Оғоз
Чун маҷаллаи мо барои бонувон аст, бештар атрофи фарҳангу маърифату фазилату маданияти шаҳрнишинии онҳо сари андеша хоҳем рафт. Аввалан, шумори занони аз деҳот омада дар шаҳрҳо бештар мегарданд, аммо на ҳамаи онҳо зуд соҳиби манзили зисти доимӣ ва шароити хуби буду бош мешаванд. Бештари онҳо иҷоранишинанд ва ё дар хобгоҳҳо истиқомат доранд, аммо аз муҳити русто якбора ба муҳити шаҳр ворид шудану одат кардан барояшон мушкил меафтад. Хуб, меоем сари мақсад.
Тарбия
Масъалаи аввалине, ки матраҳ мешавад, таълиму тарбияи фарзандон дар муҳити шаҳр аст. Кӯдакони рустоӣ табиатан аз ҳамсолони шаҳрии худ фарқ доранд. Реҷаи рӯз ҳам тафовут дорад. Кӯдакони рустоӣ дар замин кор мекунанд ва дигар машғулиятҳои вижае доранд, ки дар шаҳр нестанд. Муҳити зиндагии шаҳр бошад, дигар аст. Чун ҳавлиҳои васею барҳавои деҳаро ба муҳити манзилҳои биноҳои баландошёна иваз мекунанд, он ҳама реҷаи қаблӣ мешиканад. Одат кардан барояшон мушкил мешавад. Дар як ошёна, ки тақрибан се-чор оила маскун аст, зиндагӣ қавоиди хоси худро дорад. Вақте аз русто ба шаҳр меоянд, кӯдакон табиатан дар саҳни биноҳо, ошёнаҳо ва паси дарҳои ҳамсояҳо ба бозӣ машғул мешаванд, зеро ба ин одат карда буданд дар деҳот. Дар ин ҳолатҳо шавқуну даву този онҳо оромии атрофро халалдор месозад, аммо модаронашон ба ин аҳамият намедиҳанд. Агар ҳамсояе эрод гирад ва ё оромона бозӣ кардани кӯдаконро хоҳиш намояд, баъзе модарон бо усули маъмулии худ фарзандонашонро „тарбия“ мекунанд. Одатан бо садои баланд, танбеҳи ҷисмонӣ ва доду вой! Баъди ин гуна танбеҳу „тарбия“ боз чанд муддат кӯдакони „бесар“ дар саҳни ҳавлию дохили биноҳо гиряву нола мекунанду сипас ором мешаванд.Ё ин ки то нисфи шаб мусиқиро баланд монда, бо овози басо шунаво хандаю суҳбат кардани ҳамсояҳои „деловою бемаданият“ сокинони дигарро нороҳат месозад.Чунин манзараҳоро анқариб дар аксари биноҳои баландошёна мушоҳида кардан мумкин аст…
Ҳифзи муҳити зист
Истиқомат дар биноҳои серошёнаи шаҳр аз русто фарқ дорад. Шумо инро медонед ва дигарон ҳам, ки аз деҳот ба шаҳр кӯч мебанданд, медонанд, аммо зуд одат намекунанд. Субҳ, вақте аз остонаи манзил ба берун қадам мегузоред ва ё аз даромадгоҳи бино ба кӯча мебароед, ҷо-ҷо халтачаҳои селофании пур аз ахлотпораҳоро паси дар ё саҳни бино паҳну парешон мебинед. Аввалин савол: „Ин кори кӣ бошад?“ ба сар дакка мехӯрад ва посухе намеёбеду бо табъи хира меравед ба кор.Мисли шумо чандин касони дигарро ин ҳолат фаро мегирад.Аз кор бармегардед, боз ҳамон аҳвол. Ҳатто дару деворҳои даромадгоҳҳоро „нақшин“ кардаанд. Боз ҳамон саволи беҷавоб! Мебинед, ки дар саҳни бино занон гурӯҳ- гурӯҳ нишаста чақ-чақ доранду атрофашон кӯдаконашон шавқун…Гоҳ-гоҳе модаронашон онҳоро сарзаниш мекунанду боз ба суҳбати худ андармон мешаванд. Онҳо баъзан соатҳо менишинанду боз дар ин муддат чанд халтачаи семичкаро ҳам тамом мекунанд. Вақте аз ҷой боло мешаванд, атрофашон аз пӯчоқи семичка сап-сафед. Касеро ақли тоза кардани он ба сар намеояд…Мераванд ҳар