витамини Д барои танзими ивази мубодилаи маъданӣ ва мубодилаи  калсийи даруни пардаи устухонҳо ва  даруни устухони дандон ёрӣ мерасонад, то  устухонҳо мулоим ва зудшикан нагарданд ва он на фақат ингуна  бемориҳо, балки  бемориҳои пӯст, дил, ва сағона (рак) – ро низ пешгирӣ менамояд. Дар он кишварҳое, ки норасои  витамини Д дар ғизоҳо мушоҳида мешавад, одамон бисёртар ба  бемориҳои дарди артерияҳо (атеросклероз), варами пой, бемории қанд гирифтор мешаванд. Витамини Д бо шуои офтоб низ ба пӯст ворид мешавад. Калсий алергияи пӯстро рафъ намуда ба барқароршавии ҳуҷайраҳо мусоидат мекунад. Маҳсулоти дороии калсий шир,маҳсулоти ширӣ, гулкарам, тухм, барги салат, пиёз, ҷаъфари себ.

 

Витамини Е

Витамини Е (токоферол) антиоксидантест, ки ба ҳар як ҳуҷайрача ғизову ҳаво мерасонад.

 

Маҳсулоти дороии витамини Е:

Равғани растанӣ (офтобпараст, ҷуворимакка, зайтун, зағер) , меваи настаран, зардии тухм, нахӯд, лӯбиё, мош, гандуми сабз.      

 

Витамини С

Витамини С антиоксидантӣ табиӣ ба шумор рафта, ҷараёни пиршавии пӯстро ба таъхир мегузорад. Ҷавҳари аскорбин ташакулёбии сафедаи махсусро, ки онро коллаген меноманд ва аз он чандириву ҳамвории пӯст вобастагӣ дорад, ба эътидол меорад. Витамини С қодир аст рагчаҳои хурди зери пӯстро тақвият бахшида, яраву захмҳои рӯйи пӯстро шифо бахшад. Норасоии витамини С одамро тамоман беҳол карда, вораҳоро мепӯсонад, дандонҳоро мерезонад . Табибон ҳангоми норасоии  витамин дар организм  доруҳоеро, ки дар таркибашон витамини С мавҷуд аст, тавсия медиҳанд.

 

Маҳсулоти дороии витамини С:

Чормағз, карам, гулкарам, афлесун, меваи настаран(шиповник), мандарин, смородинаи сиёҳ, ангат (облепиха), киви, булғорӣ, лимӯ, себ ангур,нок, қулфинай, ҷаъфарӣ, ангури сагак, картошка ва ғайра.

 

Фотима С.

 

:.  Аз ҳар боб 31.01.2014 05:18 15205

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz