Саргузашти ҷавоне, ки дар борааш нақл хоҳем кард, бори дигар ҳақиқати зиндагиро бароямон ёдрас менамояд, ки:
Ҳар ман хоҳам на ҳамон мешавад,
Ҳар чӣ Худо хост ҳамон мешавад.
Соли 1987 буд, ки дар рӯзномаи маҳаллии ноҳияи Файзобод қиссаи кӯдаки сесолае нашр шуда буд, ки баъди се рӯзи аз хона баромаданаш ӯро дар пайроҳаи кӯҳистон пайдо намуда буданд. Он рӯз Сабзаалии се сола аз паси модаркалонаш роҳи подачароро пеш мегирад. Дар хона зодмандон ба умеди он ки кӯдак ҳамроҳи модаркалонаш ба чарогоҳ рафтааст, модаркалон хотираш осуда аз он ки имрӯз набераи шуху беқарораш дар хона монда, ӯро ташвиш нахоҳад дод. Шомгоҳон вақте кампир аз чарогоҳ бармегардад, аҳли оила мефаҳманд, ки Сабзаалӣ аз саҳари инҷониб бедарак аст. Он шаб аҳли деҳа ба ёрии оилаи Олимиовҳо шитобида, ҳамагӣ дар ҷустуҷӯйи кӯдак мешаванд. Баъди се рӯз мардум аз пайдо намудани Сабзаалӣ ноумед мешаванд, аммо ӯ дар подароҳа роҳгум зада, назди ҷуйи равоне қарор мегирад. Боқӣ Худо медонисту ин тифли се сола, ки се шабонарӯзро дар саҳро танҳо сипарӣ намудааст. Шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки вақте тифлро пайдо намуданд, дар атрофаш се саг гаштугузор мекарданд, ки гӯиё ӯро посбонӣ доштанд. Сабзалӣ бошад гоҳе очаҷон, гоҳе бибиҷон гӯён мегирист, гоҳе бошад машғули хокбозӣ мешуд.
Марде, ки нахустин шуда кӯдакро ёфта буд, нақл мекунад, ки дар пайроҳае саги думашро ликонда, роҳгузарро ишораи сӯйи нишебии роҳ рафтан мекунад. Вақте аз паси саг равон мешаванд, Сабзаалиро пайдо мекунанд, ки сагони дигар атрофаш давр мезаданд.
Чун тифрло ба хонаашон оварданд, модараш гоҳе мегиристу гоҳе аз шодӣ бачаашро ба оғӯш гирифта, сару рӯяшро бӯсаборон мекард.
Аз байни 27 сол гузашт. Акнун он Сабзаалии сесола, ки мардум бо ҳазл Робензон Круззо номаш карда буданд, 30 сола шуд. Сабзаалӣ бо духтари дӯстдоштааш оила барпо намуда, соҳиби се фарзанди дустрӯяк шуда буд. Ӯ ҳар субҳ нахуст аз зодмандон дуои хайр гирифта, баъдан роҳ сӯйи кор мегирифт. Дар самти Файзобод – Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул буд. Оилаи Олимовҳо сазовори эҳтироми аҳли деҳа буданд. Ба хусус фарзанди эшон Сабзаалӣ, ки ҷавони хайрхоҳу дидадаро буд, ҳамагӣ дӯст медоштанд.
Падаркалони оила Исматулло Олимов, аз чеҳраҳои маъруфи маҳал ба ҳисоб меравад, ки Сабзаалии ҷавон бо ӯ ифтихор дошт. Шодравон Исматулло Олимовҳ аз фарзандон бармаҳал ҷудо шуда бошад ҳам, омӯзгор, ки буд ҳикмати луқмаи ҳалолро ба фарзандон мерос гузошт. Ин буд, ки Сабзаалӣ аз набераи Исматуллои муаллим буданаш ифтихор дошту дар зиндагӣ ба ӯ монанд шудан мехост. Хидматҳои шоёни Исматуллоро дар пешрафти соҳаи маориф ба инобат гирифта, мактаби деҳаро ба номи ӯ гузоштаанд, то мардум зиндагиномаи чунин шахсони номбардори миллатро пеши назар оварда, дар тарбияи насли наврас ва хидмат ба халқу ватани хеш саъю кӯшиш намоянд.
Сабзаали шитоб дошт
Ҳафтае пеш аз фалокати мудҳиш тӯйи арӯсии хоҳари Сабзаалӣ баргузор гардид. Наварус, ки нозбӯи хонадон буд, модар мехост ба дидорбиниаш биравад. Сабзаалӣ аз қисмате, ки дар роҳ интизораш буд, бехабар ба модар гуфт: Очаҷон шумо ҳамроҳи келинатон кулча бипазед, ман дар бозгашт аз кор барои хоҳарам ягон тӯҳфаи хубе харида меораму, ҳамроҳ ба дидори арусак меравем.