нафар ба манзили худ… Ана тозагӣ, ана маданияту фаросату ҳифзи муҳити зист! Агар раваду касе аз мо ба ин рафтори онҳо эрод гирем, ҳатман ба „рӯйхати сиёҳи“ онҳо ворид мешавем ва ҳар боре диданд, мавриди муҳокима ва ғайбаташон қарор хоҳем гирифт. Дар деҳот одатан чирку ахлотпораҳои хонаҳоро мерӯбанду аз айвон ба замин ё паси оғилу девори хона мепартоянд. Тағйири ин одат барои баъзе занҳои рустоӣ, ки ба шаҳр кӯчидаанд, душвор будааст. Гоҳе мушоҳида мекунем, ки партовҳои хонаашонро аз остонаи дар берун мепартоянд, яъне ба ҳамон саҳни ҳавлии ошёнаи бино, ки боз чанд каси дигар манзил дорад. Баъзан чизу чораи зиёдатии худро моҳҳо дар ҳамин саҳн мегузоранд. Касе коре надорад. Ҳолатҳои аз ошёнаҳо ба зер партофтани ахлотпораҳо ҳам кам нестанд. Мегӯед,ин кори кӯдакон! Шояд, аммо онҳоро кӣ ёд медиҳаду роҳнамоӣ мекунад? Модаронашон, албатта! Хоҳарон ва бонувони гиромӣ, тасаввур намоед, шумо ҳавлӣ доред ва ҳеҷ боварам намеояд вақте фарзандонатон ахлотпораҳоро рӯйи ҳавлӣ пош диҳанду шумо онҳоро сарзаниш накунед.Занони меҳрубон, кай мо маданияти шаҳрдориро ёд мегирифта бошем? Рӯзе баъд аз даву ғеҷи корӣ ба хона бармегаштам, ки саҳни ҳавлӣ чанд нафар бонуро саргарми суҳбат дидам. Баъд аз муаррифӣ нафаре гуфт: „Хоҳари азиз, солҳои пеш шаҳри Душанбе тозаву озода буд, ин қадар маҳаллаи шумо ифлос аст. Намешавад, ки занон ҷамъ шаванду ҳама ҷойро сарҷамъона тозаву пероста намоянд? Айб аст, охир.“ Баъд аз ин аламам омаду занони маҳалларо ҷамъ намудам,то ҳар рӯзи шанбе барои тоза намудани гирду атроф азм гирем. Ин маслиҳат барояшон хуш наомаду ба шикояти ҳамдигар гузаштанд, ки фалонӣ чанд келину духтар дораду лек фаросати тоза карданро надорад. Барои чӣ фалонӣ барои тоза кардани гирду атроф саҳм намегираду ман тоза кунам. Бо арзу шикоят асаби маро хароб карданд. Агар не, пас, бонувону модарони меҳрубон, бояд ба наздикону фарзандон фаҳмонанд, ки дар шаҳр зиндагӣ дигар аст! Ин ҷо ҳам гап бисёр аст, аммо мегузарем ба масъалаи дигар…
Ёфтану сохтан
Қисмати аввали биноҳои серошёна таъиноти истифодаи умумро доранд, яъне он ҷо мағоза, дорухона, толори варзишӣ ва ё нуқтаҳои дигари хизматрасониҳо сохта мешаванд. Баъзан ашхоси ба истилоҳ „дорандаи“ рустоӣ ин ошёнаҳоро аз худ карда манзили зист месозанду истиқомат мекунанд ва ё ба нафарони дигар мефурӯшанд. Ё қисматҳои дигари биноро бозсозӣ мекунад. Шумо пай бурдед, ки гап сари чӣ аст? Сари ин мавзуъ бо ҳамин ишора иктифо мекунем ва мегузарем ба масъалаи дигар…
Намоиши либосҳо
Гоҳе барои мушоҳида ва тасдиқи андешаҳои болоӣ, ки дар мавриди маданияти шаҳрнишинӣ баён кардем, ба маҳаллаҳои гирду атрофи шаҳр сафар кунед. Дар пешайвонҳо, саҳни ҳавлиҳо, байни биноҳо торҳои зиёде барои хушк кардани либосҳо кашида шудаанд ва ҳама рӯз либосҳои кӯдаконаю мардонаю занона ва ҷиҳози дигар „офтоб мехӯранд“. Ин „эҷод“-и дасти кист? Боз ҳам занон. Заноне, ки аз русто омадаанд ва фарҳанги музофотӣ доранд. Маъзарат мепурсам, ки касе малӯли хотир нашавад, аммо ин акси ҳол аст!
