Мафҳуми бахт аз айёми кӯдакӣ хеле ширин садо медиҳад, зеро аксарияти калонсолон барои иҷрои ягон кори хуб ба духтарҳо ҳамин калимаи сеҳрнокро эҳдо мекунанд: „Худо бахти сафедат диҳад!“ Ин вожаи хушоҳангро аксари духтарон як хел мефаҳманд, яъне шавҳари хубу пулёб, хонаи обод ва фарзанд доштан. Шояд дар фаҳмиши онҳо хатое набошад, зеро мардуми мо бонуеро, ки ҳамин се чизро дорад, хушбахт меҳисобанд, аммо фикри ман дар ин бора дигар аст. Шавҳари хуб, хонаи обод, зиндагии хушу хурамона, албатта, хуб аст, вале на ҳама бонувон аз ин баҳраманданд, пас онҳо бадбахтанд?
Зиндагӣ саҳнаи бозист
Дар урфият мегӯянд, ки зиндагӣ саманди тездаву нофармонест ва танҳо шахси шуҷоъ ва мубориз метавонад онро зери зин нигаҳ дорад. Касоне, ки дар хунашон ҷуръат ҷӯш намезанад, помоли суми ин саманди тездав мегарданд. Мо дар асри бисту якем, ки онро асри инқилоби илму техника номидаанд, аммо бархе аз бонувони тоҷик гӯё дар асрҳои миёна умр ба сар мебаранду бо пайдо шудани монеаи ночизе дар зиндагӣ худро бадбахту бечораю бепаноҳ пиндошта ё сар бар ҳалқаи дор медиҳанд ё худро ба коми оташ меафкананд. Зеро модарони мо тӯтивор дар гӯшамон мехонанд, ки дасти шикастаро зери остину сари кафидаро зери рӯймол пинҳон карда, тоқат намо! Барои бонуи тоҷик аз шавҳар ҷудо шудан, даҳшат аст, мо низ ҳаргиз тарафдори оилавайронии касе нестем, аммо ин бадбахтӣ ба сари ҳар кас омаданаш мумкин аст. Барои ҳамин ба духтарон ғайри роҳҳои муросо намудан бо шавҳару аҳли оилаи ӯ боз гуфтан лозим аст, ки талоқ охири ҳаёт несту пас аз он низ зиндагӣ давом мекунад. Ба ин фоҷиаи зиндагӣ низ бону бояд тайёр бошад, то тавонад бо пайомадҳои он мубориза барад. Вақте фарзанд ба дунё меорад, номи пуршарафи модарро сазовор мегардад ва модар ҳақ надорад, ки ҷигарбандонашро мубталои дарду ғам намояд, аз ин рӯ, мубориз будан ҳатмист!
Қурбонии ҷаҳолат
Ҳар гоҳе дар бораи маҳфуми бахту хушбахтӣ ва ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ сухан меравад, ё аз беандешагӣ ба худкушӣ даст задани бонуеро мешунавам, пеши назарам симои духтари тағоям Робия падид меояд. Ғайр аз риштаи хешу таборӣ доштан, Робия боз шогирди ман буд ва дар мактаби деҳа ба ӯ аз забону адабиёти тоҷик сабақ медодам. Ин духтари болобаланди марғулакокули зебо шеърро хеле зебо мехонду умед дошт пас аз хатми мактаб ба донишгоҳи омӯзгорӣ шомил шавад, вале волидон сади роҳаш шуда ӯро ба ҳамсояписарашон ба шавҳар доданд. Ҳамсоязани меҳрубон, ки то ҷашни арӯсӣ сад бор садқаю балогардони Робия мешуд, дар як муддати кӯтоҳ ба хушдомани золиме мубаддал гашта ҳаёти ӯро ба зулмот табдил дод. Кор то ҷое расид, ки хушдоману хоҳаршӯяш ӯро лату кӯб мекарданд, аз ҳама бадтар, зодмандон азобҳои духтари зебояшонро медиданду ӯро ба сабру тоқат мехонданд. Робия бо сари хам ҷабри шавҳару хонаводаи ӯро тоқат карда, соҳиби ду писари зебо гашт, вале хушдомани золим аз хомӯшии ӯ истифода намуда ҷабрро зиёдтар мекард. Оқибат, косаи сабри бонуи ҷавон лабрез гашту як рӯз баъди лату кӯби навбатии хушдоману хоҳаршӯяш ба хирмани ҷони ҷавонаш оташ зад. Пас аз ду рӯзи рӯй додани ин фоҷиа Робия дар батн тифли 6-моҳа ин олами пуршӯрро падруд гуфт. Хушдоманашро барои ба худкушӣ расонидани ӯ ду сол маҳбасӣ карданд…
Имрӯз аз ин воқеа даҳ сол сипарӣ мегардад, писаронаш яке бо падару дигаре бо волидони Робия ба камол мерасанд, аммо ҷони аз ҷаҳолати хушдоман хазонгаштаи ӯро баргардонида мешавад? Дар мурофиаи судии хушдомани ӯ иштирок доштам. Ин зани ҷоҳил арӯсашро девонаю бемори руҳӣ мехонд. Зани тағоям бошад, пеши кормандони сохторҳои ҳуқуқӣ ба зону зада илтиҷо мекард, ки ӯро низ зиндонӣ кунанд. Модари фарзандгумкарда такрор ба такрор мегуфт: „Ман ҳам гунаҳгорам, зеро азоби духтарамро медонистаму ба ҷойи чорае андешидан, тоқат кун мегуфтам“. Акнун қазовати ин фоҷиа дар ихтиёри туст, хонандаи азиз. Дар марги Робия кӣ гунаҳгор аст, хушдоман, волидон ё худи ӯ, ки раҳоиро аз мушкилоти зиндагӣ дар худкушӣ дид?
Тӯмори бахт
Президенти кишвар дар ҳар як суханронӣ мавқеи зан дар ҷомеаро қайд намуда, сол аз сол барои беҳтар намудани зисту зиндагӣ, саводомӯзию соҳибҳунар гардидани бонувон тадбирҳои гуногун меандешанд. Ин боиси сарфарозии бонуи тоҷик аст. Бесаводӣ сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳои инсоният аст. Барои ҳамин ҳам волидон бояд пеш аз ҳама бикӯшанд, то коми фарзандони худро аз чашмаи маърифат ширин созанд. Хусусан, барои духтарон омӯхтану соҳибкасб шудан зарур ва ҳатмист. Бонуи соҳибҳунар пешорӯйи каму кости зиндагӣ дасту по гум намекунад ва бо носозиҳои замон мубориза мебарад. Ба қавли маъмул, зани босавод хор намешавад ва дар танҳоӣ ҳам метавонад фарзандони солеҳро тарбия намояд. Зане, ки бо китоб ошноӣ дорад, ҳеҷ гоҳ даст ба худкушӣ зада фарзандони кӯчакашро ҳаволаи тақдир намекунад. Тӯмори бахти зан касбу ҳунар, савод, фарҳангу маърифати ӯст, ки дар тӯли умр аз хатарҳо эмин нигоҳ медорадаш.
Ҷавҳари Саидназар