Пеш аз ба мошин савор шудан писарчаашро, ки ангуштарини арусии модарро бо санг мекуфт, ба оғӯш гирифта, ангуштаринро бо меҳрубонӣ аз дасташ гирифта ба ҳамсараш шухикунон гуфт: «Оишаҷон чанд маротиба гуфтам, ки ангуштарини бахтамонро эҳтиёт кун, ки агар онро аз даст диҳӣ маро ҳам аз даст медиҳӣ»
Вақте ба мошин савор мешуд сӯйи пайвандон табассуми ҷаззобу дилфире кард, ки гӯиё ҳама хушу зиндагӣ дар пеш аст. Дили модар аз чизе дарак ёфта буд, ки аз фарзанд хоҳиш кард; «Писарам, оё намешавад ҳамин рӯз ба роҳ набароӣ дар маҳаллаву хонаҳои баъзе хешовандон тӯю хурсандист».
Мешавад очаҷон аз кор барвақттар омада, ҳам тӯйхонаҳо рафта соҳибҷашнҳоро табрик мекунем, ҳам ба дидори хоҳарам, - гӯён Сабзаалӣ мошинашро ба ҳаракат дароварда равон шуд.
Роҳ ба сӯйи марг
Сабзаалӣ, ки дар самти Файзобод – Душанбе ба мусофирбарӣ машғул буд, имрӯз каме шитоб дошт. Мусофирон аз маркази ноҳияи Файзобод ба мошини ӯ савор шуданду, роҳ сӯйи Душанбе гирифтанд. Аммо дар роҳи ҳудуди Ҷамоати деҳоти Меҳробод ногаҳон аз паси мошини дар самти муқобил меомада, сабукрави дигаре ба сабқат баромаду бо мошини Сабзаалӣ бархурд. Он рӯз дар ноҳияи Файзобод рӯзи мотам буд, зеро шитобу иштибоҳи як ронанда боиси марги 8 нафар шаҳрвандон гардид, ки яке аз онҳо Сабзаалӣ Олимов буд.
Марги Сабзаалӣ орзуҳои аҳли оиларо барбод доду модареро аз фарзанд, бонуеро аз ҳамсар ва фарзандони кӯчакро аз падар барои доимӣ маҳрум кард. Ин шикасти танҳо яке аз оилаҳои он 8 нафар шаҳрвандони ғуррамарги садамаи Файзобод аст.
Дар рӯзи ҷанозаи Сабзаалӣ боз ҳамон гуфтори маъмулии мардум ба гӯш мерасид, ки «Дасти аҷал беҳтаринҳоро гулчин мекунад»
Он рӯз навҳаи модари фарзандгумкарда ба фалак печидаву ҳамсари азизаш худро сарзаниш мекунад, ки натавонист ангуштарини аҳду паймонашонро эҳтиёт намояд.
Модар, ки аз сӯзи ҷигарбанд ақлу ҳуш гум карда буд, болои сари фарзанди беҷон навҳа мекард: «Сабзаали ҷон, бачаи шухи оча, магар саҳар ҳангоми ба кор рафтанат дурӯғам гуфтӣ, ки ҳаёт идома дорад? Замоне, ки ҳамагӣ се сол доштӣ муддати се шабонарӯз дар иҳотаи сагҳои ваҳшӣ зиставу зинда мондӣ, аммо ин чӣ рӯзест, ки шитобон рафтиву ба ҷойи ваъдаҳоят, тани беҷонатро оварданд.
Наход он ҳама орзуву умедҳоятро ба зери хок мебарӣ….
Дар рӯзи мотам модару дигар пайвандони Сабзаалии ғурамарг борон мегиристанду ба нолаву афғони онҳо ҳамсояву дигар аламдорон овоз баланд мекарданд.
Инак рӯзу соатҳо паси ҳам мегузаранд, дӯстону хешу ақрабои оилаи мотамгирифта пайи кору пайкори хеш мешаванд, аммо доғи ҷудоӣ аз Сабзаалии ғурамарг умре дар дили зодмандон, ҳамсару фарзандон ва бародарону хоҳаронаш боқӣ хоҳад монд.
Ҳамин аст ҳикмати зиндагӣ, ки инсон дар пайи амалӣ намудани нақшаву орзуҳои хеш пайваста дар такопуву ҷустуҷӯй аст, аммо умри баъзе инсонҳо ба қавле дар нимароҳи ҳаёт ба охир мерасаду, аз ин олам чашм пӯшиданашон, дарду ғами бузургеро барои азизону пайвандонаш боқӣ мегузорад. Аз Сабзаалии ғурамарг ба ҷузъ андуҳи гарон ба азизонаш хотираҳои неке низ ба ёдгор боқӣ мондааст, ки бо мурури вақт аз онҳо ёдоварӣ шуда, бо дуои хайр руҳашро шод хоҳанд гардонид. Аз ин беш аз дасти мо инсонҳо чӣ ҳам меомад?
Ёдат ба хайр Сабзаалӣ азизу меҳрубони ҳамагон….
Зебо Давлатова