Мӯди рустоӣ ва шаҳрӣ
Шаҳри пурғавғою пурсавдою серодами мо рӯз аз рӯз зебою ороста мегардад. Ҳаваси кас меояд ба гулу гулгаштҳо, биноҳо ва майдонҳою марказҳои фарҳангиаш, аммо гоҳе агар ба симои одамон, сару либосашон назар афканед, намефаҳмед, ки дар куҷо қарор доред! Яке бо сару рӯйи баста, дигаре нимурён, савумӣ дар чашм айнаки калону дар тан майкаву шорт! Гоҳе мебинед, ки нафаре сар то ба по сафедпӯшу тоқӣ дар сар ва дар пой пойафзоли хонагӣ дорад. Гоҳе бонуи арабсуратро мебинеду гоҳе бонуи либоси зебои миллӣ ба барро, гоҳе занеро мебинед, ки либосҳои хонагӣ дар тан бо кӯдаки дар пой пойафзоли резинию дар даст борхалтаи канда, сӯе шитоб дорад. Ин аҳвол дар кӯча, бозор, супермаркетҳо, ошхонаҳо, фурудгоҳ ва ғайра чун навор пеши назаранд. Боз ғизоеро мехӯранду пасмондаашро сари роҳ ба кӯча мепартоянд… Ё муҳобот кардам? Қазоват аз шумост!
Муомила
Шаҳр серодам аст, на мисли рустоҳо, ки аксар ҳамдигарро мешиносанд. Чеҳраҳои ноошно зиёданд дар шаҳр ва гоҳе шоҳиди муомила, гуфтор ва алфозе мешавем, ки ба ақл рост намеояд. Имрӯз гӯё одат шудааст, ки зане аз манзили худ, аз ошёнаи 3 ё 4 сар бурун овардаву бо овози баланд кӯдаки худро фарёд кунад. Агар раваду кӯдакаш гӯш наандозад ва ё якравӣ кунад, дашному дуои бад менамояд. Фарзандонро дуруст тарбият намоед, бонувони гиромӣ. Аз тиреза фарзандонро ба хона даъват накунед, баракс, вақт ёбед барои тарбияи онҳо ва баъд аз хӯроки шом ба сайру гашт бароед. Реҷаи дурустро дар тарбияи фарзандон ва ободии хонадон роҳандозӣ намоед.Барои ин тоифа занон фарқе надорад, ки дар паҳлуяш ва як ошёна поёну боло касони дигаре истиқомат доранду фароғату истироҳат мехоҳанд. Ё модаре кӯдаки гаҳвораашро алла мегӯяду олиме пайи эҷод аст. Ё нафаре бемор асту барояш оромӣ зарур аст. На, ӯ бояд ҳатман аз ошёнаи манзилаш бо доду фарёд кӯдаки саркашашро ҷеғ занаду ёбаду сарзаниш намояд, то ба хона ояд. Ё гоҳе миёни занҳои ҳамсоя аз нофаҳмӣ ҷанҷоле сар мезанад ва ин ҷанҷол аз хона ба саҳни ошёна ва кӯча мерезад. Дар ин ҳолат „тамошобинон“, тарафдорону бетарафон, ҷангандозону оштидиҳандагон дар симои дигар занҳо ба берун мебароянд ва ҳангома авҷ мегирад. Вазъи руҳии дигаронро, ки дар манзилҳояшон нишастаанд, тасаввур мекунед? Гоҳе ин моҷароҳо бо дашному кашокашиҳо ва ҳатто милитсияорӣ соатҳо идома меёбанд. Гоҳе дар бозору фурӯшгоҳҳо ҳам шоҳиди чунин „намоишномаҳо“ мешавем…
Анҷом
Бонувони азиз, ин мушоҳидаҳо ва мулоҳизаҳоро чун „девори намкаш“ ба худ накашед. Дар шаҳр ва рустоҳои мо беҳтарин бонувони зебо, ороста ва бафарҳангу бофазилат зиндагӣ доранд, аммо миёни онҳо занҳое ҳам ҳастанд, ки вақте ба истилоҳ „шаҳрӣ“ шуданд, бояд мис-ли дигар сокинони арзандаи шаҳр қавоиду тартибу низоми буду бошро риоя намоянд, яъне фарҳангу маданияти шаҳрнишиниро омӯзанд. Аз ҳама муҳимаш, рисолати Зан-Модар ва сокини пойтахт будани худро дар ин муҳит бо назардошти ҳама талаботи шаҳрдорию шаҳрнишинӣ донанду шиносанд. Боқӣ, агар касе малӯли хотир шуд, узр, аммо боз андеша кунед, ки дар инсон бояд ҳама чиз зебо бошад: ҳам рафтораш, ҳам гуфтораш ва ҳам симояш! Охир мо омадаем, ки зиндагӣ кунем, на ин ки ба ҳар навъе рӯзгорро паси сар созем!
Шаҳлои НАСРИДДИН