– Сари мисли қуллаҳои Помир баланд, виҷдони чун чашмаҳои кӯҳистон соф ва дилу дастони тоза сифатҳое ҳастанд, ки ин бонувон бо шарофати заҳмати садоқатмандонаашон барҳақ ба чунин баҳо сазовор гардидаанд. Онҳо некномӣ ва обрӯи баланд аз заҳмат ёфтанд, – мегӯянд сокинони ноҳияи Ишкошим дар бораи собиқадорони меҳнат Бибигулшод Мирҷонова ва Сунбулмоҳ Самадова.
–Ҷавҳари инсонӣ ва сифатҳои касбии ин бонувон дар солҳои душвори тӯфонзои дигаргуниҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ бештар зоҳир шуда, имтиҳоноти таърихро гузашт. Дар урфият мегӯянд, ки „бепир марав“. Бо чунин занони ҳидоятгару маслиҳатдеҳ ва ботадбир, ки зиндагиномаи онҳо намуна ва шоистаи пайравӣ барои дигарон аст, ифтихор дорем ва аз таҷрибаи онҳо дар пешбурди фаъолияти занони ноҳия самаранок истифода мекунем, – изҳор медорад муовини раиси ноҳияи Ишкошим Сайёрамоҳ Замирова.
„Осорхона“-и апаи Сунбулмоҳ
Кӯдакистони маркази ноҳияи Ишкошимро мардум „осорхона“ ва ё „гӯшаи виҷдон“ меноманд. Чунин шуҳрат ба шарофат ва заҳматҳои содиқонаи Сунбулмоҳ Самадова насиб гаштааст, ки муддати қариб 50 сол онро роҳбарӣ кардааст. Бо саъю талошҳои мудир кӯдакистон ободу зебо ва ба яке аз беҳтарин муассисаҳои тарбиявӣ дар вилоят табдил ёфта, боиси ҳайрати бинандагон аст, ки мизу курсӣ, қолинҳои тозаву озода, бозичаҳои қариб ним аср пеш харидшуда дар баробари амволи нав ҳоло ҳам олами кӯдакони ин ҷоро оро медиҳанд.
– Кӯдакистон намунаи барҷастаи муносибати шахси дилсӯзу бовиҷдон ба моликияти ҷамъиятӣ аст. Бо шарофати чунин афроди ангуштшумор дар кишвар моликияти давлатӣ аз талаву тороҷ ҳифз ва бо беҳтар шудани имконияти молӣ ободтару зеботар шуда, дар хидмати мардум қарор гирифт, –мегӯяд сокини солманди ноҳия Акрамхон Мародалиев.
Ба гуфти апаи Сунбулмоҳ вай зеҳнан ҳанӯз ҳам дар даврони бародарӣ ва баробарии собиқ шӯравӣ зиндагӣ мекунаду барояш фардгароӣ бегона аст ва оиди манфиати шахсиаш ҳеҷ гоҳ фикр ҳам накардааст.
„Ба моли мардум, ба амонат хиёнат накардаам, онро ҳифз ва бо виҷдони пок ба давлат супурдам“, – баён медорад мусоҳибам.
Дар ноҳия 5 кӯдакистон аст ва калонтаринаш дар марказ ҷой гирифтааст. Дар баробари сокинони маҳаллӣ кормандони идорӣ аз дигар манотиқи кишвар ва афсарони қисми марзбонии рус ҳам фарзандонашонро барои тарбия ба ин ҷо медоданд. Қариб нисфи сокинони маркази ноҳия ва деҳоти гирду атроф худро фарзандони апаи Сунбулмоҳ мешуморанд. Вай дар кӯчаи маркази ноҳия қадам мезаду роҳгузарон ба ӯ салом медоданд ва дар посух ба алейкашон гоҳ-гоҳе табассум мекард, шояд лаҳзаҳои кӯдакии шахси рӯбарӯомадаро ба ёд меовард. Ана, ин марди тануманди чилсолаи либоси афсари марзбон дар тан кӯдаки лоғар ва назарногире буд, ки ҳангоме волидон ӯро ба кӯдакистон оварданд, бархе аз мураббияҳо ба саломатиаш шубҳа доштанд.
Хонаводаи худи Сунбулмоҳ ҳам шабеҳи як кӯдакистони дигар аст. Вай ба шахсе ба шавҳар баромад, ки занаш бар асари беморӣ фавтида, чор кӯдаки хурдсолаш аз навозиши модар маҳрум монда буданд. Дар зиндагии хушбахтона Худованд 8 фарзанди дигар барояшон ато кард.
Рӯзи аввали ба хонаи шавҳар омадан, фарзандон ӯро модар гуфтанду вай ҳич гоҳ байни онҳову фарзандонаш фарқе нагузошт. Ҳамсояҳо қисса мекунанд, ки фарзандони Сунбулмоҳ аз рӯйи реҷае, ки вай барояшон тартиб дод, амал мекарданд ва ҳар фарзанд медонист, ки чӣ коре бояд анҷом диҳад. Ба андешаи С. Самадова шахсе, ки ба идораи низоми хонавода қодир нест, наметавонад мудирияти муваффақ дошта бошад ва ӯ тамоми кӯшишу ғайраташро барои таълиму тарбияи хонавода ва кӯдакистон равона сохт.
