Мутаассифона сол аз сол таваҷҷуҳи оила ба мактабхонии фарзандон коста гардида, теъдоди ангуштшумори зодмандонро вомехӯрем, ки барои мушоҳидаи илму донишандӯзии фарзанд вақт ҷудо намуда, соате дар ин ё он соати дарсии фарзанд иштирок намоянд. Ин аст, ки баҳои гузоштаи муаллимон дигар он таъсиру моҳияти пешинаашро надорад ва рӯзномаи хонанда низ нақши робитаи оила бо мактабро намебозад.
Робиямоҳ Раҳимова, омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии №87 шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар замони мактабхонии онҳо баҳои хубу аъло ба руҳияи хонандагон таъсир мерасониду баҳои ду гирифтан барои мактаббача фоҷеаро мемонд. Мутаассифона, имрӯз барои теъдоди бештари наврасон баҳои гузоштаи устодон арзишу таъсире надорад. Бештари хонандаи имрӯз парвое надоранд, ки аз ин ё он фани таълимӣ баҳои ду гирифтаанд. Вақте дар рӯзномаи хонандагони нодон баҳои ду мегузорем, ба ҷойи сурху шармсор шудан, баръакс тамасхур мекунанд. Ҷойи таассуф аст, ки баҳои гузоштаи омӯзгор дар илму донишандӯзии мактаббачагон таъсиргузор нест, - мегӯяд ӯ .
Аз бетафовутии хонандагон дар мавриди баҳои ғайриқаноатбахш гирифтан аз фанҳои таълимӣ бармеояд, ки ё зодмандон ба рӯзномаи мактабӣ ва сатҳи донишандӯзии фарзанд аҳамият намедиҳанд, ё ин ки мактаббача боварӣ дорад, ки новобаста ба сатҳи саводнокиаш волидон ӯро ба ягон мактаби олӣ дохил хоҳанд намуд. Ин ва дигар омилҳо сабаб мешаванд, ки баъзе наврасон на дар хона китоб мехонанду на дар мактаб ба дарси устодон таваҷҷуҳ доранд.
Дар мавриди арзишу моҳияти баҳои гузоштаи муаллимон хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии кишвар андешаҳои гуногун доранд.
Бахтиёр, исми мустаори хатмкунандаи яке аз мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хатлон аст, ки мегӯяд; «Таваҷҷуҳ ба беҳдошти илму донишандӯзии мактаббачагон натанҳо дар оила, балки аз ҷониби омӯзгорон ҳам коҳиш ёфтааст. Баҳогузории хонандагон аз он ҷиҳат таъсири худро гум кардааст, ки омӯзгорон баҳоро аз рӯи ҳақиқат намегузоранд». Бештари баҳоҳои маҷаллаи синфӣ ба хотири пур кардани саҳифаи он асту баҳои ғайриқаноатбахш гузоштан ба хонандагони бесавод қариб аз байн рафта истодааст, - мегӯяд Бахтиёр.
Дар ҳамин ҳол баъзе омӯзгорон ошкоро мегӯянд, ки ба хотири аз мактаб дар канор намондани хонандагони бесавод онҳоро аз синф ба синф мегузаронанд. Зеро таваҷҷуҳи зодмандон ба таълиму тарбияи фарзанд коҳиш ёфта, хонандаи аз соли хониш бозмондаро дубора ба мактаб ҷалб кардан имконнопазир аст. Аз ин рӯ, аз гузоштани баҳои ду дар вақти имтиҳону ҳангоми таҳсил худдорӣ мекунанд.
Мусоҳиби дигари мо Муҳиба Шамсуллоева коҳиш ёфтани арзишу таъсири баҳогузорӣ ба дониши мактаббачагонро ба коҳиш ёфтани шаффофият дар имтиҳоноти мауссисаҳои таълимӣ рабт медиҳад. – Ҳоло барои дар мактабҳои олӣ таҳсил намудан, донишу баҳои дар мактаби таҳсилоти умумӣ гирифтаи хонанда не, балки шароити иқтисодии оилаҳои онҳо нақши асосӣ мебозад. Аз ин рӯ, фарзандони оилаҳое, ки шароити таҳсил дар муассисаҳои олиро надоранд, ба илму донишандӯзӣ таваҷҷуҳи зиёд надоранд.
Дар ҳамин ҳол Зулфия Каюмова, як нафар аз собиқадорони соҳаи маориф мегӯяд, ки қаблан яке аз омилҳои таҳрикдиҳанда барои бо баҳои хубу аъло хондани наврасон ин Созмонҳои «Октябрчӣ» «Пионер» ва «Комсомол»-он буданд. Ба сафи ин созмонҳои талабагӣ пеш аз ҳама хонандагони бо баҳои чаҳору панҷ таҳсилдошта қабул мешуданд. Маросими узвият ба онҳо бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, таассуроти он то дергоҳ дар хотири хонандагон боқӣ мемонд. Ҳоло ба ҷойи онҳо Созмонҳои навгунае мисли «Ахтарон» «Ворисони Сомониён» ва «Сомониён» таъсис ёфтааст, аммо айни ҳол ин Созмонҳо ба руҳияи мактаббачагон он нуфузу таъсиррасониеро надоранд, ки «Октябрчӣ» «Пионер» ва «Комсомол» дошт.
Ба қавли мусоҳиби мо як сабаби дигари таъсир надоштани баҳогузорӣ дар раванди таълими тарбия ин аз байн рафтани ҳамоҳангӣ миёни мактаб бо оила мебошад. Солҳои пеш фаҳму идроки муаллим ва бештари зодмандон қариб дар як сатҳ буд, вале ҳоло аксарияти мардум ба хусус, калонсолони хонаводаҳо дар сатҳи омӯзгорон донишу ҷаҳонибинӣ надоранд. Яъне дар раванди пешрафти илму техника омӯзгорон пеш рафта бошанд, аммо сатҳи донишу ҷаҳонбинии аксар зодмандон баръакс коҳиш ёфтааст. Зеро бештари насли калонсоли хонаводаҳо дар пайи дарёфти қутти лойамут аз китобхонию дигар воситаҳои ташакулли зеҳнӣ дар канор мондаанд.
Хулоса, ин ва дигар омилҳо сабабгори коҳиш ёфтани сатҳи таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ гардида, ҳамзамон баҳогузории омӯзгорон ба донишу маҳорати мактаббачагон таъсиру моҳияти аслии хешро гум кардааст. Аммо соҳибназарон боварӣ доранд, ки мушкилоти беҳдошти сифати таълим ва баланд бардоштани нуфузу эътибори баҳои мактабӣ роҳи ҳал дорад. Пас, роҳи ҳалли қазия дар чист? Чӣ бояд кард то мисли солҳои пешин баҳои толибилмон донишу савод ва сатҳи таълиму тарбияи онҳоро дар мактабу оила нишон диҳад? Ба ин ва дигар суолҳои атрофи мавзуъ посухи хонандагонеро интизорем, ки нисбати ин масоили мактабу маориф бетафовут нестанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