Ҷаъфари Ҷалол, сароянда:
Хеле муҳим аст, ки зан доно бошад. Агар бону доно бошад, метавонад камбудияшро то ҳадде бипӯшонад. Вале дар баробари доноӣ, дорову зебо бошад, хубтар аст. Зиндагии тӯлонии башарият собит кардааст, ки дороӣ ва зебоӣ на танҳо занон, балки мардонро ҳам ба кӯйи ғурур кашондааст. Таърих кам занону мардони дорову зеборо медонад, ки аз ғурурмандӣ, сарзаниш ва бадбинии тоифаҳои дигар эмин монда бошанд.
Шамсиддин Қурбонов, Директори маркази тиббии "Насл":
Агар манзур аз дороии зан боигарӣ ва аз ҷиҳати молиявӣ муқтадир буданаш бошад, ду чиз дар ин ҷо лағв хоҳад шуд, ҳам зебоӣ ва ҳам доноӣ. Зан, агар доро набошад, пас зебо набошад, чун бе сарват аст, дониш низ надорад. Чаро ки бе пул аст ва табиист, ки шароит надорад ва чун шароит барои ба даст овардани дониш надорад, пас савод низ нест.
Ба хотире ки тавонгарӣ шуур ва ё зеҳнро муайян мекунад, пас асоси ҳамаи ин омил сарват аст. Пас сарват бидуни дониш нест. Хулоса, ин муаммоест пурпечутоб ва агар ҳар бонуи тоҷик ин омилҳоро дошта бошад, муваффақ, хушбахт, соҳиби шавҳар ва фарзандон хоҳад шуд.
Иршод Сулаймонӣ, устоди кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ:
Фикр мекунам, ки барои як зан, хусусан зани тоҷик доноие, ки бо ахлоқ ва иффат пероста бошад, муҳимтар аст. Аз роҳи доноӣ зан метавонад шахсияти худ ва зиндагии худро бисозад ва ба унвони шахсият вориди ҷомеа шавад. Зебоӣ ҳам, алббата, барои як зан лозим аст, вале зебоӣ сифати худодод аст. Аммо ман ҳамчун мард дороии занро чизе болотар аз ахлоқ, иффат ва ақлу фаросаташ намебинам. Вале, агар зан доро бошад ҷойи бадие надорад. Ва агар пеши ман ҳамин гуна суол шавад, ки аз ин се ба яке тарҷеҳ бидиҳед, ҳатман ба донойии зан афзалият қойил мешавам.
Исломи Мирзо, Директори агентии "Точикматбуот" дар минтақаи Кӯлоб:
Барои зан доноӣ ба маънои соҳибҳунару соҳибназар будан аст, агар дониш бошад, зебоӣ ва меъёрҳои инсонӣ пайдо хоҳанд шуд. Кордонӣ, соҳибкасб будан ва дар ҷомеа фаъолият намудан ва бо устувории худ мавқеъ доштан ва бо замона ситеза кардан зебоии олами фонӣ аст. Қабул надорам, ки зан ба зебопарастӣ машғул бошад ва ё ҳамеша дар ин бора фикр ронад. Ҳамин тавр, мардонеро, ки зебоии занонро хуш доранд, қабул надорам. Ин мардонанд, ки ҳамеша занонро ба зебо будан дар зоҳир талқин мекунанд. Аммо зан аз зеботарин офаридаҳои илоҳӣ аст, бояд дар баробари зебоӣ соҳибкасбу устувор буданро дар худ дошта бошанд.
Умарҷони Акрам, тоҷир:
Аслан, ҳастии занро зебоӣ ташкил медиҳад. Зебо будан ҳаваси ҳар бону аст. Агар дар баробари зебо будан, зан доро ва оқил бошад, олӣ хоҳад шуд. Симои инсон инъикоскунандаи ботини ӯст. Агар одам зебо бошад, ботинан низ зебо хоҳад буд. Дороӣ ва доноӣ дар дараҷаи дуюм меистанд. Занро ба хотири зебою нозук буданаш дӯст хоҳанд дошт.
Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи коммуникатсия ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ:
Барои зан пеш аз ҳама ахлоқи накӯ ва фикрронии боадолатона муҳим аст. Вақте зан модар мешавад, барояш дороӣ нақши муҳим мебозад.
Зебоӣ дар ҳар як шахс ҳаст, аммо яке онро нишон медиҳаду дигаре не. Масалан, вақте чеҳраи зеботарин дошта бошиву ба он бедиққат бошӣ, ҳеҷ вақт дар назар зебо наметобӣ. Вале зебоии инсонро бояд мо фарқ кунем, зебоии зоҳириро аз ботинӣ. Ба ақидаи ман, инсон бояд ботинан зебо бошад. Зебоӣ ҳамеша муҳим аст, зеро чашми инсон (асосан мардҳо) ҳамеша зебоиро дидан мехоҳад.
Доно бошӣ соҳиби ҳама чиз мешавӣ, бахусус барои фарзанд ба воя расонидан доноӣ бисёр зарур аст. Агар якчанд касбро донӣ, хор намешавӣ. Дар замони муосир дороӣ бисёр муҳим аст, зеро одамонро аз рӯйи либоспӯшӣ ва дороӣ баҳо медиҳанд: „Бе пул суханат асар надорад…“.
Зафар Абдуалимов, сароянда:
Хеле ва хеле муҳим аст, ки зан доно бошад. Агар зан доно бошад, метавонад камбудиашро то ҳадде бипӯшонад. Вале, агар бар замми доноӣ дорову зебо бошад, хуб аст. Зиндагии тӯлонии башарият собит кардааст, ки дуи ахир, яъне дороӣ ва зебоӣ, на танҳо занон, балки мардонро ҳам ба кӯи ғурур кашондааст. Тақрибан касе аз ин тоифа аз ин мушкил эмин намонда ва то ҳадде ба сарзаниш ва бадбинии мардум рӯ ба рӯ шудаанд. Таърих кам занону мардони дорову зеборо медонад, ки аз ғурурмандӣ, сарзаниш ва бадбинии тоифаҳои дигар эмин монда бошанд.
Шамсиддин Ҳасанов, сохтмончӣ:
Зани хуб роҳати ҷон аст, ҳама медонем,
Зани бад хоки туро безаду ҳам бод кунад.
Дар зиндагӣ, агар бону боақл бошад, медонад, ки бо шавҳар ва аъзои хонаводааш чӣ тавр ҳарф занад. Агар бесавод бошад, дар куҷо ва чӣ тавр ҳарф заданро намедонад. Агар илму ҳунар дошта бошад, зебо ҳам мешавад, соҳиби сарват ҳам. Яъне дар маҷмуъ ҳамаро соҳиб хоҳад гашт.
Таҳияи Раҳимаи Аъзам