Зане бо иродаи оҳанин
Дар осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Бадахшон қолин ва туҳфаҳои гаронбаҳое ҳастанд, ки онҳоро Бибигулшод Мирҷонова дар солҳои гуногуни дар вазифаҳои масъул кор карданаш ба ин осорхона тақдим намудаст. Чунин туҳфаҳоро одатан мизбонон рӯзҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои дигари сатҳи минтақавӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамҷавори дӯст бо нишони эҳтиром ба роҳбарони ҳайат медоданд ва бархе аз масъулин онҳоро чун моли шахсӣ ба хонаашон мебурданд. Вале Бибигулшод мегӯяд, ки дар симои вай мардуми Бадахшон қадр гардидаасту вай ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ин молро шахсӣ кунад.
–Бо амри тақдир дар солҳои душвортарини ҷанги шаҳрвандӣ дар паҳлуи раиси комитети иҷроияи вилоят Ғарибшоҳ Шаҳбозов дар симати муовин зане ба мисли Бибигулшод Мирҷонова кор мекард, ки шахси хеле босавод буду иродаи оҳанин дошт. Забонҳои русӣ ва ӯзбекиро хуб медонист. Дар мавқеъ ва фикраш устувор буд. Ҳамеша фикр мекунам, ки чаро мухолифини силоҳбадаст ягон бор ҳам нисбати ин зан дурушт рафтор накарданд. Як неруи ниҳоние дар ниҳоди ӯ нуҳуфта буду дар лаҳзаҳои ҳассос зоҳир мешуд. Аз тарафи дигар, ба гумонам дар чеҳра ва рафтору гуфтори ин зани хоксору самимӣ, ки хеле одӣ, либоси миллӣ мепӯшиду бо лаҳни нарм бурро суҳбат мекард, ба ёд меорад он рӯзҳоро Файзи Мирҳасан, собиқ раиси кумитаи радио ва тедевизиони Бадахшон.
Бо ташаббус ва пешниҳоди Б.Мирҷонова ҳавопаймо ва чархболҳои марзбонони рус, ки барои сарбозону афсарон маводи ғизоӣ ва лавозимот интиқол медоданд, барои бозгашти гурезаҳои иҷборӣ ба ҷойҳои муқимии зисташон мавриди истифода қарор гирифтанд. Зеро идомаи муқовимати неруҳои даргир ҳанӯз имконият намедод, ки бозгашти гурезаҳо ба воситаи нақлиёти заминӣ сурат гирад.
Бо ибтикори Б.Мирҷонова ҳамчунин радиомарафони вилоятӣ ба манзури дастгирии иҷтимоии гурезагони иҷборӣ баргузор гардид. Аз маблағи хайрия ба хонаводаҳои зиёди гурезаҳо ёрӣ расонида шуд. Нақл мекунанд, ки оилае барои баргаштан ба ҷойи муқимии зист ба пул эҳтиёҷ пайдо мекунаду ба муовини раис муроҷиат мекунад. Ӯ маоши нав гирифтаашро ба хонаводаи эҳтиёҷманд тақдим менамояд.
Нафароне, ки аз солҳои душвортарини ҷанги шаҳрвандӣ, ноамнӣ ва бесуботии давр ёдовар мешаванд, бар ин боваранд, ки Б. Мирҷонова дар маркази вилоят ба ғайр аз масъулият ва ҳуҷраи корӣ чизе дар бисот надошту вуҷудашро ба кор бахшида буд. Рисолати бар дӯш доштаашро бомуваффақият иҷро намуд ва дар таҳкими сулҳу амният ҳиссаи сазовар гузошта, аз фаъолияти хеш танҳо хотироти нек дар дилҳо боқӣ гузошт.
Оғози роҳи касбӣ барои ин зани сиёсатмадор ҳамвор набуд. Ятими бекасу кӯю аълохони мактаб имконияти таҳсил надошт ва дар колхоз ба кор даромад. Аммо лаёқаташро ба назар гирифта, вайро ба курси муҳосибот тавсия доданд ва довталаб савори мошини боркаш худро аз деҳаи дурдасти ноҳия ба шаҳри Хоруғ расонд. Баъд аз хатм чор сол дар ҷамъияти матлубот кор кард.
Барои роҳхат гирифтан ба Тоҷикматлубот рафт
–Духтарам, Шумо мехоҳед ба институти кооперативии Самарқанд дохил шавед? Бароятон душвор нест магар! Арзи вайро гӯш карда гуфт, нафари масъул. Исрори духтарро дида, барояш роҳхат доданд. Дониши хуб, таҷрибаи корӣ ва тавфиқ мададгор шуданду Бибигулшод донишҷӯ гардид.
Пас аз хатми донишкада ва чанд соли фаъолият дар сохтори ҷамъияти матлубот донишу малака ва қобилияти ташкилотчигиашро дида, Бибигулшодро ба кори ҳизбӣ ва шӯравӣ гузарониданд. Б.Мирҷонова дар вазифаҳои масъул, чӣ дар сатҳи ноҳия ва чӣ вилоят худро чун як зани бориз, ташкилотчӣ, дорои саводи баланди сиёсӣ, коромӯзу кордон, ватандӯсту маърифатпарвар ва масъулиятшинос муаррифӣ кард. Ӯ субот, амният ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро дастоварди бузургтарини даврони истиқлол медонад ва пешравиҳоеро, ки ҷумҳурӣ дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ ноил шудаст, бемисл мешуморад.
Агарчанде Бибигулшод Мирҷонова ва Сунбулмоҳ Самадова айни ҳол бознишаста бошанд ҳам, вале ба ҳайси аъзои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва шӯрои калонсолони ноҳия дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанд. Воқеан, чунин бонувоне, ки сарбаландӣ ва обрӯ аз заҳмати ҳалол ёфтаанд, барои насли ҷавон ҳамеша гуфтание доранд.
Ш. Мирзоҷалол